Бо нархи пешин: мақомоти Тоҷикистон бори дигар талош фурӯши чойхонаи "Харбуза"-ро доранд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЧайхана "Харбуза" в Гиссаре
Чайхана Харбуза в Гиссаре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2026
Обуна шудан
Мақомот борҳо барои фурӯши ин бино талош доранд, ки охиринаш 12-уми декабр, аммо касе ҳозир нашудааст, ки бо ин маблағ чунин биноро бихарад
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон бори дигар талош мекунад, ки чойхонаи миллии "Харбуза"-ро фурӯшанд.

Музояда барои хариди он 8 сентябр дар назар буда, нархаш ҳамоно 34,9 млн сомонӣ муқаррар шудааст.
Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хабар медиҳад.

Манбаъ масоҳати биноро, ки дар шаҳри Ҳисор ҷойгир мебошад, 4,3 ҳазор метри мураббаъ ва масоҳати замини онро 4,8 га гуфт.
Мақомот борҳо барои фурӯши ин бино талош доранд, ки охиринаш 12-уми декабр, аммо касе ҳозир нашудааст, ки бо ин маблағ чунин биноро бихарад.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ аз соли 2022 ин бароро беш аз 34,9 млн соомнӣ нархгузорӣ кардаву, қимати онро тӯли солҳо на поён ва ё боло намебарад.

Чойхонаи мазкур соли 2015 бо ҳузури раисҷумҳури Тоҷикистон ифтитоҳ шуда, аз соли 2016 ба ин сӯ фаъолият намекунад.
Чойхонаи мазкур соли 2015 бо ҳузури раисҷумҳури Тоҷикистон ифтитоҳ шуда, аз соли 2016 ба ин сӯ фаъолият намекунад.
Бояд гуфт, ки Ҳукумати Тоҷикистон ин чойхонаро рӯзи 27-уми сентябри соли 2024 аввалин маротиба ба музояда гузаошта буд.
Эмомали Рахмон ознакомился с ходом строительства Национального театра в Душанбе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2026
Раҳмон дастур дод, ки бинои Театри миллӣ дар муҳлатҳои муаяншуда ба анҷом расонида шавад
Дар гузашта чойхонаи “Харбуза” хусусӣ буд ва дар пайи қарздории “Агроинвестбонк” ба ҳисоби давлат гузашт.
Бинои “Чойхонаи миллӣ”, ки намуди зоҳириаш ба харбуза монанд аст, соли 2015 ба ифтихори 3000-солагии шаҳри Ҳисор сохта шудааст ва ҳоло аз кор бозмонда, ба таъмир ниёз дорад.
Чойхонаи “Харбуза” дар шаҳри Ҳисор, бо сармояи Муродалӣ Алимардон, раиси пешини Бонки Миллӣ ва “Агроинвестбонк” сохта шудааст.
Чойхона аз ду ошёна иборат буда, ошёнаи дуюмаш шакли харбузаро дорад. Ба ин макон бештар сокинону сайёҳони хориҷӣ барои тамошо мерафтанд. Бар иддаои мақомот баъди ифтитоҳи чойхона 100 нафар бо кор таъмин мегардиданд, аммо ба қавли сокинон ин чойхона се моҳ фаъолият кардаасту халос.
Лентаи хабарҳо
0