https://sputnik.tj/20260818/vazorati-naqiyot-eron-mavodi-sukht-vorid-mekkunem-1079753725.html
Тоҷикистон аз Эрон 2,5 млн тонн сӯзишворӣ дархост кард
Тоҷикистон аз Эрон 2,5 млн тонн сӯзишворӣ дархост кард
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои мақомот, ҳоло ҳаҷми табодули маҳсулоти нафтӣ байни Тоҷикистону Эрон дар як сол тақрибан 800 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад
2026-08-18T18:49+0500
2026-08-18T18:49+0500
2026-08-18T18:49+0500
дар тоҷикистон
сӯзишворӣ
нафт
вазири нақлиёт
азим иброҳим
эрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/12/1079754569_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_e993afc65573734feec50684bb7c5022.jpg
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон эълон кардааст, ки ҷумҳурӣ воридоти маводи сӯхтро аз Эрон ба нақша гирифтаст.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати нақлиёти киҳшвар хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, дар доираи сафари кории ҳайати расмии Тоҷикистон ба Эрон а ташкили интиқоли маҳсулоти нафтӣ ва нафти хом аз Эрон ба Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.Тарафҳо имкониятҳои мавҷудаи нақлиётӣ ва логистикиро баррасӣ намуданд ва ба мувофиқа расиданд, ки дар ҳалли масъалаҳои ба миёномада якҷоя корбарӣ мекунанд.Азим Иброҳим таъкид кардааст, ки воридоти маводи сӯзишворӣ аз дигар кишварҳо, аз ҷумла, аз Эрон ба нақша гирифта шудааст.Ба гуфтаи Вазир, ҳаҷми умумии сӯзишвории аз Эрон дархостшуда 2 550 000 тонна (аз ҷумла нафти хом 2 миллион тонна, бензин 150 000 тонна, сӯзишвории дизелӣ 300 000 тонна ва сӯзишвории ҳавопаймоӣ 100 000 тонна) ё 51 000 вагонро ташкил медиҳад.Азим Иброҳим ҳамчунин дар ин дидорҳо таъкид кардааст, ки ҳоло ҳаҷми табодули маҳсулоти нафтӣ байни ду кишвар дар як сол тақрибан 800 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, аммо бо ҳалли масъалаҳои зикршуда, роҳандозии механизмҳои нави логистикӣ ва ҷалби имкониятҳои транзитии кишварҳои ҳамсоя, ки бо онҳо низ гуфтушунид анҷом дода хоҳад шуд, ин нишондиҳанда метавонад якчанд маротиба афзоиш ёбад.Ҷониби Эрон тавсеаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро самти муҳими кор номида, изҳори омодагӣ намуд.Мушкилоти сӯзишворӣ дар ТоҷикистонТибқи маълумоти Хадамоти зиддимонополии Тоҷикистон, беш аз 91% маҳсулоти нафтии воридшуда ба кишвар дар нимаи аввали соли 2026 аз Русия ворид шудааст.Аз моҳи январ то июни соли ҷорӣ ба кишвар қариб 600 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 қариб 36 ҳазор тонна зиёд мебошад.Дар моҳи июл, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Далер Ҷумъа, изҳор дошт, ки захираҳои нафт ва гази кишвар барои ду моҳи оянда кофӣ аст ва кишвар бо Қазоқистон, Туркманистон ва дигар кишварҳо ҳамкориро ба роҳ мондааст.Вай қайд кард, ки бинобар вазъи геополитикӣ, дар таъмини маҳсулоти нафтӣ дар минтақа ва ҷаҳон мушкилот пеш омадааст.
https://sputnik.tj/20260801/shahrdori-khujand-narkhi-suzishvori-1079396091.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/12/1079754569_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_d77d2b5074bb955ea853ab5ea441e9d2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сӯзишворӣ, нафт, вазири нақлиёт, азим иброҳим, эрон
дар тоҷикистон, сӯзишворӣ, нафт, вазири нақлиёт, азим иброҳим, эрон
Тоҷикистон аз Эрон 2,5 млн тонн сӯзишворӣ дархост кард
Ба иттилои мақомот, ҳоло ҳаҷми табодули маҳсулоти нафтӣ байни Тоҷикистону Эрон дар як сол тақрибан 800 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон эълон кардааст, ки ҷумҳурӣ воридоти маводи сӯхтро аз Эрон ба нақша гирифтаст.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати нақлиёти киҳшвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи сафари кории ҳайати расмии Тоҷикистон ба Эрон а ташкили интиқоли маҳсулоти нафтӣ ва нафти хом аз Эрон ба Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Тарафҳо имкониятҳои мавҷудаи нақлиётӣ ва логистикиро баррасӣ намуданд ва ба мувофиқа расиданд, ки дар ҳалли масъалаҳои ба миёномада якҷоя корбарӣ мекунанд.
“Вазъи геополитикии ҷаҳон боиси коҳиш ёфтани воридоти сӯзишворӣ ба Тоҷикистон гардид. Қаблан беш аз 80% сӯзишворӣ аз Русия ба Тоҷикистон ворид карда мешуд", - изҳор дошт Вазири нақлиёти кишвар.
Азим Иброҳим таъкид кардааст, ки воридоти маводи сӯзишворӣ аз дигар кишварҳо, аз ҷумла, аз Эрон ба нақша гирифта шудааст.
Ба гуфтаи Вазир, ҳаҷми умумии сӯзишвории аз Эрон дархостшуда 2 550 000 тонна (аз ҷумла нафти хом 2 миллион тонна, бензин 150 000 тонна, сӯзишвории дизелӣ 300 000 тонна ва сӯзишвории ҳавопаймоӣ 100 000 тонна) ё 51 000 вагонро ташкил медиҳад.
Азим Иброҳим ҳамчунин дар ин дидорҳо таъкид кардааст, ки ҳоло ҳаҷми табодули маҳсулоти нафтӣ байни ду кишвар дар як сол тақрибан 800 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, аммо бо ҳалли масъалаҳои зикршуда, роҳандозии механизмҳои нави логистикӣ ва ҷалби имкониятҳои транзитии кишварҳои ҳамсоя, ки бо онҳо низ гуфтушунид анҷом дода хоҳад шуд, ин нишондиҳанда метавонад якчанд маротиба афзоиш ёбад.
Ҷониби Эрон тавсеаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро самти муҳими кор номида, изҳори омодагӣ намуд.
Мушкилоти сӯзишворӣ дар Тоҷикистон
Тибқи маълумоти Хадамоти зиддимонополии Тоҷикистон, беш аз 91% маҳсулоти нафтии воридшуда ба кишвар дар нимаи аввали соли 2026 аз Русия ворид шудааст.
Аз моҳи январ то июни соли ҷорӣ ба кишвар қариб 600 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 қариб 36 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Дар моҳи июл, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Далер Ҷумъа, изҳор дошт, ки захираҳои нафт ва гази кишвар барои ду моҳи оянда кофӣ аст ва кишвар бо Қазоқистон, Туркманистон ва дигар кишварҳо ҳамкориро ба роҳ мондааст.
Вай қайд кард, ки бинобар вазъи геополитикӣ, дар таъмини маҳсулоти нафтӣ дар минтақа ва ҷаҳон мушкилот пеш омадааст.