https://sputnik.tj/20260820/ima-davati-nogahoni-kiev-1079803806.html
"Вақт фаро расидааст." Дар ИМА даъвати ногаҳонӣ нисбати Киев карданд
"Вақт фаро расидааст." Дар ИМА даъвати ногаҳонӣ нисбати Киев карданд
Sputnik Тоҷикистон
AC: Ғарб бояд аз Украина барои шароити бади музокирот бо Русия узр пурсад
2026-08-20T17:41+0500
2026-08-20T17:41+0500
2026-08-20T17:41+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
амалиёти вижа
има
низоъ
русия
музокирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/1f/1063750899_0:26:1202:702_1920x0_80_0_0_c433f3b1ae0599f9c6041744546e9afa.jpg
ДУШАНБЕ, 20 авг - Sputnik. Ғарб бояд аз Киев барои шароити бади музокирот бо Маскав узр пурсад, менависад “American Conservative”."Замоне ки Русия дар хатти ҷабҳа дастовардҳоро зиёдтар мекунад, комилан равшан ба назар мерасад, ки Украина дар ниҳоят маҷбур мешавад ба мизи музокирот баргардад. Ва эҳтимол дорад, ки онро созишномаи бадтар аз он созише интизор аст, ки чор сол қабл онро иҷборан тарк карда буд", - изҳор медорад нашрия.Нашрия қайд мекунад, ки аз он вақт инҷониб садҳо ҳазор украинӣ кушта ё маъюб шудаанд, миллионҳо нафар аз кишвар фирор кардаанд, иқтисод, муҳити зист ва инфрасохтор хароб шуданд ва қаламрав аз даст рафт. Дар мақола гуфта мешавад, ки ҳоло вақти он расидааст, ки аз украиниҳо барои гумроҳ кардани онҳо дар моҳҳои аввали ҷанг узр пурсем.Моҳи июл, котиби матбуотии президент Дмитрий Песков изҳор дошт, ки шартҳои қатъи амалиёти ҷангӣ ду сол пеш муайян карда шуда буданд ва агар режими Киев қарорҳои мувофиқ қабул кунад, низоъ метавонад фавран хотима ёбад.Владимир Путин зимни суханронӣ дар Вазорати корҳои хориҷӣ дар соли 2024 ба зарурати хуруҷи нерӯҳои Киев аз ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск, инчунин минтақаҳои Херсон ва Запорожйе ва даст кашидан аз нақшаҳои пайвастан ба НАТО таъкид кард. Русия ҳамчунин борҳо манфиатдори худро ба ҳалли дарозмуддат изҳор доштааст.
https://sputnik.tj/20260820/sobiq-vaziri-difoi-ukraina-fedorov-intikhobot-davat-1079779992.html
украина
има
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/1f/1063750899_115:0:1087:729_1920x0_80_0_0_e061f5ed6af1f4955ccd13bfc87b6f0f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амалиёти вижа, има, низоъ, русия, музокирот
украина, амалиёти вижа, има, низоъ, русия, музокирот
"Вақт фаро расидааст." Дар ИМА даъвати ногаҳонӣ нисбати Киев карданд
AC: Ғарб бояд аз Украина барои шароити бади музокирот бо Русия узр пурсад
ДУШАНБЕ, 20 авг - Sputnik. Ғарб бояд аз Киев барои шароити бади музокирот бо Маскав узр пурсад, менависад “American Conservative”.
"Замоне ки Русия дар хатти ҷабҳа дастовардҳоро зиёдтар мекунад, комилан равшан ба назар мерасад, ки Украина дар ниҳоят маҷбур мешавад ба мизи музокирот баргардад. Ва эҳтимол дорад, ки онро созишномаи бадтар аз он созише интизор аст, ки чор сол қабл онро иҷборан тарк карда буд", - изҳор медорад нашрия.
Нашрия қайд мекунад, ки аз он вақт инҷониб садҳо ҳазор украинӣ кушта ё маъюб шудаанд, миллионҳо нафар аз кишвар фирор кардаанд, иқтисод, муҳити зист ва инфрасохтор хароб шуданд ва қаламрав аз даст рафт.
Дар мақола гуфта мешавад, ки ҳоло вақти он расидааст, ки аз украиниҳо барои гумроҳ кардани онҳо дар моҳҳои аввали ҷанг узр пурсем.
Моҳи июл, котиби матбуотии президент Дмитрий Песков изҳор дошт, ки шартҳои қатъи амалиёти ҷангӣ ду сол пеш муайян карда шуда буданд ва агар режими Киев қарорҳои мувофиқ қабул кунад, низоъ метавонад фавран хотима ёбад.
Владимир Путин зимни суханронӣ дар Вазорати корҳои хориҷӣ дар соли 2024 ба зарурати хуруҷи нерӯҳои Киев аз ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск, инчунин минтақаҳои Херсон ва Запорожйе ва даст кашидан аз нақшаҳои пайвастан ба НАТО таъкид кард. Русия ҳамчунин борҳо манфиатдори худро ба ҳалли дарозмуддат изҳор доштааст.