https://sputnik.tj/20260718/tojikiston-voridoti-gandumu-ord-shakar-1079046268.html
Тоҷикистон воридоти гандуму орд зиёд карду шакарро кам
Тоҷикистон воридоти гандуму орд зиёд карду шакарро кам
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки дар кишвар 19 ширкат ба воридоти орд ба бозорҳо машғул аст
2026-07-18T14:49+0500
2026-07-18T14:49+0500
2026-07-18T14:49+0500
дар тоҷикистон
орд
гандум
воридот
кишоварзӣ
содирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039138197_0:156:3000:1844_1920x0_80_0_0_b54d788fa0e199bb99e9f5ee75c01f86.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июл – Sputnik. Раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон Ҳайдаралӣ Раҷабзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки аз январ то июни соли равон, ба кишвар 660,8 ҳазор тонна гандум ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,7% зиёдтар аст.Тибқи иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ, нархи миёнаи гандуми воридшуда 259 доллар барои як тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 10,7% зиёдтар аст.Воридоти орд 45,2% афзоиш ёфта, ба 35,4 ҳазор тонна расид, ки 11,3 миллион долларро ташкил дод. Орд бо нархи миёнаи 320 доллар барои як тонна пешниҳод шудааст.Ба гуфтаи ин ниҳод ордро ба бозори Тоҷикистон 19 ширкат ворид мекунад. Воридкунандагони бузургтарин ин ширкатҳои "Саҳад" (34,8% бозор), "Тоҷ Тур" (35,5%), Агентии таъмини амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ (11,7%) ва дигар иштирокчиёни бозор бо саҳми 18,1% мебошанд.Раҷабзода инчунин хабар дод, ки истеҳсоли орд дар кишвар дар моҳҳои январ-июни соли 2026 ба 399,4 ҳазор тонна расидааст, ки нисбат ба соли гузашта 31,6% афзоиш ёфтааст.Ҳамзамон воридоти шакар дар нимсолаи аввали сол 15,1% коҳиш ёфта, ба 80,8 ҳазор тонна расид. Шакар бо нархи миёнаи 667 доллар барои як тонна ба миқдори 53,9 миллион доллар харидорӣ шудааст.Тибқи омори гумрукӣ, нархи миёнаи як тонна шакар аз Русия 711 доллар, аз Беларус 975 доллар ва аз Ҳиндустон 556 долларро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20260430/istehsoli-ord-tojikiston-afzoish-1077176964.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039138197_184:0:2851:2000_1920x0_80_0_0_802f0f09cfaaaa51e534f63e8d0e26c7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, орд, гандум, воридот, кишоварзӣ, содирот
дар тоҷикистон, орд, гандум, воридот, кишоварзӣ, содирот
Тоҷикистон воридоти гандуму орд зиёд карду шакарро кам
Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки дар кишвар 19 ширкат ба воридоти орд ба бозорҳо машғул аст
ДУШАНБЕ, 18 июл – Sputnik. Раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон Ҳайдаралӣ Раҷабзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки аз январ то июни соли равон, ба кишвар 660,8 ҳазор тонна гандум ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,7% зиёдтар аст.
Тибқи иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ, нархи миёнаи гандуми воридшуда 259 доллар барои як тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 10,7% зиёдтар аст.
Воридоти орд 45,2% афзоиш ёфта, ба 35,4 ҳазор тонна расид, ки 11,3 миллион долларро ташкил дод. Орд бо нархи миёнаи 320 доллар барои як тонна пешниҳод шудааст.
Ба гуфтаи ин ниҳод ордро ба бозори Тоҷикистон 19 ширкат ворид мекунад. Воридкунандагони бузургтарин ин ширкатҳои "Саҳад" (34,8% бозор), "Тоҷ Тур" (35,5%), Агентии таъмини амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ (11,7%) ва дигар иштирокчиёни бозор бо саҳми 18,1% мебошанд.
Раҷабзода инчунин хабар дод, ки истеҳсоли орд дар кишвар дар моҳҳои январ-июни соли 2026 ба 399,4 ҳазор тонна расидааст, ки нисбат ба соли гузашта 31,6% афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон воридоти шакар дар нимсолаи аввали сол 15,1% коҳиш ёфта, ба 80,8 ҳазор тонна расид. Шакар бо нархи миёнаи 667 доллар барои як тонна ба миқдори 53,9 миллион доллар харидорӣ шудааст.
Тибқи омори гумрукӣ, нархи миёнаи як тонна шакар аз Русия 711 доллар, аз Беларус 975 доллар ва аз Ҳиндустон 556 долларро ташкил медиҳад.