https://sputnik.tj/20260625/tojikiston-sokhtmoni-maktab-sughdu-khatlon-fondi-kuvayti-qarz-1078564299.html
Тоҷикистон барои сохтмони мактабҳо дар Суғду Хатлон аз Фонди кувайтӣ қарз гирифт
Тоҷикистон барои сохтмони мактабҳо дар Суғду Хатлон аз Фонди кувайтӣ қарз гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Байни Тоҷикистон ва Фонди Кувайтии рушди иқтисодиёти араб оид ба лоиҳаи "Рушди мактабҳо" Созишномаи қарзӣ ба имзо расид
2026-06-25T11:41+0500
2026-06-25T11:41+0500
2026-06-25T11:41+0500
дар тоҷикистон
қарздиҳӣ
кувайт
маориф
молия
мактаб
суғд
хатлон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/18/1078564035_77:298:1492:1094_1920x0_80_0_0_b6a8d59f03f77291290bd05721c79605.jpg
ДУШАНБЕ, 25 июн - Sputnik. Байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Бунёди кувайтӣ Созишномаи қарзӣ ба имзо расид, ки бар асоси он ин Бунёд ба Тоҷикистон барои маблағгузории лоиҳаи рушди мактабҳо дар кишвари мо ба маблағи 6 млн динори кувайтӣ ё тақрибан19,2 млн доллар вом медиҳад.Қайд карда шудааст, ки пурра маблағҳои қарзи имтиёзнок мебошад.Ҳамзамон дар доираи лоиҳаи "Рушди мактабҳо" 4,5 миллион доллар аз ҳисоби саҳми Ҳукумати Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.Ҳадафи ин лоиҳа сохтмони биноҳо ва иншооти таълимии нав дар ҷои даҳ мактаби мавҷуд дар минтақаҳои гуногуни Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва вилояти Хатлон мебошад.Дар чаҳорчӯби ин лоиҳа мактабҳои мазкур бо мебели омӯзишӣ, озмоишгоҳҳои илмӣ, васоити омӯзишӣ, ҳунарӣ ва варзишӣ муҷаҳҳаз гардида, зерсохтҳои лозим барои таъмини барқ, системаҳои гармидиҳӣ, хидматрасонии алоқа, оби нӯшокӣ ва шабакаҳои беҳдоштӣ ва корезӣ бунёд мешаванд.Таъкид шудааст, ки Бунёди кувайтӣ ихтисос додани маблағи 6 млн динори кувайтӣ, ки тақрибан 76 дарсади арзиши умумии лоиҳаро ташкил медиҳад, таъмин намуда, Ҳукумати Тоҷикистон хароҷоти боқимонда ва инчунин ҳар гуна афзоиши эҳтимолӣ дар хароҷоти арзиши лоиҳаро ба уҳда хоҳад гирифт.Муддати қарзи мазкур 26 сол буда, 5 соли он давраи имтиёзнок ё давраи танаффус мебошад.Нархи суди қарз 1 дарсад дар сол муайян гардида, илова бар он 0,5 дарсад кормузди солона барои пӯшиши хароҷоти мудирият ва татбиқи Созишномаи қарзӣ пешбинӣ шудааст.Бо имзо шудани ин Созишнома ва мавриди татбиқ қарор гирифтани он, воми мазкур ҳафтумин воме хоҳад буд, ки Бунёди кувайтӣ ба Тоҷикистон додааст. Аз ин пеш Бунёд ба Тоҷикистон ба маблағи умумии тақрибан 30 млн динори кувайтӣ шаш воми рушдӣ барои татбиқи лоиҳаҳои зерсохтӣ дар бахшҳои роҳсозӣ, энергетика ва обёрӣ дода буд.
https://sputnik.tj/20260530/kohishi-qarzi-berunai-tojikiston-1077923130.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/18/1078564035_192:278:1421:1200_1920x0_80_0_0_0c7a0226b4dbc0a719bee9153f61e54e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, қарздиҳӣ, кувайт, маориф, молия, мактаб, суғд, хатлон
дар тоҷикистон, қарздиҳӣ, кувайт, маориф, молия, мактаб, суғд, хатлон
Тоҷикистон барои сохтмони мактабҳо дар Суғду Хатлон аз Фонди кувайтӣ қарз гирифт
Байни Тоҷикистон ва Фонди Кувайтии рушди иқтисодиёти араб оид ба лоиҳаи "Рушди мактабҳо" Созишномаи қарзӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 25 июн - Sputnik. Байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Бунёди кувайтӣ Созишномаи қарзӣ ба имзо расид, ки бар асоси он ин Бунёд ба Тоҷикистон барои маблағгузории лоиҳаи рушди мактабҳо дар кишвари мо ба маблағи 6 млн динори кувайтӣ ё тақрибан19,2 млн доллар вом медиҳад.
Қайд карда шудааст, ки пурра маблағҳои қарзи имтиёзнок мебошад.
Ҳамзамон дар доираи лоиҳаи "Рушди мактабҳо" 4,5 миллион доллар аз ҳисоби саҳми Ҳукумати Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.
Ҳадафи ин лоиҳа сохтмони биноҳо ва иншооти таълимии нав дар ҷои даҳ мактаби мавҷуд дар минтақаҳои гуногуни Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва вилояти Хатлон мебошад.
Дар чаҳорчӯби ин лоиҳа мактабҳои мазкур бо мебели омӯзишӣ, озмоишгоҳҳои илмӣ, васоити омӯзишӣ, ҳунарӣ ва варзишӣ муҷаҳҳаз гардида, зерсохтҳои лозим барои таъмини барқ, системаҳои гармидиҳӣ, хидматрасонии алоқа, оби нӯшокӣ ва шабакаҳои беҳдоштӣ ва корезӣ бунёд мешаванд.
Таъкид шудааст, ки Бунёди кувайтӣ ихтисос додани маблағи 6 млн динори кувайтӣ, ки тақрибан 76 дарсади арзиши умумии лоиҳаро ташкил медиҳад, таъмин намуда, Ҳукумати Тоҷикистон хароҷоти боқимонда ва инчунин ҳар гуна афзоиши эҳтимолӣ дар хароҷоти арзиши лоиҳаро ба уҳда хоҳад гирифт.
Муддати қарзи мазкур 26 сол буда, 5 соли он давраи имтиёзнок ё давраи танаффус мебошад.
Нархи суди қарз 1 дарсад дар сол муайян гардида, илова бар он 0,5 дарсад кормузди солона барои пӯшиши хароҷоти мудирият ва татбиқи Созишномаи қарзӣ пешбинӣ шудааст.
Бо имзо шудани ин Созишнома ва мавриди татбиқ қарор гирифтани он, воми мазкур ҳафтумин воме хоҳад буд, ки Бунёди кувайтӣ ба Тоҷикистон додааст. Аз ин пеш Бунёд ба Тоҷикистон ба маблағи умумии тақрибан 30 млн динори кувайтӣ шаш воми рушдӣ барои татбиқи лоиҳаҳои зерсохтӣ дар бахшҳои роҳсозӣ, энергетика ва обёрӣ дода буд.