Таиланд метавонад шарики рақамии ИИАО шавад

© Foto / Пресс-служба ЕЭКПредседатель Коллегии ЕЭК Бакытжан Сагинтаев провел встречу с министром иностранных дел Королевства Таиланд Сихасаком Пхуангкеткеоу.
Председатель Коллегии ЕЭК Бакытжан Сагинтаев провел встречу с министром иностранных дел Королевства Таиланд Сихасаком Пхуангкеткеоу.   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2026
Обуна шудан
Ҳамкорӣ дар доираи АСЕАН додугирифтро тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 21 авг - Sputnik. Гардиши мол байни кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ва Таиланд афзоиш меёбанд
ИИАО ва Таиланд имкониятҳои нави рушдро, пеш аз ҳама дар соҳаи рақамикунонӣ, логистика ва энергияи сабз, баррасӣ доранд.
Пас аз мулоқоти раиси Раёсати Комиссияи иқтисодии АвруОсиё (КИАО) ва Сихасак Фуангкеткеов, муовини сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Таиланд, ҷонибҳо таваҷҷуҳи мутақобилаи худро барои татбиқи ташаббусҳои муштараки иқтисодӣ тасдиқ карданд.
Ҷонибҳо қайд карданд, ки гардиши мол дар моҳҳои январ-майи соли 2026 аз 1 миллиард доллар гузашт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20% афзоишро нишон медиҳад.
"Рақамӣкунонӣ соҳаест, ки ҳамкории иқтисодии кишварҳои ИИАО ва Таиландро боло хоҳад бурд", - изҳор дошт Бакитҷон Сагинтаев.
Тибқи иттилои сомонаи Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, 13 август дар қароргоҳи Комиссияи иқтисодии АвруОсиё мулоқоти кории байни Бахитҷон Сагинтаев ва Сихасак Фуангкеткеов, муовини сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Таиланд баргузор гардид.
Заливка нефтепродуктов в танкеры на распределительно-перевалочном комплексе ЛУКОЙЛ-II на острове  Высоцкий Ленинградской области.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2026
Оверчук: хариди сӯзишворӣ аз Русия барои кишварҳои ИИАО то ҳол фоидаовартар аст
Ҷонибҳо натиҷаҳо ва дурнамои ҳамкорӣ тибқи Ёддошти тафоҳуме, ки соли 2018 имзо шуда буд, баррасӣ карданд.
Аз январ то майи соли 2026 гардиши мол байни кишварҳои ИИАО ва Таиланд беш аз 1 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 20% афзоишро нишон медиҳад.
Ин нишондиҳандаи идомаи тамоюли мусбат дар муносибатҳои иқтисодии дуҷониба мебошад.
Лентаи хабарҳо
0