Комиссиюни СММ: Исроил дар Ғазза муртакиби "наслкушӣ" шуда аст

© AP / Yousef Al ZanounПалестинцы бегут в укрытие во время израильского авиаудара по высотному зданию в городе Газа. Архивное фото
Палестинцы бегут в укрытие во время израильского авиаудара по высотному зданию в городе Газа. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2025
Обуна шудан
Як комиссиюни таҳқиқи Созмони Милали Муттаҳид ба ин натиҷа расидааст, ки Исроил дар Ғаззаи муртакиби наслкушӣ шуда аст
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Нови Пилоӣ, раиси комиссиюни мустақили байналмилалии таҳқиқи СММ дар умури сарзаминҳои ишғолии Фаластин, ахиран дар бораи ёфтаҳои худ ба Алҷазира гуфт, Исҳоқ Ҳартзуг, раисҷумҳури Исроил, Бинёмин Нитонёҳу, нахуствазир ва Йоав Голант , вазири дифои пешини ин кишвар ва дигар мақомҳои Исроилро масъӯл дониста аст.
Пилоӣ дар мусоҳибае гуфт: "Мо раисҷумҳур, нахуствазир ва вазири дифои собиқро бар асоси изҳорот ва дастуроте, ки додаанд , шиносоӣ кардаем".
"Аз он ҷо ки ин се нафар маъмури давлат буданд, тибқи қонун, давлат масъул шинохта мешавад. Аз ин рӯ, мо мегӯем, ки ин давлат Исроил аст, ки қотили ақвом шудааст", - гуфт вай.
Мувофиқи ин гузориш, ин комиссияи СММ дарёфтааст, ки ҳамроҳ бо баёноти маъмурони исроилӣ, "шавощиди заминӣ" вуҷуд дошта, ки мунҷар ба ёфтаҳои онҳо мабни бар "нияти наслкушӣ" шудааст.
Ин гузориш низ нишон медиҳад, ки ”Комиссияи СММ ба ин хулоса расидааст, ки маъмурони исроилӣ ва қувваҳои амниятии Исроил қасди наслкушӣ барои нобуди комил ё ҷузъи Фаластин дар НАвори Ғаззаро доранд”.
Зал Генеральной Ассамблеи ООН  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2025
Тоҷикистон аз қатъномаи СММ дар бораи таъсиси давлати Фаластин пуштибонӣ кард
Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Исроил дар паёме дар шабакаи иҷтимоии “X”, ёфтаҳои ин таҳқиқотро "сохта" хонда ва даъво кардааст, ки нависандагони ин гузориш "ҳамчун намояндагони Ҳамас амал мекунанд".
"Ин гузориш комилан мубтани бар дурӯғҳои Ҳамос аст, ки тавассути дигарон такрор ва тавзеҳ дода шудааст. Исроил қотеъона ин гузориш таҳриршуда ва дурӯғинро рад мекунад ва хостори лағви фаврии ин комиссиюн таҳқиқ аст", - қайд кардааст ин вазорат.
Ин дар ҳолест, ки Исроил пеш аз он низ аз сӯйи коршиносони СММ муттаҳам ба “наслкушӣ” дар Ғазза шудааст.
Лентаи хабарҳо
0