https://sputnik.tj/20260821/filmi-tasvirii-masha-khirs-tahrimho-zelenskiy-1079833349.html
Филми тасвирии "Маша ва Хирс" зери таҳримҳои Зеленский
Филми тасвирии "Маша ва Хирс" зери таҳримҳои Зеленский
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумсҳури Украина ахиран алайҳи ҳайати эҷодии филми тасвирии “Маша ва Хирс” (Маша и Медвед) таҳримҳо ҷорӣ кард
2026-08-21T16:41+0500
2026-08-21T16:41+0500
2026-08-21T16:41+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
амалиёти вижа
владимир зеленский
таҳрим
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1c/1032167032_0:32:1000:595_1920x0_80_0_0_be3be7d1c73b77a85754d8d7dba942b8.jpg
ДУШАНБЕ, 21 авг - Sputnik. Владимир Зеленский алайҳи ҳайати эҷодии филми тасвирии машҳури Русия "Маша ва Хирс" таҳрим ҷорӣ кард, ки пахши ин филми тасвирӣ дар Украина манъ карда шуд.Ҳамчунин давлати Украина талаб кардааст, ки тамошои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар дохили кишвар масдуд карда шавад.Дар изҳороте, ки дар сомонаи расмии дафтари Зеленский нашр шудааст, гуфта мешавад: "Зеленский чор фармонро имзо кард, ки ин қарорро амалӣ мекунанд... дар бораи ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи корхонаҳои комплекси саноатии низомии Русия, ширкатҳои гурӯҳи таҳримшудаи Русал, мақомоти Русия ва ҳайати эҷодӣ ва паҳнкунандагони филми тасвирии "Маша ва Хирс""" гуфта мешавад.Таҳримҳо студияи Animaccord-ро ҳадаф қарор доданд, ки тибқи изҳорот, эҷодкунандаи филми тасвирии он, асосгузор, директори генералии он, инчунин сенариянавис, коргардон, продюсер ва ҳаммуаллифи ин сериал мебошад.Қайд карда мешавад, ки яке аз қарорҳо таҳримҳоро нисбати 28 шаҳрванди Русия, 36 ширкати Русия ва як ширкати чинӣ ҷорӣ кардааст. Қарори дигар нисбати панҷ корхонаи гурӯҳи Русал ва нӯҳ шаҳрванди Русия, ки бо ин ширкатҳо алоқаманданд, таҳрим ҷорӣ кардааст.Қарори дигар нисбати 45 нафар ва ҳашт шахси ҳуқуқӣ, аз ҷумла мақомоти Русия, таҳримҳо ҷорӣ кард.Таҳримҳои аз ҷониби Киев ҷорӣшуда анъанавӣ масдуд кардани дороиҳо дар Украина ва бекор кардани иҷозатномаҳо, сафарҳои расмӣ, манъи интиқоли моликияти зеҳнӣ, қатъ кардани созишномаҳои тиҷоратӣ, мубодилаи фарҳангӣ ва ҳамкории илмӣ, инчунин бекор кардани ҳамаи ҷоизаҳои давлатии Украинаро дар бар мегиранд.Режими Киев борҳо алайҳи Русия таҳримҳо ҷорӣ кардааст, аммо онҳо ягон оқибати амалӣ надоштанд.
https://sputnik.tj/20260820/vkkh-rusiya-ima-ukraina-izhor-1079804202.html
украина
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1c/1032167032_38:0:973:701_1920x0_80_0_0_45dbb55fab8d743f34727da4fbdc75bb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амалиёти вижа, владимир зеленский, таҳрим, русия
украина, амалиёти вижа, владимир зеленский, таҳрим, русия
Филми тасвирии "Маша ва Хирс" зери таҳримҳои Зеленский
Раисҷумсҳури Украина ахиран алайҳи ҳайати эҷодии филми тасвирии “Маша ва Хирс” (Маша и Медвед) таҳримҳо ҷорӣ кард
ДУШАНБЕ, 21 авг - Sputnik. Владимир Зеленский алайҳи ҳайати эҷодии филми тасвирии машҳури Русия "Маша ва Хирс" таҳрим ҷорӣ кард, ки пахши ин филми тасвирӣ дар Украина манъ карда шуд.
Ҳамчунин давлати Украина талаб кардааст, ки тамошои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар дохили кишвар масдуд карда шавад.
Дар изҳороте, ки дар сомонаи расмии дафтари Зеленский нашр шудааст, гуфта мешавад: "Зеленский чор фармонро имзо кард, ки ин қарорро амалӣ мекунанд... дар бораи ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи корхонаҳои комплекси саноатии низомии Русия, ширкатҳои гурӯҳи таҳримшудаи Русал, мақомоти Русия ва ҳайати эҷодӣ ва паҳнкунандагони филми тасвирии "Маша ва Хирс""" гуфта мешавад.
Таҳримҳо студияи Animaccord-ро ҳадаф қарор доданд, ки тибқи изҳорот, эҷодкунандаи филми тасвирии он, асосгузор, директори генералии он, инчунин сенариянавис, коргардон, продюсер ва ҳаммуаллифи ин сериал мебошад.
Қайд карда мешавад, ки яке аз қарорҳо таҳримҳоро нисбати 28 шаҳрванди Русия, 36 ширкати Русия ва як ширкати чинӣ ҷорӣ кардааст. Қарори дигар нисбати панҷ корхонаи гурӯҳи Русал ва нӯҳ шаҳрванди Русия, ки бо ин ширкатҳо алоқаманданд, таҳрим ҷорӣ кардааст.
Қарори дигар нисбати 45 нафар ва ҳашт шахси ҳуқуқӣ, аз ҷумла мақомоти Русия, таҳримҳо ҷорӣ кард.
Таҳримҳои аз ҷониби Киев ҷорӣшуда анъанавӣ масдуд кардани дороиҳо дар Украина ва бекор кардани иҷозатномаҳо, сафарҳои расмӣ, манъи интиқоли моликияти зеҳнӣ, қатъ кардани созишномаҳои тиҷоратӣ, мубодилаи фарҳангӣ ва ҳамкории илмӣ, инчунин бекор кардани ҳамаи ҷоизаҳои давлатии Украинаро дар бар мегиранд.
Режими Киев борҳо алайҳи Русия таҳримҳо ҷорӣ кардааст, аммо онҳо ягон оқибати амалӣ надоштанд.