https://sputnik.tj/20260823/jalb-sarmoyaguzoron-moi-sughd-tojiron-sabukiho-nav-peshnihod-1079870316.html
Барои ҷалби сармоягузорон: МОИ "Суғд" ба тоҷирон сабукиҳои нав пешниҳод карданист
Барои ҷалби сармоягузорон: МОИ "Суғд" ба тоҷирон сабукиҳои нав пешниҳод карданист
Sputnik Тоҷикистон
МОИ "Суғд" аз фаъолтарин манотиқи озоди иқтисодии кишвар нақша дорад, ки сабукиҳоро барои корхонаҳояш тавсеъа диҳад
2026-08-23T16:45+0500
2026-08-23T16:45+0500
2026-08-23T16:45+0500
суғд
иқтисод
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/03/1064182245_90:167:2730:1652_1920x0_80_0_0_f547668115558ab16d6aa21b2500b639.jpg
ДУШАНБЕ, 23 авг - Sputnik. Раҳбарияти Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” барои ҷалби бештари сармоягузорон сабукиҳоро рӯйи даст гирифтааст.Дар ин бора Муҳаммад Муҳаммадзода, роҳбари МОИ вилояти замини нишасти хабарияш иттилоъ дод.Ӯ гуфт, ки барои таваҷҷуҳи сармоягузоронро ҷалб кардан арзиши замини иҷораро арзон карданд.Бо ин мақсад, минтақа арзиши иҷораи як метри мураббаъ заминашро ду баробар арзон карда, аз як доллар ба ним доллар поин овард, гуфт ӯ.Тадбир ба гуфтаи номбурда, барои ҷалби бештари соҳибкорону сармоягузорон андешида шуд. Муҳаммадзода таъкид кард, ки ҳоло як сабукии андозии дигарро талош доранд ҷорӣ кунанд.Ин ба таъкиди вай, ба корхонаҳое дахл хоҳад кард, ки маҳсулоти воридотивазкунанда истеҳсол мекунанд.Ба гуфтаи вай, пешниҳод дар баррасии ҳукумат аст ва агар тасдиқ шавад як дастгирии ниҳоят хуб хоҳад шуд.Тибқи иттилои маъмурияти МОИ, дар нимсолаи аввали соли 2026 шумораи корхонаҳои ба қайд гирифташуда дар вилояти Суғд боз чаҳор адади дигар афзоиш ёфт. Ҳоло шумораи онҳо ба 52 адад расидааст. Аз ин шумора 27 корхонаи саноатӣ пурра фаъол, 15 корхонае, ки ҳанӯз дар ҳоли сохтмон қарор доранд ва12 корхонае, ки аллакай фаъолияташонро қатъ кардаанд.Муҳаммадзода ҳамчунин афзуд, ки ин минтақаи иқтисодӣ барандаи озмуни бонуфузи "ТОП-35 шарикони боэътимоди сол" гардид,ки онро ҳамасола ҳукумати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ баргузор мекунад."Мукофот аз муваффақияти маъмурияти МОИ дар рушди соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ дар кишвар ва ҷалби сармояи шаҳрвандон ва ташкилотҳо шаҳодат медиҳад", - қайд кард директори генералӣ.Ба гуфтаи Муҳаммадзода, дастовардҳои субъектҳои он дар нимсолаи аввал назаррас буданд. Корхонаҳои саноатие, ки дар минтақаи иқтисодӣ фаъолият мекунанд, ба маблағи 290 миллион сомонӣ маҳсулот содир кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 15,4 % зиёд аст. Дар қатори кишварҳое, ки маҳсулоти МОИ “Суғд” ба онҳо содирот мегардад, Русия, Беларус, Қазоқистон, Ироқ, Туркия ва Узбекистон мебошанд.
https://sputnik.tj/20260818/tojikiston-mintaqai-ozodi-iqtisodii-sugd-tavsea-1079746916.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/03/1064182245_243:33:2609:1807_1920x0_80_0_0_d521dbf1e2725bc5f9f871c62c777717.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суғд, иқтисод, дар тоҷикистон
суғд, иқтисод, дар тоҷикистон
Барои ҷалби сармоягузорон: МОИ "Суғд" ба тоҷирон сабукиҳои нав пешниҳод карданист
МОИ "Суғд" аз фаъолтарин манотиқи озоди иқтисодии кишвар нақша дорад, ки сабукиҳоро барои корхонаҳояш тавсеъа диҳад
ДУШАНБЕ, 23 авг - Sputnik. Раҳбарияти Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” барои ҷалби бештари сармоягузорон сабукиҳоро рӯйи даст гирифтааст.
Дар ин бора Муҳаммад Муҳаммадзода, роҳбари МОИ вилояти замини нишасти хабарияш иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ки барои таваҷҷуҳи сармоягузоронро ҷалб кардан арзиши замини иҷораро арзон карданд.
Бо ин мақсад, минтақа арзиши иҷораи як метри мураббаъ заминашро ду баробар арзон карда, аз як доллар ба ним доллар поин овард, гуфт ӯ.
Тадбир ба гуфтаи номбурда, барои ҷалби бештари соҳибкорону сармоягузорон андешида шуд.
Муҳаммадзода таъкид кард, ки ҳоло як сабукии андозии дигарро талош доранд ҷорӣ кунанд.
Ин ба таъкиди вай, ба корхонаҳое дахл хоҳад кард, ки маҳсулоти воридотивазкунанда истеҳсол мекунанд.
"Яъне агар маҳсулоти корхонаҳо 80% воридотивазкунанда бошанд, аз андоз аз арзиши иловашуда озод хоҳанд шуд",- афзуд раҳбари МОИ.
Ба гуфтаи вай, пешниҳод дар баррасии ҳукумат аст ва агар тасдиқ шавад як дастгирии ниҳоят хуб хоҳад шуд.
Тибқи иттилои маъмурияти МОИ, дар нимсолаи аввали соли 2026 шумораи корхонаҳои ба қайд гирифташуда дар вилояти Суғд боз чаҳор адади дигар афзоиш ёфт. Ҳоло шумораи онҳо ба 52 адад расидааст. Аз ин шумора 27 корхонаи саноатӣ пурра фаъол, 15 корхонае, ки ҳанӯз дар ҳоли сохтмон қарор доранд ва12 корхонае, ки аллакай фаъолияташонро қатъ кардаанд.
Муҳаммадзода ҳамчунин афзуд, ки ин минтақаи иқтисодӣ барандаи озмуни бонуфузи "ТОП-35 шарикони боэътимоди сол" гардид,ки онро ҳамасола ҳукумати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ баргузор мекунад.
"Мукофот аз муваффақияти маъмурияти МОИ дар рушди соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ дар кишвар ва ҷалби сармояи шаҳрвандон ва ташкилотҳо шаҳодат медиҳад", - қайд кард директори генералӣ.
Ба гуфтаи Муҳаммадзода, дастовардҳои субъектҳои он дар нимсолаи аввал назаррас буданд. Корхонаҳои саноатие, ки дар минтақаи иқтисодӣ фаъолият мекунанд, ба маблағи 290 миллион сомонӣ маҳсулот содир кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 15,4 % зиёд аст.
Дар қатори кишварҳое, ки маҳсулоти МОИ “Суғд” ба онҳо содирот мегардад, Русия, Беларус, Қазоқистон, Ироқ, Туркия ва Узбекистон мебошанд.