Дар МОИ Тоҷикистон 10%-и ширкатҳо бо саҳми Русия фаъолият доранд

© Foto / Пресс-служба администрации Хатлонской области областиПроизводство в СЭЗ "Куляб"
Производство в СЭЗ Куляб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2026
Обуна шудан
Ба гуфтаи мақомоти Русия саҳми ширкатҳои Русия дар минтақаҳои озоди иқтисодии (МОИ) Тоҷикистон дар ҳоли афзоишанд
ДУШАНБЕ, 15 апр – Sputnik. Ширкатҳои Русия тақрибан 10%-и шумораи умумии ширкатҳои сабтшуда дар минтақаҳои озоди иқтисодии (МОИ) Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.
Дар ин бора Александр Рибас, намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо хабаргузории ТАСС хабар додааст.
Ба гуфтаи вай ин рақам дар ояндаи наздик метавонад афзоиш ёбад.
"Ширкатҳои Русия тақрибан 10%-и ҳамаи ширкатҳои сабтшудаи минтақаҳои озоди Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, аммо ин рақам ниҳоӣ нест", - гуфт Рибас.
Вай афзуд, ки танҳо дар соли 2025 намояндагӣ барои соҳибкорони рус чор миссияи тиҷоратӣ ва беш аз 20 боздид аз Минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ ташкил кард, ки дар он бартариҳои фаъолият дар минтақаҳои саноатӣ маълумоти муфассал дода шуд.
Намояндаи тиҷоратӣ бовар дорад, ки "ин кор метавонад боиси афзоиши таваҷҷӯҳи ширкатҳои русӣ ба минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон гардад."
Дар моҳи сентябри соли 2025, Созмони рушди саноати Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИДО) ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо маблағгузории Русия лоиҳаи эҷоди платформаи рақамӣ "Равзанаи ягона барои минтақаҳои озоди иқтисодӣ"-ро оғоз карданд.
Производство в свободной экономической зоне Сугд  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2026
Аз МОИ “Суғд” ба 15 кишвари ҷаҳон маҳсулот содирот мешавад
Ҳадафи лоиҳа ҷалби сармоягузорон ба минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ ва ҷалби сармоя барои таъсиси корхонаҳо ва ҷойҳои нави корӣ дар минтақаҳои саноатӣ мебошад.
Дар Тоҷикистон панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият мекунад. Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, шумораи субъектҳои бақайдгирифташуда дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ба 130 расидааст, ки ин рақам дар соли 2025 нисбат ба соли гузашта 25 адад афзоиш ёфт.
Вазорат иқтисод хабар дода буд, ки ҳаҷми истеҳсоли саноатии ҳамаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар соли 2025 беш аз 73 миллион долларро ташкил дод, дар ҳоле ки дар соли 2024 ин нишондиҳанда беш аз 55 миллион долларро ташкил медод. Сармоягузорӣ ба корхонаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ тақрибан 11,5 миллион долларро ташкил дод.
Қонун "Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон" соли 2011 қабул карда шуд. Минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои ҷалби сармоягузории хориҷӣ, технологияҳои нав ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулот ва молҳои гуногун таъсис дода шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0