https://sputnik.tj/20240409/korkhona-asr-asht-namak-istehsol-video-1062403696.html
Корхонаи як асра: Дар Ашт чи гуна намак истеҳсол мекунанд – видео
Корхонаи як асра: Дар Ашт чи гуна намак истеҳсол мекунанд – видео
Sputnik Тоҷикистон
Масъулони коргоҳи “Намаки Ашт” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи усули истеҳсоли намаки ошӣ, ҳаҷми тавлидот ва мушкилоти ҷойдошта иброз намуданд
2024-04-09T19:15+0500
2024-04-09T19:15+0500
2024-04-09T19:42+0500
видео
нону намак
суғд
истеҳсол
коргоҳ
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/09/1062403098_0:0:1281:720_1920x0_80_0_0_5d78bcb5af6c59402d834928fb0103ea.jpg
Корхонаи “Намаки Ашт” мероси шӯравист, ки наздик ба 100 сол мешавад, ки ба истеҳсоли намак машғул аст.“Намаки Ашт” соли 1929 таъсис ёфтааст. Вале шуғли намакканӣ дар кону кӯлҳои ноҳияи Ашт садсолаҳо қабл, ҳанӯз дар замони давлатдории Сомониён маъмул будааст. Он замонҳо мардум оби чашмаҳои шӯрро ба ҳавзҳои хурд ҷамъ намуда, дар тобистони тасфон обро бухор намуда бо ҳамин тарз намак ҳосил карда онро ба бозорҳои Осиёи Миёна мерасониданд.Ғолибҷон Саидов, директори “Намаки Ашт” мегуяд, манбаъи ба даст овардани намаки бо сифати истеъмолӣ палҳо (кон) ва чашмаҳои таббии худҷорӣ аст. Бино ба гуфтаи ӯ, то замоне, ки намак ба даст оварда шавад, онҳо намакобро ба ҳавзҳои хурд рехта баъди бухор шудани об, намаки наҳшоншуда мавриди коркард қарор дода мешавад.Сафари президент дар Суғд аз чӣ оғоз шуд?“Моҳҳои май – сентябр ҷараёни ҷамъ кунии намакоб аст. Баъдан то моҳи ноябрро намакҳои таҳшоншударо аз ҳавзҳо канда дар анбор хирман намуда он коркард аз ҷумла майдакунӣ, ёддноккунӣ ба иҷро расонида мешавад” – гуфт, директори коргоҳ.Ин ҳамсуҳбати мо зикр кард, ки ба ҳар тонаи намаки истеъмоли 50 гр ёд ҳамроҳ карда мешавад ва ин меъёри ҷаҳонӣ аст. Ба ҷузъ ёдноккунӣ, сафедӣ (тозагӣ) ва андозаи ғурӯшаҳои намак ва дараҷаи намии он тибқи арзёбии сифат ба назари эътибор гирифта мешавад.Мушкили № 1: рақобати носолим дар намакканӣБино ба иттилоъи Ғолибҷон Саидов, давоми соли 2023 дар “Намаки Ашт” кам ё беш аз 16 ҳазор тон намак истихроҷ кардаанд, ки аз ин 10 тон намаки истеъмолӣ буда, боқимонда намакҳои техникӣ гуфта мешавад.Ин дар ҳолест, ки дар замони Шӯравӣ ин коргоҳ солона беш аз 30 ҳазор тон намак истеҳсол мекард.МОИ Тоҷикистон ба маблағи қариб 2,4 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаандҒолибҷон Саидов, мегуяд, ба иқтидори истеҳсолии замони шӯравӣ баробар кардани тавлидот дар ин коргоҳ имкон дорад, аммо дар ин ҷода мушкилоте сади ин кор мегардад.Вай, гуфт, рақобати носолим дар самти истеҳсоли намак дар баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар монеъаи аслии рушди истеҳсоли намак дар коргоҳи онҳо будааст.“Мо барои истихроҷ иҷозатнома дорем, пайваста маблағи андоз месупорем, аммо баъзеҳо на чунин санад доранду на андоз месупоранд ва ба истеҳсоли намак машғуланд. Мутаасифона чунин як фазои рақобати носолим мавҷуд аст. Намак чизе аст, ки агар нархи онро арзон кунед, маҳсулоти сифатнок ба даст оварда намешавад. Барои он, ки ҳаҷми сифати маҳсулот ба арзиши аслии он, хароҷот талаб мекунад” – гуфт, директори “Намаки Ашт”.Захираи фаровони намак дар АштЗахираи намаки Ашт дар шимоли Тоҷикистон дар масофаи 20 км тул дорад ва гуфта мешавад аз бузургтарин манбаҳои ин навъи маъдан дар кишварҳои Осиёи Миёна аст.Бозсозии қалъаи Хуҷанд дар ҳоли анҷомёбист - видеоБаъди омӯзиши ҳаматарафа олимон маълум кардаанд, ки дар ин макон ҳудуди 1 миллиард тон ҷузъиёти намак мавҷуд аст ва имкон дорад дар сурати коркард, талаботи тамоми курраи заминро асрҳо бо намак таъмин хоҳад кард.Намаки истеъмолӣ умдатан аз намакоби қаъри замин ба даст меояд, ки маълум намудани ҳаҷми он ғайриимкон аст.Намакро анқариб ҳамаи одамон дар таом истифода мебаранд ва изҳор ҳам медоранд, ки “таъом бе намак маззае надорад”.Дар кору масоили сиёсӣ ҳам маъмулан аз намак истифода мекунанд. Бо баробари ворид шудани меҳмоне ба вижа раисони ҷумҳур ба остонаи ҳар кишвар, қабл аз ҳама бо нону намак ба пешвозаш мераванд. Инро рамзи нияти нек ва эҳтирому пос доштани меҳмон аз ҷониби мизбон шарҳ медиҳанд.
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/09/1062403098_0:0:961:720_1920x0_80_0_0_1c69905f75ee3e66e019712d581e6248.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, суғд, кон, намак, истеҳсол, тавлидот, мушкилот, саноат
видео, суғд, кон, намак, истеҳсол, тавлидот, мушкилот, саноат
Корхонаи як асра: Дар Ашт чи гуна намак истеҳсол мекунанд – видео
19:15 09.04.2024 (Навсозишуда: 19:42 09.04.2024) Эксклюзив
Масъулони коргоҳи “Намаки Ашт” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи усули истеҳсоли намаки ошӣ, ҳаҷми тавлидот ва мушкилоти ҷойдошта иброз намуданд
Корхонаи “Намаки Ашт” мероси шӯравист, ки наздик ба 100 сол мешавад, ки ба истеҳсоли намак машғул аст.
“Намаки Ашт” соли 1929 таъсис ёфтааст. Вале шуғли намакканӣ дар кону кӯлҳои ноҳияи Ашт садсолаҳо қабл, ҳанӯз дар замони давлатдории Сомониён маъмул будааст. Он замонҳо мардум оби чашмаҳои шӯрро ба ҳавзҳои хурд ҷамъ намуда, дар тобистони тасфон обро бухор намуда бо ҳамин тарз намак ҳосил карда онро ба бозорҳои Осиёи Миёна мерасониданд.
Ғолибҷон Саидов, директори “Намаки Ашт” мегуяд, манбаъи ба даст овардани намаки бо сифати истеъмолӣ палҳо (кон) ва чашмаҳои таббии худҷорӣ аст. Бино ба гуфтаи ӯ, то замоне, ки намак ба даст оварда шавад, онҳо намакобро ба ҳавзҳои хурд рехта баъди бухор шудани об, намаки наҳшоншуда мавриди коркард қарор дода мешавад.
“Моҳҳои май – сентябр ҷараёни ҷамъ кунии намакоб аст. Баъдан то моҳи ноябрро намакҳои таҳшоншударо аз ҳавзҳо канда дар анбор хирман намуда он коркард аз ҷумла майдакунӣ, ёддноккунӣ ба иҷро расонида мешавад” – гуфт, директори коргоҳ.
Ин ҳамсуҳбати мо зикр кард, ки ба ҳар тонаи намаки истеъмоли 50 гр ёд ҳамроҳ карда мешавад ва ин меъёри ҷаҳонӣ аст. Ба ҷузъ ёдноккунӣ, сафедӣ (тозагӣ) ва андозаи ғурӯшаҳои намак ва дараҷаи намии он тибқи арзёбии сифат ба назари эътибор гирифта мешавад.
Мушкили № 1: рақобати носолим дар намакканӣ
Бино ба иттилоъи Ғолибҷон Саидов, давоми соли 2023 дар “Намаки Ашт” кам ё беш аз 16 ҳазор тон намак истихроҷ кардаанд, ки аз ин 10 тон намаки истеъмолӣ буда, боқимонда намакҳои техникӣ гуфта мешавад.
Ин дар ҳолест, ки дар замони Шӯравӣ ин коргоҳ солона беш аз 30 ҳазор тон намак истеҳсол мекард.
Ғолибҷон Саидов, мегуяд, ба иқтидори истеҳсолии замони шӯравӣ баробар кардани тавлидот дар ин коргоҳ имкон дорад, аммо дар ин ҷода мушкилоте сади ин кор мегардад.
Вай, гуфт, рақобати носолим дар самти истеҳсоли намак дар баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар монеъаи аслии рушди истеҳсоли намак дар коргоҳи онҳо будааст.
“Мо барои истихроҷ иҷозатнома дорем, пайваста маблағи андоз месупорем, аммо баъзеҳо на чунин санад доранду на андоз месупоранд ва ба истеҳсоли намак машғуланд. Мутаасифона чунин як фазои рақобати носолим мавҷуд аст. Намак чизе аст, ки агар нархи онро арзон кунед, маҳсулоти сифатнок ба даст оварда намешавад. Барои он, ки ҳаҷми сифати маҳсулот ба арзиши аслии он, хароҷот талаб мекунад” – гуфт, директори “Намаки Ашт”.
Захираи фаровони намак дар Ашт
Захираи намаки Ашт дар шимоли Тоҷикистон дар масофаи 20 км тул дорад ва гуфта мешавад аз бузургтарин манбаҳои ин навъи маъдан дар кишварҳои Осиёи Миёна аст.
Баъди омӯзиши ҳаматарафа олимон маълум кардаанд, ки дар ин макон ҳудуди 1 миллиард тон ҷузъиёти намак мавҷуд аст ва имкон дорад дар сурати коркард, талаботи тамоми курраи заминро асрҳо бо намак таъмин хоҳад кард.
Намаки истеъмолӣ умдатан аз намакоби қаъри замин ба даст меояд, ки маълум намудани ҳаҷми он ғайриимкон аст.
Намакро анқариб ҳамаи одамон дар таом истифода мебаранд ва изҳор ҳам медоранд, ки “таъом бе намак маззае надорад”.
Дар кору масоили сиёсӣ ҳам маъмулан аз намак истифода мекунанд. Бо баробари ворид шудани меҳмоне ба вижа раисони ҷумҳур ба остонаи ҳар кишвар, қабл аз ҳама бо нону намак ба пешвозаш мераванд. Инро рамзи нияти нек ва эҳтирому пос доштани меҳмон аз ҷониби мизбон шарҳ медиҳанд.