https://sputnik.tj/20260813/jangi-nusay-yak-zan-darvozi-tojikiston-jon-bokht-1079660090.html
“Ҷанги Нусай”: як зан дар Дарвози Тоҷикистон ҷон бохт
“Ҷанги Нусай”: як зан дар Дарвози Тоҷикистон ҷон бохт
Sputnik Тоҷикистон
Дар пайи даргириҳое, ки дар қаламрави Бадахшони Афғонистон ҷараён дорад, як зани 20-солаи сокини ноҳияи Дарвози Тоҷикистон низ ҷон бохтааст
2026-08-13T20:15+0500
2026-08-13T20:15+0500
2026-08-13T20:27+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
марз
задухӯрд
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101458/11/1014581158_0:36:1600:936_1920x0_80_0_0_ce2bb918df37ceb06ebf5fd12ea987ed.jpg
ДУШАНБЕ, 13 авг - Sputnik. Дар он сӯи рӯдхона, аз ду рӯз ба ин сӯ даргирии шадиди мусаллаҳона миёни гурӯҳҳои Толибон* идома дорад.Манобеи Sputnik Тоҷикистон аз маҳал мегӯянд, ин зан зодаи рустои Шикев буда ва дар рустои Даштак зиндагӣ мекардааст.Бино бар иттилооти манобеи Sputnik Тоҷикистон, тайи ду рӯзи ахир се мавриди исобати гулӯлаҳои саргардон ба манозили мардум сабт шудааст.Дар ду рӯзи ахир, дар вулусволии Нусайи Дарвози Афғонистон, даргириҳо миёни фармондеҳи маҳаллии Толибон*, Ҷумъа Фотеҳ, ва нерӯҳои вижаи Толибон* идома дорад. Толибон* мехостанд фармондеҳи худро халъи силоҳ кунанд, аммо ӯ муқовимат кард.Бино бар гузориши манобеи Sputnik Тоҷикистон, аз маҳал, 6 тан аз мардуми мулкии вулусволии Нусай ва афроди Ҷумъа Фотеҳ ва 7 узви нерӯҳои вижаи Толибон* дар пайи ин даргириҳо ҷон бохтаанд. Теъдоди захмиҳо зиёд аст, аммо дақиқ нест. Даргириҳо ҳамчунон идома дорад.Вулусволии Нусай яке аз панҷ вулусволии Дарвозҳои Афғонистон аст ва дар муқобили ноҳияи Дарвози Тоҷикистон қарор дорад.*-Гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
афғонистон
толибон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101458/11/1014581158_0:0:1248:936_1920x0_80_0_0_4c1aabdcc9216610cdaad6371feddbb7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, афғонистон, марз, задухӯрд, толибон
дар тоҷикистон, афғонистон, марз, задухӯрд, толибон
“Ҷанги Нусай”: як зан дар Дарвози Тоҷикистон ҷон бохт
20:15 13.08.2026 (Навсозишуда: 20:27 13.08.2026) Эксклюзив
Дар пайи даргириҳое, ки дар қаламрави Бадахшони Афғонистон ҷараён дорад, як зани 20-солаи сокини ноҳияи Дарвози Тоҷикистон низ ҷон бохтааст
ДУШАНБЕ, 13 авг - Sputnik. Дар он сӯи рӯдхона, аз ду рӯз ба ин сӯ даргирии шадиди мусаллаҳона миёни гурӯҳҳои Толибон* идома дорад.
Манобеи Sputnik Тоҷикистон аз маҳал мегӯянд, ин зан зодаи рустои Шикев буда ва дар рустои Даштак зиндагӣ мекардааст.
“Гулӯлаи туфанги худкор ба самти чапи бадани ӯ исобат кард ва вай дар маҳалли ҳодиса ҷон бохт”, - гуфт манбаъ.
Бино бар иттилооти манобеи Sputnik Тоҷикистон, тайи ду рӯзи ахир се мавриди исобати гулӯлаҳои саргардон ба манозили мардум сабт шудааст.
“Як гулӯлаи хумпора (миномёт) ба замине пӯшида аз алафҳои хушк исобат кард ва мӯҷиби оташсӯзӣ шуд. Аммо сухтор хисорате дар пай надошт”, - гуфт манбаъ.
Дар ду рӯзи ахир, дар вулусволии Нусайи Дарвози Афғонистон, даргириҳо миёни фармондеҳи маҳаллии Толибон*, Ҷумъа Фотеҳ, ва нерӯҳои вижаи Толибон* идома дорад. Толибон* мехостанд фармондеҳи худро халъи силоҳ кунанд, аммо ӯ муқовимат кард.
Бино бар гузориши манобеи Sputnik Тоҷикистон, аз маҳал, 6 тан аз мардуми мулкии вулусволии Нусай ва афроди Ҷумъа Фотеҳ ва 7 узви нерӯҳои вижаи Толибон* дар пайи ин даргириҳо ҷон бохтаанд. Теъдоди захмиҳо зиёд аст, аммо дақиқ нест. Даргириҳо ҳамчунон идома дорад.
Вулусволии Нусай яке аз панҷ вулусволии Дарвозҳои Афғонистон аст ва дар муқобили ноҳияи Дарвози Тоҷикистон қарор дорад.
*-Гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.