Имзои санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Туркманистон

© Foto / Пресс-служба МИД ТаджикистанаОфициальный визит министра иностранных дел Таджикистана Сироджиддина Мухриддина в Туркменистан.
Официальный визит министра иностранных дел Таджикистана Сироджиддина Мухриддина в Туркменистан.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2026
Обуна шудан
Тоҷикистону Туркманистон тадбирҳои мушаххасро ҷиҳати идомаи рушди ҳамкориҳои зич вобаста ба доираи васеи масъалаҳои рӯзномаи дуҷониба муайян карданд
ДУШАНБЕ, 22 авг - Sputnik. Дар Ишқобод барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон барои солҳои 2027–2028 ба имзо расид.
Дар ин бора хадамоти матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои вазорат санади мазкур дар доираи сафари расмии вазири хориҷаи Тоҷикистон ба Туркманистон ба имзо расидааст.
Дар ин сафар Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини Раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов ва раисҷумҳури ин кишвар Сардор Бердимуҳаммедов дидору музокирот кард.
Зимни мулоқотҳо ҷонибҳо вазъ ва дурнамои рушди минбаъда ва таҳкими шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистону Туркманистонро муҳокима намуда, тадбирҳои мушаххасро ҷиҳати идомаи рушди ҳамкориҳои зич вобаста ба доираи васеи масъалаҳои рӯзномаи дуҷониба муайян карданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин рӯзномаи дуҷониба ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои сиёсӣ ва дипломатиро баррасӣ карданд.
Самаранокии ҳамкорӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид қайд карда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаммуаллифи беш аз 30 қатъномае мебошад, ки бо ташаббуси Туркманистон қабул шудаанд.
Флаги стран Центральной Азии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2026
Тоҷикистону Туркманистон ҳамкориҳои кишоварзӣ, энергетикӣ ва логистикиро тақвият медҳанд
Таваҷҷуҳи хос дар гуфтугӯҳо ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва афзоиши гардиши мол зоҳир карда шуд.
Дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ, тиҷорат ва сармоягузорӣ низ баррасӣ шуд.
Такмили шарикии иқтисодӣ қайд карда шуд. Имсол дар Душанбе ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Туркманистон ва Тоҷикистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ ва ҷаласаи дуюми Шӯрои тиҷоратии Туркманистон ва Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҷонибҳо инчунин ҳамкориҳои фарҳангӣ ва башардӯстона ва фаъолиятҳои муштаракро барои ояндаи наздик баррасӣ карданд.
Пас аз машваратҳо, тарафҳо ба тақвияти муносибатҳои дӯстонаи байни ду кишвар таъкид карданд.
Лентаи хабарҳо
0