Қариб нисфи медалу пули Чемпионати ҷаҳон оид ба куштиро паҳлавонҳои тоҷик гирифтанд

© Foto / Пресс-служба Рустама ЭмомалиВторой чемпионат мира по гуштингири.
Второй чемпионат мира по гуштингири.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2026
Обуна шудан
Маблағи умумии ҷоиза 400 ҳазор долларро ташкил медод, ки аз он 150 ҳазор долларашро паҳлавонҳои тоҷик соҳиб шуданд
ДУШАНБЕ, 17 авг – Sputnik. Мунтахаби Тоҷикистон дар дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки тайи се рӯзи гузашта дар Душанбе доир шуд, 12 медал ба даст овард.
Табқи омори ҷамъбасти мусобиқа паҳлавонҳои тоҷик 5 медали тило, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ ба даст оварданд, ки ҳама миёни мардонанд. Мутаассифона миёни намояндагони ҷинси латиф аз кишвар касе медал ба даст наовард.
Медалҳои тиллои Тоҷикистонро Муҳаммад Салимов дар вазни то 65 кг, Абдуллои Ориф дар вазни то 71 кг, Муҳаммадшариф Наҷмиддинов дар вазни то 78 кг, Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 95 кг ба даст оварданд.
Нуқраҳоро бошад, дар вазни то 71 кг Умар Шеров, дар вазни то 78 кг Қоим Шукронов ва дар вазни беш аз 95 кг Шарифҷон Назриев соҳиб шуданд.
Медалҳои биринҷиро Ёсин Бобокалонов дар вазни то 65 кг, Муҳаммадисо Раҷабов дар вазни то 71 кг, Акмал Муродов дар вазни то 95 кг ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни беш аз 95 кг соҳиб гардиданд, хабар медиҳад "Варзиш ТВ"
Эмомали Нурали и Обид Джебов вышли в финал в весовой категории до 66 кг на чемпионате Азии по дзюдо. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2026
Радабандии нав: Мавқеи ҷудокорони тоҷик дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо
Маблағи умумии ҷоиза 400 ҳазор долларро ташкил медод, ки аз он 150 ҳазор долларашро паҳлавонҳои тоҷик соҳиб шуданд.
Тибқи муқаррароти чемпионат, ба ғолибони ҷойи якум 20 ҳазор доллари ИМА, ба барандагони медали нуқра 10 ҳазор ва ба соҳибони медалҳои биринҷӣ 5 ҳазор доллар тақдим шуд.
Дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ ба гузориши дастандарткорон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, дар он 200 варзишкор аз 70 давлати ҷаҳон ширкат доштанд.
Лентаи хабарҳо
0