Тоҷикистон истеҳсолу фурӯши намаки бе йодро манъ пурра мекунад
15:50 17.08.2026 (Навсозишуда: 16:00 17.08.2026)

© Depositphotos.com \ Ia__64
Обуна шудан
Вазоратҳои тандурустӣ ва саноат муваззаф шудаанд, ки истеҳсоли намаки ғанишударо дар ҷумҳурӣ назорат кунанд
ДУШАНБЕ, 17 авг - Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон истеҳсолу фурӯши намак дар қаламрави кишвар талаботи нав ҷорӣ кард.
Ҳамакнун аз 1 сентябри соли 2026 дар ҳудуди ҷумҳурӣ намаки ошӣ танҳо дар шакли ғанигардонидашуда (ба истиснои ҳолатҳои муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) истеҳсол ва ба фурӯш бароварда шавад, қарор кардааст ҳукумати Тоҷикистон.
Аз ҷумла илова кардани пайвастагии йодати калий дар назар аст.
Воридот, истеҳсол ва фурӯши намаки ошии йоднокнашуда дар Тоҷикистон манъ карда шавад, омадааст дар қарор.
Аз ҷумла илова кардани пайвастагии йодати калий дар назар аст.
Воридот, истеҳсол ва фурӯши намаки ошии йоднокнашуда дар Тоҷикистон манъ карда шавад, омадааст дар қарор.
Ҳукумати Тоҷикистон вазоратҳои тандурустӣ ва саноатро муваззаф кардааст, ки истеҳсоли намаки ғанишударо назорат кунанд.
Взорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур гирифтааст, назорати раванди йоднокгардонии намаки оширо дар корхонаҳои истеҳсоли намаки ошӣ тибқи меъёр ва қоидаҳои санитарӣ таъмин намояд.
Ҳамзамон таҳлили сифатӣ ва миқдории йодати калийро дар таркиби намаки ошӣ мунтазам анҷом дода, дар асоси натиҷаҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Ҳамзамон таҳлили сифатӣ ва миқдории йодати калийро дар таркиби намаки ошӣ мунтазам анҷом дода, дар асоси натиҷаҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Вазорат ҳамзамон бояд тавассути воситаҳои ахбори омма корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирии бемории ҷоғар миёни аҳолӣ роҳандозӣ ва маводди таҳлилӣ ва иттилоотиро оид ба амалисозии чорабиниҳо вобаста ба истеъмоли намаки ошии йоднокшуда пешниҳод намояд.
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон вазифадор шудааст, фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли намаки ошӣ ва фурӯши намаки ошии йодноккардашударо таҳти назорати доимӣ қарор диҳад.
Ин ниҳод ҷиҳати харид ва воридоти саривақтии йодати калий ва маводди зарурӣ барои йоднокгардонии намаки ошӣ чораҳои мушаххас андешад, омадааст дар қарор.
Ин ниҳод ҷиҳати харид ва воридоти саривақтии йодати калий ва маводди зарурӣ барои йоднокгардонии намаки ошӣ чораҳои мушаххас андешад, омадааст дар қарор.
