https://sputnik.tj/20260816/korshinos-ukraina-kushish-muqovimat-rusiya-afriqo-intiqol-1079708013.html
Коршинос: Украина кӯшиш мекунад, муқовимати худро бо Русия ба Африқо интиқол диҳад
Коршинос: Украина кӯшиш мекунад, муқовимати худро бо Русия ба Африқо интиқол диҳад
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи коршинос, истифодаи қаламрави Либия дар низоъе, ки ба худи кишвар рабте надорад, метавонад онро ба бӯҳронҳои нав оварда расонад
2026-08-16T17:52+0500
2026-08-16T17:52+0500
2026-08-16T17:52+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
украина
низоъ
африқо
либиё
судон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/01/1064951865_0:160:3074:1889_1920x0_80_0_0_49ded380dff3c7a4793bd27273360620.jpg
ДУШАНБЕ, 16 авг - Sputnik. Украина мехоҳад ҷангиёнро барои истифода бар зидди Русия дар Малӣ ҷалб кунад ва ҳамзамон нуқтаҳои нави оташгирандаро барои суст кардани нуфузи Русия дар Африқо ва кушодани ҷабҳаи нав берун аз қаламрави Украина эҷод кунад. Дар ин бора Муҳаммад ал-Тарҳунӣ, коршиноси низомии либиягӣ, ба РИА "Новости" изщор дошт.Қаблан, расонаҳои Либия муроҷиати як фаъоли судониро нашр карданд, ки дар он гуфта мешуд, ки шаҳрвандони Судон ва дигар кишварҳои Африқо дар Либия таҳти баҳонаи корҳои амниятӣ ҷалб карда мешаванд, ки пас аз он онҳоро маҷбур мекунанд, ки омӯзиши низомӣ гузаронанд ва барои ҷанг ба Украина ва Малӣ фиристода шаванд. Ба гуфтаи коршинос, истифодаи қаламрави Либия дар низоъе, ки ба худи кишвар рабте надорад, метавонад онро ба бӯҳронҳои нав - ҳам дар Судон ва ҳам дар минтақаи Саҳел - кашад ва вазъияти амниятиро боз ҳам мураккабтар кунад, ки ба суботи давлати Африқо таъсири манфӣ мерасонад. "Истифодаи қаламрави Либия дар низоъе, ки ба Либия рабте надорад, метавонад боиси бӯҳронҳои нав гардад ва ба субот ва амнияти кишвар таъсири манфӣ расонад", - гуфт манбаъи агентӣ.Қаблан Василий Небензя, намояндаи доимии Русия дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) гуфта буд, ки Украина дар амалиёти террористӣ дар Африқо даст дорад. Вай қайд кард, ки ҳолатҳои ба дасти ҷангҷӯён дар Африқо ва Амрикои Лотинӣ афтодани силоҳҳои ғарбӣ ба Киев сабт шудааст.
https://sputnik.tj/20260816/sobiq-nizomi-turkiya-tamin-siloh-ukraina-etimod-rusiya-kohish-1079705953.html
русия
украина
либиё
судон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/01/1064951865_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_880bfb2309e5cf7c06256a4d7ae6784b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, низоъ, африқо, либиё, судон
русия, украина, низоъ, африқо, либиё, судон
Коршинос: Украина кӯшиш мекунад, муқовимати худро бо Русия ба Африқо интиқол диҳад
Ба гуфтаи коршинос, истифодаи қаламрави Либия дар низоъе, ки ба худи кишвар рабте надорад, метавонад онро ба бӯҳронҳои нав оварда расонад
ДУШАНБЕ, 16 авг - Sputnik. Украина мехоҳад ҷангиёнро барои истифода бар зидди Русия дар Малӣ ҷалб кунад ва ҳамзамон нуқтаҳои нави оташгирандаро барои суст кардани нуфузи Русия дар Африқо ва кушодани ҷабҳаи нав берун аз қаламрави Украина эҷод кунад.
Дар ин бора Муҳаммад ал-Тарҳунӣ, коршиноси низомии либиягӣ, ба РИА "Новости" изщор дошт.
Қаблан, расонаҳои Либия муроҷиати як фаъоли судониро нашр карданд, ки дар он гуфта мешуд, ки шаҳрвандони Судон ва дигар кишварҳои Африқо дар Либия таҳти баҳонаи корҳои амниятӣ ҷалб карда мешаванд, ки пас аз он онҳоро маҷбур мекунанд, ки омӯзиши низомӣ гузаронанд ва барои ҷанг ба Украина ва Малӣ фиристода шаванд.
"Ҳадафҳои чунин фаъолиятҳо маълум шудаанд: интиқоли муқовимат бо Русия ба дигар минтақаҳое, ки дар он ҷо нерӯҳои Русия ҳузур доранд, асосан дар Африқо", - гуфт ал-Тарҳунӣ.
Ба гуфтаи коршинос, истифодаи қаламрави Либия дар низоъе, ки ба худи кишвар рабте надорад, метавонад онро ба бӯҳронҳои нав - ҳам дар Судон ва ҳам дар минтақаи Саҳел - кашад ва вазъияти амниятиро боз ҳам мураккабтар кунад, ки ба суботи давлати Африқо таъсири манфӣ мерасонад.
"Истифодаи қаламрави Либия дар низоъе, ки ба Либия рабте надорад, метавонад боиси бӯҳронҳои нав гардад ва ба субот ва амнияти кишвар таъсири манфӣ расонад", - гуфт манбаъи агентӣ.
Қаблан Василий Небензя, намояндаи доимии Русия дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) гуфта буд, ки Украина дар амалиёти террористӣ дар Африқо даст дорад.
Вай қайд кард, ки ҳолатҳои ба дасти ҷангҷӯён дар Африқо ва Амрикои Лотинӣ афтодани силоҳҳои ғарбӣ ба Киев сабт шудааст.