Дар 35 сол дар вилояти Суғд беш аз ҳазор корхонаи нави санаотӣ бунёд гардидааст

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПредприятие по производству молочной продукции Агропромышленного комплекса "Саховат" в Худжанде.
Предприятие по производству молочной продукции Агропромышленного комплекса Саховат в Худжанде.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2026
Обуна шудан
Дар вилояти Суғд шумораи корхонаҳои саноатӣ нисбат ба соли 1991 беш аз ҳазор адад зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 20 авг - Sputnik. Дар вилояти Суғд то нимаи якуми соли равон 1334 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад, ки ин рақам соли 1991 ҳамагӣ 119 ададро ташкил медод.
Яъне, шумораи корхонаҳо нисбат ба соли 1991 11,2 баробар ё 1215 адад зиёд мебошад.
Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои Агентӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 5,4 миллиард сомонии соли 1991 ба 39,1 милиард сомонӣ дар соли 2025 расонида шудааст.
Суръати рушди он бо нархҳои ҷорӣ мутаносибан нисбат ба соли 1991 7,2 баробар ва нисбат ба соли 1995 26,1 баробар зиёд шудааст.
Дар 5 соли охир дар ҳудуди вилоят 781 корхонаи нави саноатӣ бо 7,3 ҳазор ҷойи нави кор бунёд ва ба истифода дода шудааст. Шумораи миёнаи кормандон дар соҳаи саноат соли 2025 ба 36,3 ҳазор нафар баробар гардидааст.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон посетил завод по производству электрических кабелей в Турсунзаде.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2026
Аз ифтитоҳи корхонаи "Ноқил" то боздид аз Боғи Сомон: Раҳмон ба шаҳри Турсунзода рафт
Ёдовар мешавем, ки ба ҳолати 1 июли соли 2026 дар Тоҷикистон 4 002 корхонаи саноатӣ расман ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи иттилои Агентии омор, танҳо дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар кишвар 191 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият шурӯъ намуд, ки дар натиҷа 1 160 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт.
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар нимсолаи аввали соли 2026 ба 33,7 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,1% зиёд аст. Соҳаи асосии пешбаранда саноати коркард (аз ҷумла металлургия ва маҳсулоти хӯрокворӣ) боқӣ мемонад.
Лентаи хабарҳо
0