Дар Тоҷикистон нақша доранд, ки ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”-ро тавсеа диҳанд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПредприятие "Сайри Согд" в городе Худжанд
Предприятие Сайри Согд в городе Худжанд  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2026
Обуна шудан
Шумораи нафароне, ки мехоҳанд аз имтиёзҳои махсуси иқтисодии аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон додашуда истифода баранд, афзоиш меёбад
ДУШАНБЕ, 18 авг - Sputnik. Ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии (МОИ) Суғд метавонад то беш аз 270 гектар васеъ шавад.
Инро директори генералии он Муҳаммад Муҳаммадзода эълон кард.
Қайд карда мешавад, ки роҳбарият бо назардошти афзоиши теъдоди сармоягузорони эҳтимолӣ, ки мехоҳанд маблағҳои назаррасро дар лоиҳаҳои иқтисодӣ сармоягузорӣ кунанд, аллакай ба ҳукумати Тоҷикистон дархост барои ҷудо кардани замини иловагӣ пешниҳод кардааст.
"Вақтҳои охир мо аз соҳибкорон ва сармоягузорон дархостҳои бештар мегирем, зеро онҳо медонанд, ки дастгирӣ ва имтиёзҳо ҳангоми таъсиси тиҷорат то чӣ андоза муҳиманд. Дар дохили Минтақаи озоди иқтисодӣ соҳибкорон аз ҳама гуна андозҳо ба истиснои андозҳои иҷтимоӣ ва даромад озоданд ва онҳо ҳақ доранд, ки таҷҳизот, ашёи хом ва маҳсулоти тайёрро бидуни боҷ ворид кунанд", - гуфт Муҳаммадзода зимни нишасти матбуотӣ.
Ба гуфтаи ӯ, чанд рӯз пештасмим гирифта шуд, ки қимати иҷораи як метри мураббаъ замин, ки баробари як доллар буд, ду баробар коҳиш дода шавад. Ҳоло арзиши як метри мураббаъ 50 сент аст. Интизор меравад, ки ин омил барои рушди истеҳсолот низ муҳим аст.
Тибқи иттилои маъмурияти МОИ, дар нимсолаи аввали соли 2026 шумораи корхонаҳои ба қайд гирифташуда дар вилояти Суғд боз чаҳор адади дигар афзоиш ёфт. Ҳоло шумораи онҳо ба 52 адад расидааст. Аз ин шумора 27 корхонаи саноатӣ пурра фаъол, 15 корхонае, ки ҳанӯз дар ҳоли сохтмон қарор доранд ва12 корхонае, ки аллакай фаъолияташонро қатъ кардаанд.
Производство в СЭЗ Куляб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2026
Дар МОИ Тоҷикистон 10%-и ширкатҳо бо саҳми Русия фаъолият доранд
Муҳаммадзода ҳамчунин афзуд, ки ин минтақаи иқтисодӣ барандаи озмуни бонуфузи "ТОП-35 шарикони боэътимоди сол" гардид,ки онро ҳамасола ҳукумати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ баргузор мекунад.
"Мукофот аз муваффақияти маъмурияти МОИ дар рушди соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ дар кишвар ва ҷалби сармояи шаҳрвандон ва ташкилотҳо шаҳодат медиҳад", - қайд кард директори генералӣ.
Ба гуфтаи Муҳаммадзода, дастовардҳои субъектҳои он дар нимсолаи аввал назаррас буданд. Корхонаҳои саноатие, ки дар минтақаи иқтисодӣ фаъолият мекунанд, ба маблағи 290 миллион сомонӣ маҳсулот содир кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 15,4 % зиёд аст. Дар қатори кишварҳое, ки маҳсулоти МОИ “Суғд” ба онҳо содирот мегардад, Русия, Беларус, Қазоқистон, Ироқ, Туркия ва Узбекистон мебошанд.
Образцы продукции предприятия Саири Согд в Согдийской свободной экономической зоне.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2026
"Суғд" пешсаф: эълони ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ дар МОИ Тоҷикистон
"Ин яке аз беҳтарин нишондиҳандаҳо дар кишвар аст. Ҳаҷми сармоягузорӣ низ афзоиш ёфтааст, ки ин далели хоҳиши сармоягузорон барои ҳамкорӣ бо мо мебошад", - таъкид кард ӯ.
Муҳаммадзода қайд кард, ки роҳбарияти Минтақаи озоди иқтисодӣ дар нақша дорад, ки созишномаҳои нав бо субъектҳои иқтисодии кишварҳои ИДМ, ки иштироки намояндагони онҳо дар форуми махсусгардонидашуда дар Гулистон рӯзи 27 август дар назар аст, ба имзо расонад.
Лентаи хабарҳо
0