Санади нави ҳамкорӣ: Тоҷикистону Эрон ҳамкориҳои иқтисодиву санаотиро тақвият медиҳанд

© Foto / Хадамоти матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ТоҷикистонФлаг Ирана и Таджикистана.
Флаг Ирана и Таджикистана. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2026
Обуна шудан
Вилояти Гулистони Эрон ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ёддошти тафоҳумро дар бораи ҳамкории иқтисодӣ ва саноатӣ имзо карданд
ДУШАНБЕ, 21 авг - Sputnik. Сафорати Эрон дар Тоҷикистон хабар дод, ки раиси устони Гулистони Эрон ва вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ёддошти тафоҳумро барои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, саноатӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ ба имзо расониданд.
Санади мазкур, аз ҷониби раиси устони Гулистон Алиасғар Таҳмосбӣ ва вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар ҳошияи маросими ифтитоҳи Форуми байналмилалии саноати ғизоӣ ба имзо расид
Тибқи ёддошт, ҷонибҳо ба тавсеаи робитаҳои дуҷониба дар бахшҳои калидӣ, аз ҷумла дар бахши кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти ғизоӣ, истеҳсоли гӯшту шир, тиҷорати ғалладона ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, ба тавофуқ расиданд.
Дар ифтитоҳи форум, Таҳмосбӣ омодагии устони Гулистонро барои роҳандозии ҳамкории стратегӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо Тоҷикистон дар соҳаи саноати ғизоӣ эълон кард.
Флаги Ирана и Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2026
Таъкиди Эрону Тоҷикистон бар тавсеаи ҳамкориҳои санъативу тиҷорӣ
Утондор аз зарурати гузаштан аз тиҷорати анъанавии кишоварзӣ ба сармоягузориҳои муштарак ва истифодаи фаъолтари таҷрибаи техникии бахши хусусӣ қайд кард.
Вай омодагии худро барои рушди ҳамкориҳои байни устони Гулистон ва Тоҷикистон ҳамчун як модели муваффақи ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи амнияти озуқаворӣ изҳор дошт.
Лентаи хабарҳо
0