https://sputnik.tj/20260820/maqomot-kasbomuzi-kohishi-sathi-bekori-musoidat-1079784963.html
Мақомот: касбомӯзӣ метавонад ба коҳиши сатҳи бекорӣ мусоидат кунад
Мақомот: касбомӯзӣ метавонад ба коҳиши сатҳи бекорӣ мусоидат кунад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомот мегӯяд, ки талаботи бозори меҳнат сол ба сол тағйир меёбад ва корфармоён бештар ба мутахассисони соҳибихтисос ниёз доранд
2026-08-20T09:36+0500
2026-08-20T09:36+0500
2026-08-20T09:36+0500
дар тоҷикистон
бекорӣ
касб
суғд
таъмин ба ҷои кор
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/13/1079786032_0:319:3072:2047_1920x0_80_0_0_703a905e623b539dcde9633c0329b371.jpg
ДУШАНБЕ, 20 авг - Sputnik. Ғайрат Оқилзода, сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфтааст, ки рушди низоми касбомӯзӣ метавонад ба коҳиши сатҳи бекорӣ, беҳтар гардидани рақобатпазирии қувваи корӣ ва зиёд шудани имкониятҳои шуғли ҷавонон мусоидат намояд.Ба гуфтаи вай, тақвияти ҳамкории мақомоти меҳнат бо корфармоён ва муассисаҳои таълимӣ яке аз омилҳои асосии рушди бозори меҳнат арзёбӣ мегардад.“Татбиқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд бомаром идома дорад. Мо танҳо ба масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон маҳдуд намешавем. Ҳадафи асосӣ ин омода кардани мутахассисоне мебошад, ки ба талаботи иқтисодиёти муосир ҷавобгӯ бошанд. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳи бештар ба рушди касбомӯзӣ, такмили ихтисос ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши касбҳои бозорталаб равона шудааст”, гуфт Оқои Оқилзода.Вай илова кард, ки мақомот ба дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ низ аҳамияти махсус медиҳад.“Тавассути ҷойҳои кории квотавӣ садҳо нафар соҳиби шуғл гардиданд”, - афзуд ӯ.Вай илова кардааст, ки имрӯз фаъолияти раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд ба баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ, рушди малакаҳои касбӣ ва татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат нигаронда шудааст.Ба иттилои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд тибқи Барномаи давлатӣ барои соли 2026 дар вилоят таъмин намудани 20 ҳазору 602 нафар бо ҷойи кор ба нақша гирифта шудааст.То имрӯз ба 12 ҳазору 80 нафар барои пайдо намудани ҷойи кори доимӣ мусоидат карда шуд.Ҳамчунин, аз ҳисоби шаҳрвандони бекори бақайдгирифташуда 3352 нафар барои омӯзиши касбҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозор роҳхат гирифтанд. Ҳамзамон, тавассути низоми худмаблағгузорӣ боз 4721 нафар ба курсҳои касбомӯзӣ ҷалб гардиданд.
https://sputnik.tj/20260721/muhojirat-mehnati-kohish-bekori-ziyod--1079106887.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/13/1079786032_343:0:3072:2047_1920x0_80_0_0_aa39277e4b75c6fbe2cbdf6119cf4162.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, бекорӣ, касб, суғд, таъмин ба ҷои кор, иҷтимоъ
дар тоҷикистон, бекорӣ, касб, суғд, таъмин ба ҷои кор, иҷтимоъ
Мақомот: касбомӯзӣ метавонад ба коҳиши сатҳи бекорӣ мусоидат кунад
Мақомот мегӯяд, ки талаботи бозори меҳнат сол ба сол тағйир меёбад ва корфармоён бештар ба мутахассисони соҳибихтисос ниёз доранд
ДУШАНБЕ, 20 авг - Sputnik. Ғайрат Оқилзода, сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфтааст, ки рушди низоми касбомӯзӣ метавонад ба коҳиши сатҳи бекорӣ, беҳтар гардидани рақобатпазирии қувваи корӣ ва зиёд шудани имкониятҳои шуғли ҷавонон мусоидат намояд.
Ба гуфтаи вай, тақвияти ҳамкории мақомоти меҳнат бо корфармоён ва муассисаҳои таълимӣ яке аз омилҳои асосии рушди бозори меҳнат арзёбӣ мегардад.
“Татбиқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд бомаром идома дорад. Мо танҳо ба масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон маҳдуд намешавем. Ҳадафи асосӣ ин омода кардани мутахассисоне мебошад, ки ба талаботи иқтисодиёти муосир ҷавобгӯ бошанд. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳи бештар ба рушди касбомӯзӣ, такмили ихтисос ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши касбҳои бозорталаб равона шудааст”, гуфт Оқои Оқилзода.
Вай илова кард, ки мақомот ба дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ низ аҳамияти махсус медиҳад.
“Тавассути ҷойҳои кории квотавӣ садҳо нафар соҳиби шуғл гардиданд”, - афзуд ӯ.
Вай илова кардааст, ки имрӯз фаъолияти раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд ба баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ, рушди малакаҳои касбӣ ва татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат нигаронда шудааст.
Ба иттилои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд тибқи Барномаи давлатӣ барои соли 2026 дар вилоят таъмин намудани 20 ҳазору 602 нафар бо ҷойи кор ба нақша гирифта шудааст.
То имрӯз ба 12 ҳазору 80 нафар барои пайдо намудани ҷойи кори доимӣ мусоидат карда шуд.
Ҳамчунин, аз ҳисоби шаҳрвандони бекори бақайдгирифташуда 3352 нафар барои омӯзиши касбҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозор роҳхат гирифтанд. Ҳамзамон, тавассути низоми худмаблағгузорӣ боз 4721 нафар ба курсҳои касбомӯзӣ ҷалб гардиданд.