Ҷилавгирӣ аз нафақаи фавтидаҳо: дар Тоҷикистон барномаи “Пули ҳушманд” роҳандозӣ шуд

© Sputnik Таджикские сомони
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2026
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон зарфи ним соли гузашта беш аз 2,6 млрд сомонӣ нафақа пардохт шуда, дар айни замон дар ҷумҳурӣ қарздорӣ аз пардохти нафақа вуҷуд надорад
ДУШАНБЕ, 9 авг - Sputnik. Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Тоҷикистон назорат ба пардохти нафақаро ҷиддитар мекунад.
Яке аз чораҳои назоратӣ роҳандозии барномаи “Пули ҳушманд” мебошад, гуфт раҳбари ин ниҳод Абдураҳмон Ҳалимзод зимни нишати хабарие.
Ӯ афзуд, ки барнома дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ роҳандозӣ шуда, он имкон дорад, ки бақайдгирӣ ва муайян намудани далели фавти шаҳрвандон ва ба ин васила ба таври автоматӣ боздошт ва қатъ намудани пардохти нафақаи онҳоро ба роҳ монад.
Ба гуфтаи ӯ, “Пули ҳушманд” имкон медиҳад, ки пардохти нафақа фавран боз дошта шуда, мушкилоте, ки солҳои зиёд дар самти сари вақт қатъ намудани пардохти нафақа пас аз фавти нафақагир идома меёфтанд, аз байн раванд.
Ҳамзамон ба гуфти Ҳалимзод аз тарафи Агентӣ дар доираи ҳамкории судманд бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ барномаи “Феҳристи ягонаи давлатии нафақагирон” таҳия гардид.
“Барномаи мазкур ба беҳтар намудани хидматрасонӣ, таъмини шаффофият дар самти ҷамъбасти талаботи нафақа ва тезондани муҳлати пардохти он, инчунин аз байн бурдани ҳолатҳои аз ду ҷой гирифтани нафақа мусоидат менамояд”, — иброз дошт директори Агнетӣ.
Тибқи додаҳои ин ниҳод, дар шаш моҳи соли 2026 қисми хароҷоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 2 миллиарду 974,3 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 241,4 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2026
Маошу нафақа ва стипендияҳо зиёд мешаванд: Раҳмон фармонро имзо кард
Дар ин давра маблағгузории пардохти нафақа ба андозаи 2 миллиарду 684,1 миллион сомонӣ таъмин гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 198,4 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ қарздорӣ аз пардохти нафақа вуҷуд надорад.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки хароҷоти маблағҳои андози иҷтимоӣ барои пардохти кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар корхонаву муассисаҳои ҷумҳурӣ дар шаш моҳи соли 2026 аз рӯи маълумоти пешакӣ дар маҷмуъ 267,6 миллион сомониро ташкил додааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 34,1 миллион сомонӣ зиёд аст.
Лентаи хабарҳо
0