https://sputnik.tj/20260823/malum-tojikiston--nim-sol-nafaqakhuron-pul-pardokht-1079869728.html
Маълум шуд, ки Тоҷикистон дар ним сол ба нафақахӯрон чи қадар пул пардохт кардааст
Маълум шуд, ки Тоҷикистон дар ним сол ба нафақахӯрон чи қадар пул пардохт кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаш моҳи соли 2026 қисми хароҷоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 2 млрду 974,3 млн сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 241,4 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст, мегӯяд Оҷонсии омор
2026-08-23T15:43+0500
2026-08-23T15:43+0500
2026-08-23T15:43+0500
дар тоҷикистон
нафақа
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102925/70/1029257052_0:131:2501:1537_1920x0_80_0_0_05074f582075df86e12981334ac90398.jpg
ДУШАНБЕ, 23 авг - Sputnik. Дар Тоҷикистон пардохтҳои нафақа барои нимаи аввали соли 2026 2,5 млрд сомониро ташкил доданд. Ин маълумотро "Амонатбонк" пешниҳод кардааст. Ғайр аз ин, шумораи бештари нафақаҳо дар Тоҷикистон дар Хатлон пардохта шудааст, ки дар он ҷо дар нимаи аввали сол барои ин мақсадҳо 867,7 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст. Ҳаҷми камтарини пардохтҳои нафақа дар Кӯҳистони Бадахшон бо 99,6 млн сомонӣ анҷом дода шудааст. Тақсимоти пардохтҳо аз рӯи минтақаҳоро дар инфографикаи Sputnik Tajikistan бубинед.Дар вилояти Суғд 741,8 млн сомонӣ, дар Душанбе - 337,1 млн ва дар ноҳияҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ - 423,7 млн сомонӣ пардохта шудааст. Дар маҷмӯъ, айни замон дар кишвар 876,6 ҳазор шаҳрванд нафақа мегиранд. Хотиррасон бояд кард, ки маблағи пардохтҳо дар ҳамин давраи соли 2025 ба 2,4 млрд сомонӣ расид. Ҷилавгирӣ аз нафақаи фавтидаҳо: дар Тоҷикистон барномаи “Пули ҳушманд” роҳандозӣ шудТибқи маълумоти расмӣ, то 1 майи соли 2026, нафақаи миёна дар кишвар, бо назардошти пардохтҳои суғуртавӣ, 513 сомонӣ, нафақаи меҳнатӣ 646 сомонӣ ва нафақаи иҷтимоӣ 355 сомониро ташкил медиҳад. Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулиҳои онҳо ва нафақаи асосӣ бояд ба андозаи 15% индексатсия карда шаванд. Фармони дахлдорро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имзо кардааст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102925/70/1029257052_138:0:2361:1667_1920x0_80_0_0_f8adef375aeb3e904b72671141b992aa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, нафақа, иҷтимоъ
дар тоҷикистон, нафақа, иҷтимоъ
Маълум шуд, ки Тоҷикистон дар ним сол ба нафақахӯрон чи қадар пул пардохт кардааст
Дар шаш моҳи соли 2026 қисми хароҷоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 2 млрду 974,3 млн сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 241,4 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст, мегӯяд Оҷонсии омор
ДУШАНБЕ, 23 авг - Sputnik. Дар Тоҷикистон пардохтҳои нафақа барои нимаи аввали соли 2026 2,5 млрд сомониро ташкил доданд.
Ин маълумотро "Амонатбонк" пешниҳод кардааст.
Ғайр аз ин, шумораи бештари нафақаҳо дар Тоҷикистон дар Хатлон пардохта шудааст, ки дар он ҷо дар нимаи аввали сол барои ин мақсадҳо 867,7 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Ҳаҷми камтарини пардохтҳои нафақа дар Кӯҳистони Бадахшон бо 99,6 млн сомонӣ анҷом дода шудааст.
Тақсимоти пардохтҳо аз рӯи минтақаҳоро дар инфографикаи Sputnik Tajikistan бубинед.
Дар вилояти Суғд 741,8 млн сомонӣ, дар Душанбе - 337,1 млн ва дар ноҳияҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ - 423,7 млн сомонӣ пардохта шудааст.
Дар маҷмӯъ, айни замон дар кишвар 876,6 ҳазор шаҳрванд нафақа мегиранд. Хотиррасон бояд кард, ки маблағи пардохтҳо дар ҳамин давраи соли 2025 ба 2,4 млрд сомонӣ расид.
Тибқи маълумоти расмӣ, то 1 майи соли 2026, нафақаи миёна дар кишвар, бо назардошти пардохтҳои суғуртавӣ, 513 сомонӣ, нафақаи меҳнатӣ 646 сомонӣ ва нафақаи иҷтимоӣ 355 сомониро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулиҳои онҳо ва нафақаи асосӣ бояд ба андозаи 15% индексатсия карда шаванд. Фармони дахлдорро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имзо кардааст.