Ҷумъа Хон Фотеҳ, фармондеҳи норозии Толибон* пас аз ҳафтае ҷанг таслим шуд

© REUTERS /SAYED HASSIBЧлены движения Талибан в Кабуле, Афганистан, 15 августа 2026 года.
Члены движения Талибан в Кабуле, Афганистан, 15 августа 2026 года.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2026
Обуна шудан
Манбаъҳо гуфтаанд, ки Фотеҳ, ҳамроҳ бо чанд фармондеҳи худ ба Файзобод, маркази вилояти Бадахшон интиқол дода шудаанд ваи ҳанӯз маълум нест, ки ин афрод пас аз интиқол ба куҷо бурда мешаванд ва сарнавишти онҳо низ номаълум аст.
ДУШАНБЕ, 17 авг - Sputnik. Ҷумъа Хон Фотеҳ, фармондеҳи норозии Толибони" пас аз қариб як ҳафтаи задухӯрдҳо бо ин гуруҳ таслим шудааст.
Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, ӯ дар ҳузури сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ Фасеҳуддини Фитрат дар вилояти Бадахшон ба артиш таслим шуд.
"Манбаъҳои амниятӣ ба шабакаи телевизионь гуфтанд, ки Ҷумъа Хон Фотеҳ ва афродаш пас аз чанд рӯзи муқовимат ва муҳосираи нерӯҳои амниятӣ дар ноҳияи Нусайи вилояти Бадахшон ба мақомот таслим шуданд",- менависад Telegram-канали телевизиони Ariana news.
Ба гуфтаи манбаъҳои расона, "аз сабаби шиддат гирифтани муҳосира, Фотеҳ ва ҷангиёнаш силоҳҳои худро дар маркази ноҳия ба замин гузоштанд".
Ба гуфтаи ин шабака, сардори Ситоди кулли Афғонистон Фасиҳуддин Фитрат низ барои назорат кардани вазъ ва гуфтушунид бо Фотеҳ ба Нусай омадааст.
"Манбаъҳо илова мекунанд, ки ҷонибдорони Фотеҳ халъи силоҳ карда мешаванд ва нерӯҳои амниятӣ назорати пурраи ноҳияро ба даст мегиранд", - гуфта мешавад дар гузориш.
Манбаъҳо гуфтаанд, ки Фотеҳ, ҳамроҳ бо чанд фармондеҳи худ ба Файзобод, маркази вилояти Бадахшон интиқол дода шудаанд ваи ҳанӯз маълум нест, ки ин афрод пас аз интиқол ба куҷо бурда мешаванд ва сарнавишти онҳо низ номаълум аст.
То ҳол Толибон* дар бораи таслим ва интиқоли ин афрод ягон тафсилот надодаанд.
На таджикский-афганской границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2026
“Ҷанги Нусай”: як зан дар Дарвози Тоҷикистон ҷон бохт
Дар ҳоле ки манбаъҳои маҳаллӣ дирӯз гуфта буданд, ки Ҷумъахон Фотеҳ ва Фасиҳуддин Фитрат, сардори ситоди артиши Толибон, бояд дар деҳаи Хоғз мулоқот ва гуфтушунид мекарданд, то дар бораи хотима додан ба даргириҳои ахир ба мувофиқа расанд.
Чанд рӯз пеш, Фотеҳ дар як паёми аудиоӣ шикоят карда буд, ки нерӯҳои Толибон* хонаҳои шаҳрвандонро дар Нусай кофтуков кардаанд ва ба гуфтаи ӯ, чанд нафари бегуноҳро куштаанд.
Илова бар ин даргириҳои дохилии Толибон* дар Бадахшон, гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи Толибон*, аз ҷумла "Ҷабҳаи озодии Афғонистон", низ гуфтаанд, ки онҳо дар чанд рӯзи охир ба нерӯҳои Толибон дар Зебок ҳамла кардаанд.
*-Гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0