Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд ба Тоҷикистон 200 млн. доллар қарз медиҳад

© Sputnik / Нина ЗотинаДенежные купюры США.
Денежные купюры США. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2026
Обуна шудан
Ба нақша гирифта шудааст, ки маблағҳои Фонд барои дастгирии устувории молияи давлатӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳои иҷтимоӣ истифода шаванд
ДУШАНБЕ, 15 август - Sputnik. Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд барои дастгирии буҷаи давлатӣ ба Тоҷикистон 200 миллион доллар қарз медиҳад.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Вазорати молия хабар додааст.
Созишномаи дахлдор дар Душанбе аз ҷониби вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва раиси Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд Ярослав Мандрон ба имзо раисдааст.
Қарз дар се марҳила дода мешавад: дар марҳилаи аввал 100 миллион доллар ва дар марҳилаҳои дуюм ва сеюм 50 миллион доллар.
Ин маблағҳо барои нигоҳ доштани устувории молияи давлатӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳои иҷтимоӣ истифода мешаванд.
Вазири рушди иқтисодӣ ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода низ бо Мандрон дидору гуфтугӯ кард.
Ҷонибҳо тақвияти ҳамкорӣ, маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохторӣ дар бахшҳои об ва энергетика, нақлиёт, рушди инфрасохтор дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ва суботи макроиқтисодиро баррасӣ карданд.
Церемония подписания кредитного соглашения между Республикой Таджикистан и Кувейтским фондом арабского экономического развития по проекту Развитие школ.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2026
Тоҷикистон барои сохтмони мактабҳо дар Суғду Хатлон аз Фонди кувайтӣ қарз гирифт
Ғайр аз ин, зимни мулоқоти Хуршед Мирзо, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон ва раиси Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд, масъалаҳои марбут ба вазъи рақамикунонӣ, рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва сиёсати давлатии кишвар дар ин самт баррасӣ карданд.
Муҳокима ба лоиҳаҳое равона карда шуд, ки метавонанд ба рушди иқтисоди рақамии кишвар ва бахши хусусӣ таъсири мустақим расонанд.
Лентаи хабарҳо
0