https://sputnik.tj/20260821/tojikistonu-turkmaniston-hamkoriho-kishovarzi-energetiki-logistiki-1079834117.html
Тоҷикистону Туркманистон ҳамкориҳои кишоварзӣ, энергетикӣ ва логистикиро тақвият медҳанд
Тоҷикистону Туркманистон ҳамкориҳои кишоварзӣ, энергетикӣ ва логистикиро тақвият медҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Туркманистон дар дидор бо вазири хориҷаи Тоҷикистон масъалаи рушди ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ кард
2026-08-21T17:41+0500
2026-08-21T17:41+0500
2026-08-21T17:41+0500
дар тоҷикистон
туркманистон
ҳамкорӣ
сиёсат
тиҷорат
сардор бердимуҳаммадов
сироҷиддин муҳриддин
ҳамкорӣ
равобит
логистика
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/06/1057577463_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_0da7e537a065cd86215a0d29eb589f7d.jpg
ДУШАНБЕ, 21 авг - Sputnik. Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин, ки имрӯзҳо дар пойтахти Туркманистон бо сафари расмӣ ҳузур дорад, дидору гуфтугӯ кардааст.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои вазорат зимни мулоқот тарафҳо зарурати рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Туркманистонро, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, нақлиётӣ-коммуникатсионӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ таъкид намуданд.Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуоти раисҷумҳури Туркманистон хабар додааст, ки дар мулоқот президенти Туркманистон ва вазири хориҷаи Тоҷикистон дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карда, бори дигар таъкид карданд, ки онҳо барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона байни ду кишвар талош хоҳанд кард.Вазири хориҷаи Тоҷикистон дар ин дидор таъкид кардааст, ки Туркманистон яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ боқӣ мемонад.Ҳарду ҷониб аз ҳамкории хуб дар СММ, ИДМ, ЭКО ва дар доираи формати "Осиёи Марказӣ + Озарбойҷон" (C5+1) қайд карданд.Президенти Туркманистон хотиррасон кард, ки имсол кишвар раёсати ИДМ-ро ба ӯҳда дорад ва Минтақаи миллии сайёҳии Аваза мизбонии ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ, инчунин ҷаласаи машваратии роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон хоҳад буд.Дар ин дидор ҳамчунин ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, бахусус кори Комиссияи муштараки байниҳукуматии Туркманистон ва Тоҷикистон, таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.Тарафҳо дар ин дидор ба густариши тиҷорат ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика ва логистика таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.Ба гуфтаи Сердар Бердимуҳаммадов, энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ самтҳои умедбахши ҳамкорӣ боқӣ мемонанд.Ҷонибҳо инчунин ба аҳамияти робитаҳои фарҳангӣ ва башардӯстона байни мардуми ду кишвар таъкид карда, нияти худро барои идома додани ташкили чорабиниҳои муштарак изҳор доштанд.Дар ҳамон рӯз дар пойтахти Туркманистон машваратҳои сиёсии байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ баргузор шуданд.Пас аз музокирот, Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Туркманистон ва Тоҷикистон барои солҳои 2027-2028 ба имзо расид.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/55848
https://sputnik.tj/20260818/vazorati-naqiyot-eron-mavodi-sukht-vorid-mekkunem-1079753725.html
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/06/1057577463_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_10a090c7cdb8b714438e6a0260dce582.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, туркманистон, ҳамкорӣ, сиёсат , тиҷорат, сардор бердимуҳаммадов, сироҷиддин муҳриддин, ҳамкорӣ, равобит, логистика
дар тоҷикистон, туркманистон, ҳамкорӣ, сиёсат , тиҷорат, сардор бердимуҳаммадов, сироҷиддин муҳриддин, ҳамкорӣ, равобит, логистика
Тоҷикистону Туркманистон ҳамкориҳои кишоварзӣ, энергетикӣ ва логистикиро тақвият медҳанд
Президенти Туркманистон дар дидор бо вазири хориҷаи Тоҷикистон масъалаи рушди ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 21 авг - Sputnik. Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин, ки имрӯзҳо дар пойтахти Туркманистон бо сафари расмӣ ҳузур дорад, дидору гуфтугӯ кардааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои вазорат зимни мулоқот тарафҳо зарурати рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Туркманистонро, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, нақлиётӣ-коммуникатсионӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ таъкид намуданд.
“Дар ин дидору мулоқот изҳори итминон карда шуд, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории стратегӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон минъбад низ ба манфиати мардумони ду кишвари бародар пайваста рушд хоҳанд ёфт”, - гуфт ВУХ Тоҷикистон.
Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуоти раисҷумҳури Туркманистон хабар додааст, ки дар мулоқот президенти Туркманистон ва вазири хориҷаи Тоҷикистон дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карда, бори дигар таъкид карданд, ки онҳо барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона байни ду кишвар талош хоҳанд кард.
Вазири хориҷаи Тоҷикистон дар ин дидор таъкид кардааст, ки Туркманистон яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ боқӣ мемонад.
Ҳарду ҷониб аз ҳамкории хуб дар СММ, ИДМ, ЭКО ва дар доираи формати "Осиёи Марказӣ + Озарбойҷон" (C5+1) қайд карданд.
Президенти Туркманистон хотиррасон кард, ки имсол кишвар раёсати ИДМ-ро ба ӯҳда дорад ва Минтақаи миллии сайёҳии Аваза мизбонии ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ, инчунин ҷаласаи машваратии роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон хоҳад буд.
Дар ин дидор ҳамчунин ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, бахусус кори Комиссияи муштараки байниҳукуматии Туркманистон ва Тоҷикистон, таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Тарафҳо дар ин дидор ба густариши тиҷорат ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика ва логистика таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.
Ба гуфтаи Сердар Бердимуҳаммадов, энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ самтҳои умедбахши ҳамкорӣ боқӣ мемонанд.
Ҷонибҳо инчунин ба аҳамияти робитаҳои фарҳангӣ ва башардӯстона байни мардуми ду кишвар таъкид карда, нияти худро барои идома додани ташкили чорабиниҳои муштарак изҳор доштанд.
Дар ҳамон рӯз дар пойтахти Туркманистон машваратҳои сиёсии байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ баргузор шуданд.
Пас аз музокирот, Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Туркманистон ва Тоҷикистон барои солҳои 2027-2028 ба имзо расид.