Вазири тоҷик аз мақомоти Эрон хост ба ҳалли панҷ масъала мусоидат намоянд

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / АНО "Дирекция спортивных и социальных проектов" / Гузариш ба медиабонкАзим Иброхим, министр транспорта Республики Таджикистан
Азим Иброхим, министр транспорта Республики Таджикистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2026
Обуна шудан
Вазири нақлиёти Тоҷикистон аз ҳамтои эронии худ дархост кардааст, ки барои ҳалли як қатор масъалаҳо, ки метавонад ба рушди ҳамкориҳо ва ҳамлу нақл мусоидат кунад, мусоидат намояд
ДУШАНБЕ, 19 авг - Sputnik. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни сафари худ ба Теҳрон аз ҳамтои эронии худ хоҳиш кард, ки ба ҳалли баъзе масъалаҳо мусоидат намояд.
Вазири тоҷик аз ҷумла хоҳиш кардаст, ки мақомоти Эрон дар ташкили қатораи махсуси боркаши иборат аз вагонҳо-систернаҳо ҷиҳати самаранок амалӣ намудани ҳамлу нақл ба Тоҷикистон мусоидат намояд.
Ҳамчунин Тоҷикистон аз Эрон барои ҳалли масоили зерин дархости мусоидат кардааст:
бо ташкили режими махсус ва долони сабз таваҷҷуҳи афзалиятнок додан ба вагонҳои сӯзишворӣ барои Тоҷикистон ҳангоми ҳаракати онҳо дар шабакаи роҳи оҳани Эрон;
пешниҳоди имтиёзҳо дар шартномаи консессионӣ барои сохтмон, истифода ва баргардонидани иншоот ҷиҳати таъсис ва оғози фаъолияти маркази логистикии "Тоҷикистон" дар бандари "Чобаҳор";
рафъи мушкилоти воситаҳои нақлиёти Тоҷикистон ҳангоми ҳаракат дар қаламрави Эрон, ки ба рухсатномаҳои истифоданашуда барои ҳамлу нақли байналмилалӣ ва миқдори зарурии сӯзишворӣ дар зарфҳои мошин марбутанд;
ворид намудани тахфифҳо ба хизматрасониҳои заминӣ, навигатсионӣ ва таъминоти сӯзишворӣ дар фурудгоҳҳои Эрон, инчунин дар бимакунии парвозҳои ширкати "Сомон Эйр", ки қарор додааст парвозҳои ҳавопаймоиро ба самти Эрон оғоз кунад.
Қайд карда шудааст, ки вазири нақлиёти кишвар дар Теҳрон бо ҳамтои эрониаш ҳамчунин масъалаи таъсиси долони нави логистикии "Эрон – Афғонистон – Тоҷикистон – Чин" матраҳ кардааст.
Бензовоз. Иллюстративное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2026
Тоҷикистон аз Эрон 2,5 млн тонн сӯзишворӣ дархост кард
Таъкид шудааст, ки дар доираи ин хатсайр лоиҳаи бунёди роҳи оҳан низ пешбинӣ шудааст, ки он маблағгузории зиёдро талаб мекунад.
Лентаи хабарҳо
0