https://sputnik.tj/20260816/uzbekiston-keniya-sughd-izdivoj-khorijiho-afzud-1079703731.html
Аз Узбекистон то Кения: дар Суғд издивоҷ бо хориҷиҳо афзудааст
Аз Узбекистон то Кения: дар Суғд издивоҷ бо хориҷиҳо афзудааст
Sputnik Тоҷикистон
Дар байни домоду арӯсҳои хориҷӣ, ки бо сокинони вилояти Суғд издивоҷ кардаанд, аз ҳама бештар шаҳрвандони Узбекистон ва Қирғитзистон будаанд.
2026-08-16T14:20+0500
2026-08-16T14:20+0500
2026-08-16T14:20+0500
дар тоҷикистон
саҳш
издивоҷ
суғд
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0f/1046809061_0:321:3011:2014_1920x0_80_0_0_b356bbf7db0dd7d76f760e7c25805a89.jpg
ДУШАНБЕ, 16 авг - Sputnik. Дар вилояти Суғд сар аз аввали соли ҷорӣ никоҳ бо хориҷиҳо афзудааст.Дар ин муддат дар вилоят 19 ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст, гуфт сардори шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Дилноз Муҳаммадӣ зимни нишасти хабарияш.Ба иттилои ӯ, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳолат зиёд мебошад, ки он замон 16 маврид буд.Муҳаммадӣ афзуд, ки ҳолатҳои издивоҷи сокинони вилоят бо хориҷиён дар 8 шаҳру навоҳии қайд шудааст.Дар байни домоду арӯсҳои хориҷӣ, ки бо сокинони вилояти Суғд издивоҷ кардаанд, аз ҳама бештар шаҳрвандони Узбекистон ва Қирғитзистон будаанд.Аз ин дар ноҳияи Ашт як ақди никоҳ бо шаҳрванди Ӯзбекистон ва дар Айнӣ як никоҳ бо шаҳрванди Афғонистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 4 ҳолат бо шаҳрвандони Қирғизистон ва як ҳолат бо шаҳрванди Украина мебошад.Ҳамчунин дар шаҳри Истиқлол як ҳолат бо шаҳрванди Кения, дар Истаравшану Исфара якникоҳӣ бо шаҳрванди Узбекистону Русия ба қайд гирифта шудааст.Ҳамчунин, дар Конибодом ва Спитамен якнафарӣ бо шаҳрвандони Узбекистон, дар Панҷакент ду ҳолат бо узбекистониҳо ва як ҳолат бо шаҳрванди Туркманистон мебошад.Чӣ гуна дар Тоҷикистон ба хориҷиҳо ба шавҳар мебароянд?Дар Тоҷикистон аз шаҳрванди хориҷӣ ҳеҷ гуна боҷи пулӣ талаб намешавад, аммо як қатор шартҳоеро домодшаванда бояд иҷро кунад."Соли 2011 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳ шуд, ки тибқи он, агар яке аз тарафҳо шаҳрванди хориҷӣ бошад, бояд дар Тоҷикистон на камтар аз 12 моҳ пеш аз тӯй зиндагӣ карда бошад, шартномаи никоҳ имзо кунад ва уҳдадор шавад, ки зану фарзандони ояндаашро бо манзил таъмин мекунад", — шарҳ медиҳад ҳуқуқшинос Анвар Саидов.
https://sputnik.tj/20260716/tojikiston-nikohu-taloq-izdivoj-barmahal-kohish-1079001808.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0f/1046809061_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_5e9f41e669f1defc7c94feff28cf9930.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, саҳш, издивоҷ, суғд, иҷтимоъ
дар тоҷикистон, саҳш, издивоҷ, суғд, иҷтимоъ
Аз Узбекистон то Кения: дар Суғд издивоҷ бо хориҷиҳо афзудааст
Дар байни домоду арӯсҳои хориҷӣ, ки бо сокинони вилояти Суғд издивоҷ кардаанд, аз ҳама бештар шаҳрвандони Узбекистон ва Қирғитзистон будаанд.
ДУШАНБЕ, 16 авг - Sputnik. Дар вилояти Суғд сар аз аввали соли ҷорӣ никоҳ бо хориҷиҳо афзудааст.
Дар ин муддат дар вилоят 19 ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст, гуфт сардори шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Дилноз Муҳаммадӣ зимни нишасти хабарияш.
Ба иттилои ӯ, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳолат зиёд мебошад, ки он замон 16 маврид буд.
Муҳаммадӣ афзуд, ки ҳолатҳои издивоҷи сокинони вилоят бо хориҷиён дар 8 шаҳру навоҳии қайд шудааст.
Дар байни домоду арӯсҳои хориҷӣ, ки бо сокинони вилояти Суғд издивоҷ кардаанд, аз ҳама бештар шаҳрвандони Узбекистон ва Қирғитзистон будаанд.
Аз ин дар ноҳияи Ашт як ақди никоҳ бо шаҳрванди Ӯзбекистон ва дар Айнӣ як никоҳ бо шаҳрванди Афғонистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 4 ҳолат бо шаҳрвандони Қирғизистон ва як ҳолат бо шаҳрванди Украина мебошад.
Ҳамчунин дар шаҳри Истиқлол як ҳолат бо шаҳрванди Кения, дар Истаравшану Исфара якникоҳӣ бо шаҳрванди Узбекистону Русия ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамчунин, дар Конибодом ва Спитамен якнафарӣ бо шаҳрвандони Узбекистон, дар Панҷакент ду ҳолат бо узбекистониҳо ва як ҳолат бо шаҳрванди Туркманистон мебошад.
Чӣ гуна дар Тоҷикистон ба хориҷиҳо ба шавҳар мебароянд?
Дар Тоҷикистон аз шаҳрванди хориҷӣ ҳеҷ гуна боҷи пулӣ талаб намешавад, аммо як қатор шартҳоеро домодшаванда бояд иҷро кунад.
"Соли 2011 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳ шуд, ки тибқи он, агар яке аз тарафҳо шаҳрванди хориҷӣ бошад, бояд дар Тоҷикистон на камтар аз 12 моҳ пеш аз тӯй зиндагӣ карда бошад, шартномаи никоҳ имзо кунад ва уҳдадор шавад, ки зану фарзандони ояндаашро бо манзил таъмин мекунад", — шарҳ медиҳад ҳуқуқшинос Анвар Саидов.