Дар Тоҷикистон ҷоизаи байналмилалии ба номи Абӯалӣ ибни Сино таъсис дода шуд

© Sputnik / А. Варфоломеев
/ Обуна шудан
Бар асоси фармон Ҳукумати Тоҷикистон низомномаеро барои ин ҷоиза таҳия хоҳад кард, ки "қадами бесобиқа" дар омӯзиши мероси илмии фарзанди мардуми тоҷик хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Дар Тоҷикистон ҷоизаи байналмилалӣ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис меёбад.
Дар ин бора, фармони раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон имзо шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисиҷумҳур.
Бар асоси фармон Ҳукумати Тоҷикистон низомномаеро барои ин ҷоиза таҳия хоҳад кард, ки "қадами бесобиқа" дар омӯзиши мероси илмии фарзанди мардуми тоҷик хоҳад буд.
Ин ташаббус барои мукофотонидани олимон дар сатҳи ҷаҳонӣ равона шудааст ва ин ҷоиза ба афроде дода мешавад, ки саҳми назаррас дар рушди соҳаи тандурустӣ ва илми байналмилалӣ гузоштаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳурии Тоҷикистон.

Қобили зикри хос аст, ки дар осори илмии Абӯалӣ ибни Сино масъалаи саломатӣ ва беҳдошт мавқеи калидӣ дошта, мавзуъҳои вобаста ба саломатии инсон, муҳити зист ва пешгирии бемориҳои сироятӣ дар мероси илмии ӯ васеъ инъикос ёфтаанд.
Ба шарофати осори абадзиндаи хеш ибни Сино имрӯз низ ҳамқадами ҷомеаи башарӣ мебошад.
Таҳқиқоти илмӣ ва назарияву пешниҳодҳои амалии Абӯалӣ ибни Сино то ба имрӯз аҳаммияти илмӣ ва амалии хешро на танҳо нигоҳ доштаанд, балки барои рушди солимии ҷомеаи ҷаҳон, махсусан дар самти пешгирӣ кардани бемориҳои сироятӣ, ки солҳои охир аҳли башарро ба таҳлука андохтаанд, мусоидат карда, тавассути усулҳои ҳозиразамон тасдиқ гардидаанд.
Бояд гуфт. ки дар Тоҷикистон Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе як ноҳия ба номи ин нобиға номгузорӣ шудааст.
Ҳамзамон, ҳар сол 18 август тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” рӯзи таваллуди Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб дар кишвар ҷашн гирифта мешавад.
Иқдоми зикршуда ба ҳавасманд гардонидани олимони соҳаи тиб на танҳо дар дохили кишвар, балки дар сатҳи байналмилалӣ равона гардида, бори дигар аз таърихи деринаи илми тибби тоҷик шаҳодат медиҳад ва дар ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи тандурустӣ ва беҳдошти байналмилалӣ саҳми бориз мегузорад.
Ба ҷоизаи мазкур шахсоне мушарраф мегарданд, ки дар рушди соҳаи тандурустии байналмилалӣ ва илми тибби ҷаҳонӣ саҳми барҷаста гузоштаанд.