https://sputnik.tj/20260817/tijorat-tojikiston-eron-afzudaast-1079714008.html
Тиҷорати Тоҷикистону Эрон беш аз 14% афзудааст
Тиҷорати Тоҷикистону Эрон беш аз 14% афзудааст
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ва Эрон бо ба роҳ мондани ҳамкориҳои навту газӣ рушди тиҷорати муттақобиларо боз ҳам зиёд карданиянд
2026-08-17T09:35+0500
2026-08-17T09:35+0500
2026-08-17T09:50+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0e/1055492900_0:189:1106:811_1920x0_80_0_0_55dacaf8ee1cd744acc733d6260107f8.jpg
ДУШАНБЕ, 17 авг – Sputnik. Новобаст аз вазъи сиёсӣ дар Ховари Миёна тиҷорати Тоҷикистон бо Эрон раванди рушдро нигоҳ медорад.Кишварҳо зарфи ним соли гузашта 254,3 млн доллар тиҷорат доштаанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32,8 млн доллар ё 14,8% зиёд мебошадДар ин бора дар дидори Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, раиси ҷониби тоҷикистонии Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон Далер Ҷумъа ва ҳайати кишвар бо муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф таъкид шуд.Дар ин давра воридот то 205,7 млн доллар (+17,5%) афзоиш ёфта, содирот ба 48,6 млн доллар (+4,7%) расид. Ғайр аз ин, молҳои Эрон 3,7%-и гардиши умумии тиҷорати хориҷии Тоҷикистонро ташкил доданд.Дар ҷараёни вохӯрӣ Далер Ҷумъа ва Муҳаммадризо Ориф ҳамкориҳои дуҷонибаи ду кишвар ҳамзабон ва дӯсту бародар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Ҷонибҳо ба масъалаи густариши муносибатҳо дар соҳаи нафту газ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд, ки ба гунаие мавзӯи аслии ин сафари ҳайати Тоҷикистон буд.Душанбе бо сабаби мушкили воридот аз Русия тайи чанд моҳи ахир роҳҳои нави воридотро меҷӯяд, ки Теҳрон яке аз онҳост.Вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар дар Теҳрон гуфт, ки Тоҷикистон бо тавваҷуҳ ба шароити энержӣ дар ҷаҳон, талош мекунад воридоти фаровардаҳои нафтӣ аз Эронро афзоиш диҳад.Оқои Ҷумъа таъкд кард, ки ҳамкорӣ дар ҳавза нафт метавонад ба яке аз муҳимтарин меҳварҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон табдил шавад.
https://sputnik.tj/20260816/daler-juma-tojikistoni-voridoti-nafti-eron-afzoish-1079701073.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0e/1055492900_0:59:1106:889_1920x0_80_0_0_949bb3af525a9e398575cae78985e43e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, иқтисод
дар тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, иқтисод
Тиҷорати Тоҷикистону Эрон беш аз 14% афзудааст
09:35 17.08.2026 (Навсозишуда: 09:50 17.08.2026) Тоҷикистон ва Эрон бо ба роҳ мондани ҳамкориҳои навту газӣ рушди тиҷорати муттақобиларо боз ҳам зиёд карданиянд
ДУШАНБЕ, 17 авг – Sputnik. Новобаст аз вазъи сиёсӣ дар Ховари Миёна тиҷорати Тоҷикистон бо Эрон раванди рушдро нигоҳ медорад.
Кишварҳо зарфи ним соли гузашта 254,3 млн доллар тиҷорат доштаанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32,8 млн доллар ё 14,8% зиёд мебошад
Дар ин бора дар дидори Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, раиси ҷониби тоҷикистонии Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон Далер Ҷумъа ва ҳайати кишвар бо муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф таъкид шуд.
Дар ин давра воридот то 205,7 млн доллар (+17,5%) афзоиш ёфта, содирот ба 48,6 млн доллар (+4,7%) расид.
Ғайр аз ин, молҳои Эрон 3,7%-и гардиши умумии тиҷорати хориҷии Тоҷикистонро ташкил доданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Далер Ҷумъа ва Муҳаммадризо Ориф ҳамкориҳои дуҷонибаи ду кишвар ҳамзабон ва дӯсту бародар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо ба масъалаи густариши муносибатҳо дар соҳаи нафту газ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд, ки ба гунаие мавзӯи аслии ин сафари ҳайати Тоҷикистон буд.
Душанбе бо сабаби мушкили воридот аз Русия тайи чанд моҳи ахир роҳҳои нави воридотро меҷӯяд, ки Теҳрон яке аз онҳост.
Вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар дар Теҳрон гуфт, ки Тоҷикистон бо тавваҷуҳ ба шароити энержӣ дар ҷаҳон, талош мекунад воридоти фаровардаҳои нафтӣ аз Эронро афзоиш диҳад.
Оқои Ҷумъа таъкд кард, ки ҳамкорӣ дар ҳавза нафт метавонад ба яке аз муҳимтарин меҳварҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон табдил шавад.