Таъкиди Эрону Тоҷикистон бар тавсеаи ҳамкориҳои санъативу тиҷорӣ

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонФлаги Ирана и Таджикистана
Флаги Ирана и Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2026
Обуна шудан
Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон дар дидор бо вазири саноати Тоҷикистон, хостори густариши равобити тиҷорӣ ва саноатӣ миёни ду кишвар шуд
ДУШАНБЕ, 19фев - Sputnik. Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон Саидмуҳаммади Атобакӣ дар дидор бо вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир, бар густариши равобити тиҷорӣ ва саноатӣ миёни ду кишвар таъкид кард.
© Foto / Посольство Республики Иран в ТаджикистанеМинистр промышленности, горнорудной промышленности и торговли Ирана Саидмохаммад Аттабаки провел встречу с министром промышленности и новых технологий Таджикистана Шерали Кабиром.
Министр промышленности, горнорудной промышленности и торговли Ирана Саидмохаммад Аттабаки провел встречу с министром промышленности и новых технологий Таджикистана Шерали Кабир - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2026
Вазири эронӣ бо таъкид бар зарурати иҷроӣ шудани тафоҳумномаҳо ва тавофуқоти дуҷониба, хостори коҳиши фарояндҳои идорӣ ва густариширавобити тиҷорӣ васаноатӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон шуд.
Оқои Атобакӣ дар дидор бо Шералӣ Кабир бар тавсеа ва густариши ҳамкориҳои саноатӣ, тиҷорӣ ва муносиботи иқтисодии миёни ду кишвар таъкид кард.
Вазири бо эъломи омодагии Эрон барои тавсеаи табодулоти тиҷорӣ бо Тоҷикистон гуфт, “афзоиши сатҳи мубодилоти тиҷории Эрон аз таъкидоти раисҷумҳур Эрон аст ва кишварамон аз тавонмандиҳо ва зарфиятҳои густардае дар ҳавзаҳои мухталифи маъдан, фароварии маводи маъданӣ, саноати дору, нассоҷӣ ва соири бахшҳо бархурдор аст.
“Эрон бо бархурдорӣ аз захоири маъдании боло дар бахши аносири маъданӣ вадастёбӣ ба дониши фаннӣ дар саноати мухталиф аз ҷумлаи нассаҷӣ ва дору омодагӣ дорад бо тасреъ дар иҷрои тавофуқот, таъомулоти дуҷонибаро тавсеа диҳад”, - гуфт ӯ.
Дар идома ин нишаст, Шералӣ Кабир, вазири саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон, бо ишора ба иштирокоти фарҳангӣ ваиқтисодии ду кишвар, бар иродаи давлати Тоҷикистон барои густариши равобити иқтисодӣ бо Эрон таъкид кард.
Тоҷикистон ва Эрон дар бораи шахсиятҳои форсизабон филм меофаранд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2026
Тоҷикистон ва Эрон дар бораи шахсиятҳои форсизабон филм меофаранд.
Вай изҳор дошт, ки дар ҳавзаи саноати шимиёӣ ниёзманди навсозии корхонаҳо ҳастем ва ин масаъала метавонад заминаи муносибе барои ҳамкориҳои муштараки миёни ду кишвар бошад.
Вазири тоҷик ҳамчунин бо баёни инки ин кишвар содиркунандаи пунба ба Эрон аст, омодагии Тоҷикистонро барои содироти соири маҳсулот ва баҳрамандӣ аз бозори тиҷории Эрон эълом кард.
Дар поёни ин дидор, ду тараф бар иҷрои тавофуқот ва рафъи мавонеъи идорӣ ба манзури таҳаққуқи ҳамкориҳои муштарак таъкид карданд.
Дар ин дидор қайд карда шуд, ки дар соли 2025 гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Эрон ба 483,9 миллион доллар баробар гардидааст.
Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки бо талошҳои муштарак ҳамкориҳои иқтисодӣ ба сатҳи боз ҳам баландтар бардошта хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0