https://sputnik.tj/20260816/daler-juma-tojikistoni-voridoti-nafti-eron-afzoish-1079701073.html
Далер Ҷумъа: Тоҷикистони воридоти фаровардаҳои нафтӣ аз Эронро афзоиш медиҳад
Далер Ҷумъа: Тоҷикистони воридоти фаровардаҳои нафтӣ аз Эронро афзоиш медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар дар Теҳрон гуфт, ки Тоҷикистон бо тавваҷуҳ ба шароити энержӣ дар ҷаҳон, талош мекунад воридоти фаровардаҳои нафтӣ аз Эронро афзоиш диҳад
2026-08-16T10:21+0500
2026-08-16T10:21+0500
2026-08-16T10:21+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
энергетика
нафт
сӯзишворӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/10/1072147741_0:466:2813:2048_1920x0_80_0_0_23d5217ea2e783492db1be435b5368fa.jpg
ДУШАНБЕ, 16 авг - Sputnik. Далер Ҷумъа пас аз дидор бо Муҳсин Покинажод, вазири нафти Эрон баён кард, ки имрӯз мулоқоти матлубе бо вазири нафти Эрон доштем ва ҳайати баландпоя аз Тоҷикистон ба Эрон сафар кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Шоно”.Вай афзуд, ки барномаи аслии сафари ин ҳайат ба Теҳрон, баррасии роҳкорҳои афзоиши воридоти фаровардаҳои нафтӣ аз Эрон ба Тоҷикистон аст, ба вижа дар шароите, ки бисёре аз кишварҳои ҷаҳон бо чолишҳои ҳавзаи энержии рӯ ба рӯ ҳастанд ва Душанбе низ аз ин шароит таъсир пазируфта аст.Вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон идома дод, ки дар дидор бо вазири нафти Эрон, ҷузъиёти ҳамкорӣ дар заминаи воридоти фаровардаҳои нафтӣ, аз ҷумла навъи маҳсул ва миқдори мавриди ниёз, баррасӣ шуд.Ҷумъа дар бораиҳаҷми воридоти фаровардаҳои нафтӣ аз Эрон низ гуфт, ки миқдори фаровардаҳоӣ ки метавон ворид кард, ба шароиту зарфиятҳои логистикӣ бастагӣ дорад ва ин мавзуро дар чанд марҳалаи баррасӣ хоҳем кард.Вай бо ишора ба ҳузури вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон дар ҳайате, ки ба Эрономадааст гуфт, вазири нақлиёти Тоҷикистон, ки раёсати камиссиюни муштараки ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистонро низ ба уҳда дорад, дар ин музокирот ҳузур дошт ва масоили муртабит бо зарфиятҳои ҳамлу нақл ва логистикаро баррасӣ кард.Вазири энергетика ва захоири оби Тоҷикистон таъкд кард, ки ҳамкорӣ дар ҳавза нафт метавонад ба яке аз муҳимтарин меҳварҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон табдил шавад.Ҷумъа бо ибрози итминон дар бораи ояндаи ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар гуфт, ки ҳаҷми воридоту тиҷорат ба масоили логистикӣ вобаста аст, аммо мутмаинам тавсеаи ин ҳамкориҳо ва афзоиши тиҷорат дар ҳавза энержӣ метавонад таъсири мусбат бар равобити иқтисодӣ ватиҷории ЭронуТоҷикистон дошта бошад.
https://sputnik.tj/20260808/tojikiston-kharidi-mahsuloti-nafti-1079549244.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/10/1072147741_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_5763884c32e8b85273d714b3a3a7a203.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, энергетика, нафт, сӯзишворӣ
дар тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, энергетика, нафт, сӯзишворӣ
Далер Ҷумъа: Тоҷикистони воридоти фаровардаҳои нафтӣ аз Эронро афзоиш медиҳад
Вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар дар Теҳрон гуфт, ки Тоҷикистон бо тавваҷуҳ ба шароити энержӣ дар ҷаҳон, талош мекунад воридоти фаровардаҳои нафтӣ аз Эронро афзоиш диҳад
ДУШАНБЕ, 16 авг - Sputnik. Далер Ҷумъа пас аз дидор бо Муҳсин Покинажод, вазири нафти Эрон баён кард, ки имрӯз мулоқоти матлубе бо вазири нафти Эрон доштем ва ҳайати баландпоя аз Тоҷикистон ба Эрон сафар кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Шоно”.
Вай афзуд, ки барномаи аслии сафари ин ҳайат ба Теҳрон, баррасии роҳкорҳои афзоиши воридоти фаровардаҳои нафтӣ аз Эрон ба Тоҷикистон аст, ба вижа дар шароите, ки бисёре аз кишварҳои ҷаҳон бо чолишҳои ҳавзаи энержии рӯ ба рӯ ҳастанд ва Душанбе низ аз ин шароит таъсир пазируфта аст.
Вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон идома дод, ки дар дидор бо вазири нафти Эрон, ҷузъиёти ҳамкорӣ дар заминаи воридоти фаровардаҳои нафтӣ, аз ҷумла навъи маҳсул ва миқдори мавриди ниёз, баррасӣ шуд.
Ҷумъа дар бораиҳаҷми воридоти фаровардаҳои нафтӣ аз Эрон низ гуфт, ки миқдори фаровардаҳоӣ ки метавон ворид кард, ба шароиту зарфиятҳои логистикӣ бастагӣ дорад ва ин мавзуро дар чанд марҳалаи баррасӣ хоҳем кард.
Вай бо ишора ба ҳузури вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон дар ҳайате, ки ба Эрономадааст гуфт, вазири нақлиёти Тоҷикистон, ки раёсати камиссиюни муштараки ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистонро низ ба уҳда дорад, дар ин музокирот ҳузур дошт ва масоили муртабит бо зарфиятҳои ҳамлу нақл ва логистикаро баррасӣ кард.
Вазири энергетика ва захоири оби Тоҷикистон таъкд кард, ки ҳамкорӣ дар ҳавза нафт метавонад ба яке аз муҳимтарин меҳварҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон табдил шавад.
Ҷумъа бо ибрози итминон дар бораи ояндаи ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар гуфт, ки ҳаҷми воридоту тиҷорат ба масоили логистикӣ вобаста аст, аммо мутмаинам тавсеаи ин ҳамкориҳо ва афзоиши тиҷорат дар ҳавза энержӣ метавонад таъсири мусбат бар равобити иқтисодӣ ватиҷории ЭронуТоҷикистон дошта бошад.