Санкт-Петербург бо Тоҷикистон барои ҷалби муҳоҷирони корӣ санади ҳамкорӣ имзо кард

© Foto / Представительство РТ в РФ по миграции Заседание рабочей группы Агентства по трудоустройству за рубежом Республики Таджикистан и Комитета по международному сотрудничеству Санкт-Петербурга.
 Заседание рабочей группы Агентства по трудоустройству за рубежом Республики Таджикистан и Комитета по международному сотрудничеству Санкт-Петербурга. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2026
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон бо мақомот Санкт-Петербург барои ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар ин минтақа ба тавофуқ расиданд
ДУШАНБЕ, 22 авг - Sputnik. Созишномаи ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи мусоидат ба муҳоҷирати меҳнатии байналмилалии шаҳри Санкт Петербург ва корфармоёни алоҳида, аз қабили: ҶДММ "Мастер принт", ҶСП "Березовское", ҶДММ "Инжиниринг СВ" ва СИ "Шопен Дмитрий Алексеевич" ба имзо расонида шуд.
Дар ин бора Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия хабар дод.
Ба иттилои Намояндагӣ бо мақсади татбиқи Созишномаи байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Русия дар бораи сафарбаркунии муташаккилонаи шаҳрвандони кишвар барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Русия вохӯрии гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии директори Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”-и Вазорати меҳнат ва муовини Кумитаи ҳамкориҳои байналмилалии мақомоти шаҳри Санкт Петербург баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаи бокортаъминкунии муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Санкт Петербург ва вилояти Ленинград баррасӣ гардид.
Работы по благоустройству Москвы. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2026
Мақомоти Тоҷикистон аз шаҳрвандон хостаанд пеш аз муҳоҷират ба хориҷ касб омӯзанд
Инчунин, дар доираи сафари корӣ аз Маркази муҳоҷирати "Южный", ки ба шаҳрвандони хориҷӣ барои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои будубоши қонунӣ дар ҳудуди шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград хизматрасонӣ мерасонад, боздид карда шудааст.
Дар нимаи аввали соли 2026 шумори сафарҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия бо мақсади кор тақрибан 18% коҳиш ёфта, ба 495,5 ҳазор расид.
Лентаи хабарҳо
0