Тоҷикистон барои хариди маҳсулоти нафтӣ роҳҳои нав меҷӯяд

© Sputnik / Илья НаймушинЖелезнодорожные цистерны для перевозки топлива. Иллюстративное фото
Железнодорожные цистерны для перевозки топлива. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2026
Обуна шудан
Вазорати нақлиёт хабар дод, ки дар шароити болоравии нархи сӯзишворӣ дар ҷаҳон, мақомоти Тоҷикистон роҳҳои дигари таъминотро аз дигар кишварҳо ҷустуҷӯ доард
ДУШАНБЕ, 8 август – Sputnik. Дар ҳоле, ки дар бар асари амалиёти низомӣ дар Шарқи Наздик камбуди маводи сӯхт ва болоравии нархи онҳо ба вуҷуд омадааст, бисёр кишварҳо манбаъҳои алтернативии интиқоли сӯзишвориро меҷӯянд. Тоҷикистон истисно нест – Ҳукумати мамлакат дар самти даёфти роҳҳои нави таҳвили маҳсулоти нафтӣ фаъолона кор мебарад", - гуфта мешавад дар вебсайти вазорат.
Вазорати нақлиёт хотиррасон кардааст, ки 29 июл президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои қазоқиаш Қосим-Ҷомарт Тоқаев масъалаи афзоиши интиқоли маҳсулоти нафтӣ аз Қазоқистонро баррасӣ кард.
Ғайр аз ин, Вазорати энергетика бо Беларус, Эрон, Чин ва Туркманистон музокирот дар ин маврид анҷом додааст.
Масъалаи таъминоти сӯзишворӣ низ дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, ки 10 июл баргузор шуд, матраҳ шуд. Қайд карда шуд, ки "нархи ҷаҳонии сӯзишвории дизелӣ дар шароити болоравии нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ ба сатҳи рекордӣ расидааст".
" Ин раванд на танҳо ба соҳаи нақлиёт, балки ба бахши нигоҳдорӣ, таъмир ва таҷдиди роҳҳои автомобилгард низ таъсири манфӣ мерасонад. Бо болоравии нархи сӯзишвории дизелӣ аз 10,40 сомонӣ то 16-18 сомонӣ барои як литр, яъне тақрибан 55 фоиз, арзиши воқеии нигоҳдорӣ ва таъмири ҳар километри роҳ ба таври эҳсосшаванда боло меравад. Маблағгузории соҳаи роҳ, чун қоида, дар доираи буҷети тасдиқшуда сурат мегирад ва мутобиқи тағирёбии босуръати нархи захираҳои энергетикӣ зиёд намешавад", - таъкид кард Вазорати нақлиёт.
Заправка автомобиля. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2026
Захира ҳаст: шаҳрдори Хуҷанд итминон дод, ки нархи сӯзишворӣ боло бурда намешавад
Вазорат инчунин қайд кард, ки ноустувории нархи сӯзишворӣ метавонад ба ба арзиши ниҳоӣ, мӯҳлати татбиқ ва самаранокии иқтисодии ин лоиҳаҳо таъсири манфӣ расонад, чун қисми зиёди лоиҳаҳои инфрасохтори роҳҳои Тоҷикистон аз ҳисоби қарзҳои имтиёзнок ва грантҳои шарикони байналмилалии рушд маблағгузорӣ мешаванд.
Дар робита ба ин, дар маҷлиси ҳайати мушовараи вазорат Гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд ва он вазифадор шуд, ки нақшаи тадбирҳоиро бо пешниҳодҳои асоснок оид ба таъмини бефосилаи соҳа бо маводи сӯхт ва сӯзишвории дизелӣ таҳия намояд.

Мушкилоти сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Тибқи маълумоти Хадамоти зиддимонополии Тоҷикистон, беш аз 91% маҳсулоти нафтии воридшуда ба кишвар дар нимаи аввали соли 2026 аз Русия ворид шудааст.
Аз моҳи январ то июни соли ҷорӣ ба кишвар қариб 600 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 қариб 36 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Дар моҳи июл, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Далер Ҷумъа, изҳор дошт, ки захираҳои нафт ва гази кишвар барои ду моҳи оянда кофӣ аст ва кишвар бо Қазоқистон, Туркманистон ва дигар кишварҳо ҳамкориро ба роҳ мондааст.
Вай қайд кард, ки бинобар вазъи геополитикӣ, дар таъмини маҳсулоти нафтӣ дар минтақа ва ҷаҳон мушкилот пеш омадааст.
Лентаи хабарҳо
0