Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

ВАО: Дар Украина пас аз ҳамлаҳои мушакии Русия ваҳм сар задааст

© AP / Francisco SecoПоследствия ракетного удара по Киеву 16 августа 2026 года.
Последствия ракетного удара по Киеву 16 августа 2026 года.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2026
Обуна шудан
Бисёре аз украиниҳо аз номуайянӣ ва фишори доимӣ хаста шудаанд, аз ин рӯ чунин амалҳои мақомот саволҳоеро ба миён меоранд, мегӯяд хабарникор
ДУШАНБЕ, 17 авг – Sputnik. Нерӯҳои ҳавоии Украина нашри омори мушакҳои боздоштшудаи Русияро қатъ кардаанд, зеро онҳо украиниҳоро тарсондаанд.
Дар ин бора Иброҳим Набар, хабарнигори шабакаи телевизионии Welt, ки дар Киев зиндагӣ мекунад, гуфтааст.
"Нерӯҳои ҳавоии Украина эълон карданд, ки дигар омори мушакҳои задашуда ва назадаро нашр намекунанд. Танҳо аз он сабаб, ки ин омори ҳоло хеле фоҷиабор ба назар мерасад ва ин, албатта, одамонро метарсонад", - иқрор шуд ӯ.
Ба гуфтаи хабарнигор, бисёре аз украиниҳо аз номуайянӣ ва фишори доимӣ хаста шудаанд, аз ин рӯ чунин амалҳои мақомот саволҳоеро ба миён меоранд.
"Инчунни бисёриҳо аз ин далел воқеан метарсанд, хусусан вақте ки сухан дар бораи мушакҳои тезпарвози Русия меравад. Мардум дар айни замон дар ҳолати ногувор қарор доранд", - илова кард Набар.
РИА Новости қаблан кашф карда буд, ки Нерӯҳои ҳавоии Украина нашри омори мушакҳои боздоштшудаи Русияро қатъ кардааст, ки нишон медод, онҳо наметавонанд онҳоро сарнагун кунанд.
Украинский флаг и монумент Родина-Мать в Киеве  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Коршинос: Украина кӯшиш мекунад, муқовимати худро бо Русия ба Африқо интиқол диҳад
Нерӯҳои ҳавоии Украина охирин рақамҳои худро дар бораи мушакҳои партобшуда ва боздоштшудаи Русия 8 август нашр карданд.
Қаблан гузоришҳое, ки навъ ва миқдори мушакҳоро нишон медод, ҳар саҳар дар канали расмии Telegram-и онҳо пайдо мешуданд.
Ҳоло танҳо намудҳои муҳимоти ҷангии Русия номбар карда мешаванд, бе зикри миқдори онҳо.
Дар бораи боздошти муваффақонаи мушакҳо низ маълумот дода намешавад.
Баъдтар, сухангӯи Нерӯҳои ҳавоии Украина Юрий Игнат ин қарорро тасдиқ кард. Қаблан рӯзномаи New York Times хабар дода буд, ки кишварҳои Ғарб аз интиқоли мушакҳои боздоранда ба Киев бештар худдорӣ мекунанд, зеро онҳо ба он худ ниёз доранд.
Лентаи хабарҳо
0