Дар Тоҷикистон теъдоди никоҳу талоқ ва издивоҷҳои бармаҳал коҳиш ёфтааст

© Sputnik / Стас ЭтвешСвадьба в Таджикистане
Свадьба в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2026
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки ҷудошавии оилаҳо яке аз мушкилиҳои нигаронкунанда боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 16 июл - Sputnik. Дар нимаи аввали соли равон дар Тоҷикистон 27,5 ҳазор издивоҷ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2793 адад камтар аст.
Ин маълумот дар нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон расонаӣ шуд.
Мақомот мегӯянд, ҷудошавии оилаҳо аз мушкилиҳои нигаронкунанда боқӣ мемонад.
Тибқи иттилои Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия, аз моҳи январ то июни соли ҷорӣ 3526 талоқ низ ба қайд гирифта шудааст.
Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, шумораи талоқҳо 591 адад коҳиш ёфтааст.
Дар айни замон, шумораи кӯдакони ноболиғе, ки аз талоқи волидон осеб дидаанд, низ коҳиш ёфтааст.
Дар шаш моҳи аввал ин рақам ба 3111 кӯдак расид, ки нисбат ба соли гузашта 521 кӯдак камтар аст.
Свадебная церемония. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2026
Дар Тоҷикистон никоҳу талоқ кам шуд: Мақомот сабабашро гуфт
Намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оила дар нишасти хабарӣ ҳамчунин хабар доданд, ки дар нимаи аввали имсол ва бо иҷозаи додгоҳ 141 нафар барвақттар аз синни издивоҷ оиладор шудаанд.
Ин рақам дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 89 маврид камтар аст.
Дар Тоҷикистон оиладоршавӣ аз 18-солагӣ иҷозат аст. Танҳо бо қарори додгоҳ ва он ҳам дар ҳолатҳои истисноӣ синни издивоҷ як сол кам карда мешавад.
Бо вуҷуди тамоюли мусбат, Кумита мушкили пошхӯрии оилаҳоро яке аз мушкилоти муҳимтарини иҷтимоӣ мешуморад.
Аз ин рӯ, дар саросари кишвар корҳои васеъ барои пешгирӣ аз ҷудошавӣ, таҳкими институти оила, баланд бардоштани масъулияти ҳамсарон анҷом медиҳад. Кумита таъкид кард, ки корҳо дар бораи таҳкими институти оила ва баланд бардоштани арзишҳои оилавӣ бо ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шарикони байналмилалӣ идома хоҳанд ёфт.
Лентаи хабарҳо
0