https://sputnik.tj/20260814/iftitohi-korkhonai-noqil-bozdid-bogh-rahmon-tursunzoda-1079675571.html
Аз ифтитоҳи корхонаи "Ноқил" то боздид аз Боғи Сомон: Раҳмон ба шаҳри Турсунзода рафт
Аз ифтитоҳи корхонаи "Ноқил" то боздид аз Боғи Сомон: Раҳмон ба шаҳри Турсунзода рафт
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноташ гуногун ба шаҳри Турсунзода рафт
2026-08-14T18:41+0500
2026-08-14T18:41+0500
2026-08-14T18:41+0500
дар тоҷикистон
раҳмон
эмомалӣ раҳмон
раисҷумҳур
турсунзода
ифтитоҳ
коргоҳ
мактаб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/0e/1079668503_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_52406ef2caf9843a21c9fadb4feeba1d.jpg
ДУШАНБЕ, 14 авг - Sputnik. Раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар шаҳри Турсунзода корхонаи истеҳсоли ноқилҳои барқии “Ноқили Турсунзода”-ро ифтитоҳ кард.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.Қайд карда шудааст, ки корхонаи нави саноатӣ, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд шудааст. Иқтидори истеҳсолиаш дар як сол 3 ҳазору 600 тоннаро ташкил медиҳад.Дар корхонаи Ноқили Турсунзода дар маҷмуъ 100 навъ ноқили аълосифати барқӣ бо андозаҳои гуногун истеҳсол гардида, дар он 5 хатти истеҳсолӣ мавҷуд мебошад.Қайд карда шудааст, ки ин ноқилҳо дар шабакаҳои барқии дохили биноҳо истифода мешаванд.Ҳамчунин дар ҷараёни сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода ба таври фосилави чанд иншооти муҳим дар бахши маорифро ифтитоҳ кард.Тибқи иттилои Хадамоти матбуот ба таври фосилавӣ раисҷумҳур 20 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 18200 хонанда дар ду баст, 5 муассисаи томактабии хусусӣ бо фарогирии 950 кӯдак, 4 корхонаи саноатӣ, 1 иншооти сайёҳӣ, 5 иншооти хизматрасонӣ, 6 майдончаи варзишӣ, 3 сардхонаи замонавӣ бо иқтидори нигоҳдории 5300 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, 9 бинои баландошёнаи истиқоматӣ, биноҳои маъмурию фарҳангӣ, майдони Парчами давлатӣ ва боғи фарҳангию фароғатӣ, дар умум 60 иншоот бо таъсиси 1220 ҷойи кории доимӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.Ҳамчунин, дар доираи омодагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода 232 км роҳ мумфарш ва 59 км бетонпӯш карда шуд.Тибқи нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2022-2026 дар шаҳри Турсунзода бояд 460 иншоот сохта мешуд.“То имрӯз 530 иншоот сохта ба истифода дода шуд, ки 115% нақшаро ташкил медиҳад. Танҳо дар соҳаи маориф тайи 5 соли охир 78 муассисаи таълимӣ бо 52 ҳазор ҷойи нишаст ва 21 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 3600 кӯдак сохта мавриди истифода қарор гирифт”, - қайд кард манбаъ.Дар ҳамаи иншооти ҷашнӣ дар маҷмуъ зиёда аз 10 ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё гардидааст.Ҳамчунин раисҷумури кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар хоҷагии деҳқонии Боғи Сомон бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуд.Дар хоҷагии деҳқонии боғи Сомон 10 навъи ангур, аз ҷумла ҳусайнии сафед, сиёҳ, шоҳона, президент ва ғайра парвариш меёбад.Қайд карда шудааст, ки танҳо давоми бештар аз 5 соли охир дар шаҳри Турсунзода 33 сардхонаи нав бунёд гардида, теъдоди онҳо ба 83 адад расонда шуд ва ҳоло барои захира кардани 26 ҳазору 470 тонна маҳсулоти кишоварзӣ имконият фароҳам омодааст.
https://sputnik.tj/20260811/rahmon-hisor-iftitohi-gulgashti-duoi-modar-maktabu-kudakiston-1079599977.html
турсунзода
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/0e/1079668503_71:0:1210:854_1920x0_80_0_0_041736a731476089e30a5cadefdbff78.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, раҳмон, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, турсунзода, ифтитоҳ, коргоҳ, мактаб
дар тоҷикистон, раҳмон, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, турсунзода, ифтитоҳ, коргоҳ, мактаб
Аз ифтитоҳи корхонаи "Ноқил" то боздид аз Боғи Сомон: Раҳмон ба шаҳри Турсунзода рафт
Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноташ гуногун ба шаҳри Турсунзода рафт
ДУШАНБЕ, 14 авг - Sputnik. Раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар шаҳри Турсунзода корхонаи истеҳсоли ноқилҳои барқии “Ноқили Турсунзода”-ро ифтитоҳ кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки корхонаи нави саноатӣ, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд шудааст. Иқтидори истеҳсолиаш дар як сол 3 ҳазору 600 тоннаро ташкил медиҳад.
Дар корхонаи Ноқили Турсунзода дар маҷмуъ 100 навъ ноқили аълосифати барқӣ бо андозаҳои гуногун истеҳсол гардида, дар он 5 хатти истеҳсолӣ мавҷуд мебошад.
Қайд карда шудааст, ки ин ноқилҳо дар шабакаҳои барқии дохили биноҳо истифода мешаванд.
Ҳамчунин дар ҷараёни сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода ба таври фосилави чанд иншооти муҳим дар бахши маорифро ифтитоҳ кард.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуот ба таври фосилавӣ раисҷумҳур 20 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 18200 хонанда дар ду баст, 5 муассисаи томактабии хусусӣ бо фарогирии 950 кӯдак, 4 корхонаи саноатӣ, 1 иншооти сайёҳӣ, 5 иншооти хизматрасонӣ, 6 майдончаи варзишӣ, 3 сардхонаи замонавӣ бо иқтидори нигоҳдории 5300 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, 9 бинои баландошёнаи истиқоматӣ, биноҳои маъмурию фарҳангӣ, майдони Парчами давлатӣ ва боғи фарҳангию фароғатӣ, дар умум 60 иншоот бо таъсиси 1220 ҷойи кории доимӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Ҳамчунин, дар доираи омодагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода 232 км роҳ мумфарш ва 59 км бетонпӯш карда шуд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2022-2026 дар шаҳри Турсунзода бояд 460 иншоот сохта мешуд.
“То имрӯз 530 иншоот сохта ба истифода дода шуд, ки 115% нақшаро ташкил медиҳад. Танҳо дар соҳаи маориф тайи 5 соли охир 78 муассисаи таълимӣ бо 52 ҳазор ҷойи нишаст ва 21 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 3600 кӯдак сохта мавриди истифода қарор гирифт”, - қайд кард манбаъ.
Дар ҳамаи иншооти ҷашнӣ дар маҷмуъ зиёда аз 10 ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё гардидааст.
Ҳамчунин раисҷумури кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар хоҷагии деҳқонии Боғи Сомон бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуд.
Дар хоҷагии деҳқонии боғи Сомон 10 навъи ангур, аз ҷумла ҳусайнии сафед, сиёҳ, шоҳона, президент ва ғайра парвариш меёбад.
Қайд карда шудааст, ки танҳо давоми бештар аз 5 соли охир дар шаҳри Турсунзода 33 сардхонаи нав бунёд гардида, теъдоди онҳо ба 83 адад расонда шуд ва ҳоло барои захира кардани 26 ҳазору 470 тонна маҳсулоти кишоварзӣ имконият фароҳам омодааст.