Ҳашт кишвар Исроилро ба монеъ шудан ба нақшаи сулҳи Ғазза муттаҳам карданд

© AP / Jehad AlshrafiДым поднимается после израильского военного удара по городу Газа, Палестина
Дым поднимается после израильского военного удара по городу Газа, Палестина  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2026
Обуна шудан
Вазирон саркашии Исроилро аз татбиқи минбаъдаи нақшаи Трамп барои хотима додан ба низои Ғазза, инчунин зиддияти он барои таъсиси давлати Фаластин маҳкум карданд
ДУШАНБЕ, 17 авг – Sputnik. Тибқи изҳороти муштараки вазирони корҳои хориҷии ҳашт кишвар, ки Вазорати корҳои хориҷии Урдун нашр кардааст, Исроил барои монеъ шудан ба талошҳои сулҳ дар Навори Ғазза ва дигар қаламравҳои ишғолшудаи Фаластин пас аз рад кардани нақшаи роҳи татбиқи нақшаи президенти ИМА Доналд Трамп масъул аст.
Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу рӯзи 9 август изҳор дошт, ки Исроил то замони пурра халъи силоҳ шудани Ҳамос ба хуруҷи минбаъда аз Навори Ғазза розӣ нахоҳад шуд ва инчунин имкони таъсиси давлати Фаластинро рад кард.
"Ин раддия тасдиқ мекунад, ки Исроил ҳоло барои монеъ шудан ба талошҳо барои барқарор кардани сулҳ дар Ғазза ва дигар қаламравҳои ишғолшудаи Фаластин масъул аст",- омадааст дар изщорот.
Ин санад аз ҷониби вазирони корҳои хориҷии Урдун, АМА, Индонезия, Покистон, Туркия, Арабистони Саудӣ, Қатар ва Миср имзо шудааст.
Вазирон радди эълони Исроилро аз нақшаи роҳи татбиқи минбаъдаи нақшаи Трамп барои хотима додан ба низои Ғазза, ки аз ҷониби Қатъномаи 2803-и Шӯрои Амнияти СММ дастгирӣ мешавад, инчунин зиддияти Исроилро ба таъсиси давлати Фаластин маҳкум карданд.
Палестинцы бегут в укрытие во время израильского авиаудара по высотному зданию в городе Газа. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2025
Комиссиюни СММ: Исроил дар Ғазза муртакиби "наслкушӣ" шуда аст
Тавре ки дар изҳорот қайд шудааст, ин харитаи роҳ аз ҷониби гурӯҳҳои фаластинӣ қабул карда шудааст ва ҳамзамон бо хуруҷи нерӯҳои Исроил, ҷойгиркунии нерӯҳои байналмилалии устуворкунӣ, интиқоли ваколатҳои маъмурӣ ба Кумитаи миллии идоракунии Ғазза ва барқарорсозии анклав, тамаркузи силоҳро дар зери назорати ягона пешбинӣ мекунад.
Вазирон аз Иёлоти Муттаҳида даъват карданд, ки иштироки фаъоли худро дар ин раванд идома диҳад ва таъмин намояд, ки Исроил ӯҳдадориҳои худро тибқи нақша иҷро кунад ва таъкид карданд, ки Исроил барои оқибатҳои ҳар гуна радди минбаъда, таъхир ё монеъ шудан ба татбиқи созишномаҳо масъул хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0