Вазорати хориҷаи Русия аз эҳтимоли зиёдшавии сафи нозирони нав дар ИИАО хабар дод

© Foto / ЕАЭСФлаги стран-учасрниц ЕАЭС
Флаги стран-учасрниц ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2026
Обуна шудан
Ба гуфтаи муовини вазири корҳои хориҷии Русия ҳадафи асосии ИИАО дар чунин шароит нигоҳ доштани иттиҳод бо назардошти мавқеи Арманистон аст
ДУШАНБЕ, 22авг - Sputnik. Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Александр Панкин дар сӯҳбат бо "Известия" эълон кард, ки якчанд кишвар метавонанд ба Иттиҳодияи иқтисоджии АвруОсиё (ИИАО) ҳамчун нозир ҳамроҳ шаванд.
Айни замон Ӯзбекистон, Куба ва Эрон мақоми нозирро доранд. Се кишвари дигар бо ИИАО созишномаи тиҷорати озодро имзо кардаанд: Ветнам, Сингапур ва Сербия.
Панки таъкид кард, ки мақоми нозир як қадами асосан рамзӣ аст. Он ба дигар давлатҳо уҳдадорӣ намегузорад ва инчунин барои худи созмон ягон бори иловагӣ эҷод намекунад.
"Ин бештар як қадам ба сӯи амиқтар кардани ҳамкорӣ аст, на ба сӯи пайвастан ба ин иттиҳод ва риояи ҳама қоидаҳои фаромиллӣ", - изҳор дошт ӯ.
Президент Владимир Путин қаблан изҳор дошт, ки ҳамгироии иқтисодӣ барои ҳар як кишвари узви ИИАО манфиатҳои воқеӣ меорад.
Председатель Коллегии ЕЭК Бакытжан Сагинтаев провел встречу с министром иностранных дел Королевства Таиланд Сихасаком Пхуангкеткеоу.   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2026
Таиланд метавонад шарики рақамии ИИАО шавад
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.
Лентаи хабарҳо
0