Супориши Раҳмон пеш аз муҳлат иҷро шуд: Сарбанди Роғунро ба баландии 1155 метр бардоштанд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаСтроительство Рогунской ГЭС.
Строительство Рогунской ГЭС.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2026
Обуна шудан
Баъди пурра ба анҷом расидан корҳо дар сарбанди НБО “Роғун” баландии он 335 метр хоҳад буд, ки яке аз баландтарин сарбанди регусангӣ дар ҷаҳон хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 20 авг - Sputnik. Дар идомаи боздиди корӣ Президенти Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи Роғун бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар сарбанди ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ шинос шуд.
Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон ёдовар шудааст, ки зимни боздиду мулоқоти қаблӣ бо муҳандисону бунёдкорони Неругоҳи Роғун Президенти Тоҷикистон кишвар дастур дода буд, ки корҳои бардоштани сарбандро то охири соли 2026 ба баландии 1155 метр аз сатҳи баҳр бардоранд ва пуркунии обанборро то сатҳи 1140 метр расонанд.
Дар ин сафар ба Эмомалӣ Раҳмон муҳандисон хабар доданд, ки бунёди сарбанд тибқи дастур ва нақшаи кории тасдиқгардида ба роҳ монда шуда, сарбанди неругоҳ ба нуқтаи 1155 метр пеш аз муҳлат бардошта шуд.
Қайд карда шудааст, ки пуркунии обанбор дар муҳлатҳои наздик то ба сатҳи 1140 метр аз сатҳи баҳр расонида мешавад.
Қайд карда шудааст, ки НБО Роғун имшабу рӯзҳо ҳазорон нафар дар ин майдони корзор меҳнат мекунанд.
Президенти кишвар, ҳамчунин, аз баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр бо раванди корҳои сохтмонӣ дар назди баромадгоҳи нақби нақлиётии 9 ба суйи сарбанди неругоҳи Роғун шинос шуданд.
НБО Роғун Тоҷикистонро аз воридкунанда ба содиркунандаи барқ табдил хоҳад дод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2026
НБО "Роғун" Тоҷикистонро аз воридкунанда ба содиркунандаи барқ табдил хоҳад дод.
Ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар минтақаи сарбанди неругоҳи Роғун кор ба таври шабонарӯзӣ дар ду баст ба роҳ монда шуда, ҳамарӯза зиёда аз 160 техникаю механизми муосир ба он сафарбар гардидааст.
Сарбанди Неругоҳи Роғун аз қисмҳои ядро, филтрҳои минтақаи гузариши дуюм ва сеюм, призмаи такядевори поёнӣ, призмаи такядевори болоӣ, борсангҳои биефи болоӣ ва поёнӣ иборат буда, баъди пурра ба анҷом расидан бо баландии 335 метр баландтарин сарбанди регусангӣ дар ҷаҳон хоҳад буд.
Бино ба иттилоъ паҳноии сарбанд дар поёни он 1800 метр, паҳноии он дар боло 612 метр, паҳноии тахтапушти сарбанд 20 метр ва ҳаҷми умумии маводи дар сарбанд хобонидашаванда 79 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад.
Зимни боздид аз Неругоҳи Роғун, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода, дигар масъулини ҳукуматӣ ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.
Лентаи хабарҳо
0