https://sputnik.tj/20260819/tojikiston-agregati-seumi-nbo-roghun-1079760765.html
Тоҷикистон ният дорад чархаи сеюми НБО Роғунро соли 2027 ба кор дарорад
Тоҷикистон ният дорад чархаи сеюми НБО Роғунро соли 2027 ба кор дарорад
Sputnik Тоҷикистон
Мутахассисони Оҷонсии байналмилалии рейтингии S&P Global Ratings эълон кардаанд, ки чархаи сеюми НБО “Роғун” дар семоҳаи сеюми соли 2027 ба кор андохзта мешавад
2026-08-19T12:42+0500
2026-08-19T12:42+0500
2026-08-19T12:42+0500
дар тоҷикистон
энергетика
нбо роғун
сохтмон
чарха
барқ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/02/1067796990_0:160:3074:1889_1920x0_80_0_0_026794411eee1ea4beb60a8e1ac4a45a.jpg
ДУШАНБЕ, 19 авг - Sputnik. Тибқи иттилои таҳлилгарони Оҷонсии байналмилалии рейтингии S&P Global Ratings, Тоҷикистон метавонад сохтмони чархаи сеюми нерӯгоҳи барқи обии Роғунро дар семоҳаи сеюми соли оянда ба анҷом расонад."Анҷоми сохтмони турбинаи сеюми НБО “Роғун” дар семоҳаи сеюми соли 2027 ба нақша гирифта шудааст. Интизор меравад, ки дар баробари беҳтар шудани имконоти идоракунии сатҳи об дар поёноб, иқтидори истеҳсоли нерӯи барқи кишварро ба таври назаррас афзоиш диҳад. Ҳамчунин сатҳи устувори истеҳсоли нерӯи барқро дар тӯли сол таъмин кунад ва эҳтимолан баъзе масъалаҳои сохтории марбут ба эътимоднокии таъминоти нерӯи барқро ҳал кунад", - гуфта мешавад дар шарҳи таҳлилгарони S&P.Ёдовар мешавем, ки ин ширкат чанде пеш рейтинги қарзии соҳибихтиёрии Тоҷикистонро аз "B" ба "B+" бо дурнамои "устувор" боло бурд.Сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ соли 2016 оғоз ёфт. Тибқи иттилои оҷонсӣ, барои маблағгузории ду турбинаи аввали нерӯгоҳ беш аз 3 миллиард доллар ҷудо шудааст.Дар мавод қайд карда шудааст, ки арзиши анҷомёбии нерӯгоҳи барқи обии Роғун то соли 2035 тақрибан 5,8 миллиард доллар арзёбӣ мешавад.Пас аз анҷоми лоиҳа, иқтидори мавҷудаи истеҳсоли нерӯи барқи кишвар беш аз 50% афзоиш хоҳад ёфт ва тақрибан 60% нерӯи барқи истеҳсолшуда ба Осиёи Марказӣ содир карда мешавад.Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун (НБО) дар дарёи Вахш соли 1987 оғоз ёфт, аммо лоиҳа дар солҳои 1990 бинобар фурӯпошии ИҶШС ва ҷанги шаҳрвандӣ ба таъхир афтод.Аз аввали солҳои 2000-ум инҷониб аз нав оғоз кардани корҳо чандин маротиба баррасӣ шуда буд, аммо он пайваста аз сабаби сармоягузории назаррас ба таъхир гузошта мешуд.Сохтмони НБО-и Роғун расман соли 2016 аз нав оғоз шуд. Дар маросим президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзид. Ба итмом расидани сохтмони нерӯгоҳ тақрибан 6,3 млрд доллар арзиш дорад.Тибқи лоиҳа, баландии сарбанд 335 метр хоҳад буд, ки онро баландтарин сарбанди пур аз санг дар ҷаҳон мегардонад. Иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳи барқи обӣ, пас аз ба кор андохтани шаш агрегати он, 3,6 ГВт хоҳад буд, ки онро бузургтарин дар Осиёи Марказӣ хоҳад кард.Ин нерӯгоҳи барқи обии бисёрфунксионалӣ барои истеҳсоли нерӯи барқ, танзими об, коҳиши хатари обхезӣ ва рафъи хушксолӣ истифода мешавад. Интизор меравад, ки ба кор андохтани нерӯгоҳи барқи обӣ барои ҳалли мушкилоти норасоии нерӯи барқ дар зимистон, аз байн бурдани маҳдудияти нерӯи барқ ва афзоиши иқтидори содиротии нерӯи барқ дар Тоҷикистон мусоидат кунад. Айни замон, нерӯгоҳи барқи обӣ ду агрегат дорад: аввалин агрегат 9 сентябри соли 2018 ва дуюмаш дар соли 2019 ба кор андохта шудааст.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/59108
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/02/1067796990_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_554c80cdd452c186c959bc9b2376bded.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, энергетика, нбо роғун, сохтмон, чарха, барқ
дар тоҷикистон, энергетика, нбо роғун, сохтмон, чарха, барқ
Тоҷикистон ният дорад чархаи сеюми НБО Роғунро соли 2027 ба кор дарорад
Мутахассисони Оҷонсии байналмилалии рейтингии S&P Global Ratings эълон кардаанд, ки чархаи сеюми НБО “Роғун” дар семоҳаи сеюми соли 2027 ба кор андохзта мешавад
ДУШАНБЕ, 19 авг - Sputnik. Тибқи иттилои таҳлилгарони Оҷонсии байналмилалии рейтингии S&P Global Ratings, Тоҷикистон метавонад сохтмони чархаи сеюми нерӯгоҳи барқи обии Роғунро дар семоҳаи сеюми соли оянда ба анҷом расонад.
"Анҷоми сохтмони турбинаи сеюми НБО “Роғун” дар семоҳаи сеюми соли 2027 ба нақша гирифта шудааст. Интизор меравад, ки дар баробари беҳтар шудани имконоти идоракунии сатҳи об дар поёноб, иқтидори истеҳсоли нерӯи барқи кишварро ба таври назаррас афзоиш диҳад. Ҳамчунин сатҳи устувори истеҳсоли нерӯи барқро дар тӯли сол таъмин кунад ва эҳтимолан баъзе масъалаҳои сохтории марбут ба эътимоднокии таъминоти нерӯи барқро ҳал кунад", - гуфта мешавад дар шарҳи таҳлилгарони S&P.
Ёдовар мешавем, ки ин ширкат чанде пеш рейтинги қарзии соҳибихтиёрии Тоҷикистонро аз "B" ба "B+" бо дурнамои "устувор" боло бурд.
Сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ соли 2016 оғоз ёфт. Тибқи иттилои оҷонсӣ, барои маблағгузории ду турбинаи аввали нерӯгоҳ беш аз 3 миллиард доллар ҷудо шудааст.
Дар мавод қайд карда шудааст, ки арзиши анҷомёбии нерӯгоҳи барқи обии Роғун то соли 2035 тақрибан 5,8 миллиард доллар арзёбӣ мешавад.
Пас аз анҷоми лоиҳа, иқтидори мавҷудаи истеҳсоли нерӯи барқи кишвар беш аз 50% афзоиш хоҳад ёфт ва тақрибан 60% нерӯи барқи истеҳсолшуда ба Осиёи Марказӣ содир карда мешавад.
Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун (НБО) дар дарёи Вахш соли 1987 оғоз ёфт, аммо лоиҳа дар солҳои 1990 бинобар фурӯпошии ИҶШС ва ҷанги шаҳрвандӣ ба таъхир афтод.
Аз аввали солҳои 2000-ум инҷониб аз нав оғоз кардани корҳо чандин маротиба баррасӣ шуда буд, аммо он пайваста аз сабаби сармоягузории назаррас ба таъхир гузошта мешуд.
Сохтмони НБО-и Роғун расман соли 2016 аз нав оғоз шуд. Дар маросим президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзид. Ба итмом расидани сохтмони нерӯгоҳ тақрибан 6,3 млрд доллар арзиш дорад.
Тибқи лоиҳа, баландии сарбанд 335 метр хоҳад буд, ки онро баландтарин сарбанди пур аз санг дар ҷаҳон мегардонад. Иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳи барқи обӣ, пас аз ба кор андохтани шаш агрегати он, 3,6 ГВт хоҳад буд, ки онро бузургтарин дар Осиёи Марказӣ хоҳад кард.
Ин нерӯгоҳи барқи обии бисёрфунксионалӣ барои истеҳсоли нерӯи барқ, танзими об, коҳиши хатари обхезӣ ва рафъи хушксолӣ истифода мешавад. Интизор меравад, ки ба кор андохтани нерӯгоҳи барқи обӣ барои ҳалли мушкилоти норасоии нерӯи барқ дар зимистон, аз байн бурдани маҳдудияти нерӯи барқ ва афзоиши иқтидори содиротии нерӯи барқ дар Тоҷикистон мусоидат кунад. Айни замон, нерӯгоҳи барқи обӣ ду агрегат дорад: аввалин агрегат 9 сентябри соли 2018 ва дуюмаш дар соли 2019 ба кор андохта шудааст.