https://sputnik.tj/20260805/radabandii-mavqei-judokoroni-tojik-fehristi-jahonii-judo-1079485543.html
Радабандии нав: Мавқеи ҷудокорони тоҷик дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо
Радабандии нав: Мавқеи ҷудокорони тоҷик дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо
Sputnik Тоҷикистон
Федератсияи байналмилалии ҷудо радабандии нави ҷаҳониро нашр кард, ки дар садри он чанде аз намояндагони Тоҷикистон низ шомиланд
2026-08-05T18:41+0500
2026-08-05T18:41+0500
2026-08-05T18:41+0500
навигариҳои варзиши тоҷикистон
дзюдо
варзишгарони тоҷик
паҳлавон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/10/1076890275_76:40:674:376_1920x0_80_0_0_db30572114ad77f41ef7e01cbf646454.jpg
ДУШАНБЕ, 5 авг - Sputnik. Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) дар сомонаи расмиаш феҳристи варзишгаронро дар радабандии инфиродии ҷаҳонӣ нашр кардааст, ки паҳлавонони тоҷик низ ба ин рӯйхат шомил шудаанд.Дар ин феҳрист Муҳиддин Асадуллоев ва Эмомалӣ Нуралӣ дар байни варзишгарони тоҷик дар феҳристи ҷаҳонӣ натиҷаҳои беҳтаринро ба даст оварда, пешсаф мебошанд.Муҳиддин Асадуллоев дар феҳристи ҷаҳонӣ миёни мардон дар вазни то 73 кило бо 4565 имтиёз дар ҷойи аввал қарор гирифтааст.Дар ин вазн боз як варзишгари тоҷик – Абубакр Шеров - бо 1606 имтиёз дар мақоми 24-ум қарор гирифтааст.Эмомалӣ Нуралӣ дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 66 кило бо 3880 имтиёз дар ҷойи дувум аст.Дар ин вазн Такеши Такеоке аз Ҷопон бо 4180 имтиёз дар радабандии ҷаҳонӣ дар мақоми аввал аст.Дигар паҳлавони тоҷик Обид Ҷебов дар ин вазн бо 2980 имтиёз дар ҷойи шашум қарор дорад.Паҳлавони номдори дигари тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 81 кило бо 2882 имтиёз дар ҷойи панҷум қарор гирифтааст.Ин натиҷа дар байни варзишгарони тоҷик севум мебошад.Дар вазни то 81 кило Темур Арбузови русиягӣ бо 4050 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад.Дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо, инчунин Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) бо 2398 имтиёз ҷойи 14-ум ва Меҳрзод Сӯфиев (-60 кг) бо 1654 имтиёз ҷойи 24-умро ишғол кардаанд.Духтарони гуштигири тоҷик низ ба феҳристи ҷаҳонии ҷудо дохил шудаанд. Мадина Қурбонзода (-52 кг) бо 766 имтиёз дар ҷойи 49-ум, Виктория Киселёва (+78 кг) бо 410 имтиёз дар ҷойи 68-ум ва Александра Кан (-57 кг) бо 457 имтиёз дар ҷойи 76-ум мебошанд.Радабандии ҷаҳонии Федератсияи байнулмилалии ҷудо – низоми арзёбии дастовардҳои ҷудокорон аст, ки дар он натиҷаҳои ҳунарнамоӣ дар мусобиқаҳои аз ҷониби IJF иҷозашуда ба инобат гирифта мешавад. Радабандӣ мунтазам навсозӣ шуда, натиҷаҳои ҷории варзишии ҷудокоронро дар вазнҳои гуногун нишон медиҳад.Мавқеи назарраси ҷудокорони тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ дар ҳолест, ки чанде пеш Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишвар – Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов, Обид Ҷебов, Абдуллоҳи Ориф, Умедҷон Раҷабов, Виктория Киселёва ва Александра Канро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард.Сабаби ин кор “вайрон кардани интизоми касбӣ, сарпечӣ ва ҳозир нашудан”-и онҳо ба 3 давраи ҷамъомади таълимиву тамринии дастаҷамъона гуфта мешавад.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/58702
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/10/1076890275_126:37:623:410_1920x0_80_0_0_2f9abbabadf83d42bb469631c7053991.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
навигариҳои варзиши тоҷикистон, дзюдо, варзишгарони тоҷик, паҳлавон
навигариҳои варзиши тоҷикистон, дзюдо, варзишгарони тоҷик, паҳлавон
Радабандии нав: Мавқеи ҷудокорони тоҷик дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо
Федератсияи байналмилалии ҷудо радабандии нави ҷаҳониро нашр кард, ки дар садри он чанде аз намояндагони Тоҷикистон низ шомиланд
ДУШАНБЕ, 5 авг - Sputnik. Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) дар сомонаи расмиаш феҳристи варзишгаронро дар радабандии инфиродии ҷаҳонӣ нашр кардааст, ки паҳлавонони тоҷик низ ба ин рӯйхат шомил шудаанд.
Дар ин феҳрист Муҳиддин Асадуллоев ва Эмомалӣ Нуралӣ дар байни варзишгарони тоҷик дар феҳристи ҷаҳонӣ натиҷаҳои беҳтаринро ба даст оварда, пешсаф мебошанд.
Муҳиддин Асадуллоев дар феҳристи ҷаҳонӣ миёни мардон дар вазни то 73 кило бо 4565 имтиёз дар ҷойи аввал қарор гирифтааст.
Дар ин вазн боз як варзишгари тоҷик – Абубакр Шеров - бо 1606 имтиёз дар мақоми 24-ум қарор гирифтааст.
Эмомалӣ Нуралӣ дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 66 кило бо 3880 имтиёз дар ҷойи дувум аст.
Дар ин вазн Такеши Такеоке аз Ҷопон бо 4180 имтиёз дар радабандии ҷаҳонӣ дар мақоми аввал аст.
Дигар паҳлавони тоҷик Обид Ҷебов дар ин вазн бо 2980 имтиёз дар ҷойи шашум қарор дорад.
Паҳлавони номдори дигари тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 81 кило бо 2882 имтиёз дар ҷойи панҷум қарор гирифтааст.
Ин натиҷа дар байни варзишгарони тоҷик севум мебошад.
Дар вазни то 81 кило Темур Арбузови русиягӣ бо 4050 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад.
Дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо, инчунин Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) бо 2398 имтиёз ҷойи 14-ум ва Меҳрзод Сӯфиев (-60 кг) бо 1654 имтиёз ҷойи 24-умро ишғол кардаанд.
Духтарони гуштигири тоҷик низ ба феҳристи ҷаҳонии ҷудо дохил шудаанд. Мадина Қурбонзода (-52 кг) бо 766 имтиёз дар ҷойи 49-ум, Виктория Киселёва (+78 кг) бо 410 имтиёз дар ҷойи 68-ум ва Александра Кан (-57 кг) бо 457 имтиёз дар ҷойи 76-ум мебошанд.
Радабандии ҷаҳонии Федератсияи байнулмилалии ҷудо – низоми арзёбии дастовардҳои ҷудокорон аст, ки дар он натиҷаҳои ҳунарнамоӣ дар мусобиқаҳои аз ҷониби IJF иҷозашуда ба инобат гирифта мешавад. Радабандӣ мунтазам навсозӣ шуда, натиҷаҳои ҷории варзишии ҷудокоронро дар вазнҳои гуногун нишон медиҳад.
Мавқеи назарраси ҷудокорони тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ дар ҳолест, ки чанде пеш Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишвар – Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов, Обид Ҷебов, Абдуллоҳи Ориф, Умедҷон Раҷабов, Виктория Киселёва ва Александра Канро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард.
Сабаби ин кор “вайрон кардани интизоми касбӣ, сарпечӣ ва ҳозир нашудан”-и онҳо ба 3 давраи ҷамъомади таълимиву тамринии дастаҷамъона гуфта мешавад.