https://sputnik.tj/20260816/agentii-sp-global-ratings-reyting-qarzii-tojikiston-bolo-1079700660.html
Агентии "S&P Global Ratings" рейтинги қарзии Тоҷикистонро боло бурд
Агентии "S&P Global Ratings" рейтинги қарзии Тоҷикистонро боло бурд
Sputnik Тоҷикистон
Агентии "S&P Global Ratings" рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро ба дараҷаи "B+/B" бо дурнамои "устувор" баланд бардошт
2026-08-16T12:36+0500
2026-08-16T12:36+0500
2026-08-16T12:36+0500
дар тоҷикистон
бонки миллӣ
рейтинг
қарздиҳӣ
бмт
иқтисод
молия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/10/1076875487_0:296:1024:872_1920x0_80_0_0_5416e025ded39647848381dd7fbcb0ed.png
ДУШАНБЕ, 16 авг - Sputnik. Агентии байналмилалии рейтингии "S&P Global Ratings" рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро аз дараҷаи "B/B" бо дурнамои "мусбат" ба дараҷаи "B+/B" бо дурнамои "устувор" баланд бардошт.Дар ин бора дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар додааст.Ба иттилои БМТ баланд гардидани рейтинги соҳибихтиёрии қарзии кишвар аз дараҷаи "B/B" ба дараҷаи "B+/B" бозгӯи беҳтар гардидани арзёбии агентӣ вобаста ба вазъи иқтисодӣ ва молиявии Тоҷикистон аст.Тибқи арзёбии "S&P Global Ratings", ба ин тағйирот суръати баланди рушди иқтисодӣ, афзоиши даромади аҳолӣ, таҳкими қурби асъори миллӣ, қобилияти сари вақт иҷро намудани уҳдадориҳои қарзи давлатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги стратегии Тоҷикистон мусоидат намудаанд.Қайд карда шудааст, ки тағйироти мазкур метавонад барои Тоҷикистон дар таҳкими эътимоди шарикони байналмилалӣ ва сармоягузорон, мусоидат кунад.Ҳамчунин боло рафтанаи рейтинги Тоҷикистон дастрасӣ ба захираҳои молиявии байналмилалӣ афзоиш дода, барои ҷалби маблағгузории беруни шароит фароҳам меорад.Рейтинги соҳибихтиёрии қарзӣ яке аз нишондиҳандаҳои муҳимми байналмилалии арзёбии қобилияти қарзӣ ва хавфҳои марбут ба иҷрои уҳдадориҳои молиявии давлат буда, дар қабули қарорҳои сармоягузорӣ ва арзёбии дурнамои иқтисодию молиявии мамлакат аз ҷониби шарикони байналмилалӣ нақши муҳим дорад.
https://sputnik.tj/20260624/iqtisod-tojikiston-iqtisodi-jahoni-ustuvori-1078543816.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/10/1076875487_0:227:1024:995_1920x0_80_0_0_09a9c2a02c04b5112cae36a031a05452.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, бонки миллӣ, рейтинг, қарздиҳӣ, бмт, иқтисод, молия
дар тоҷикистон, бонки миллӣ, рейтинг, қарздиҳӣ, бмт, иқтисод, молия
Агентии "S&P Global Ratings" рейтинги қарзии Тоҷикистонро боло бурд
Агентии "S&P Global Ratings" рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро ба дараҷаи "B+/B" бо дурнамои "устувор" баланд бардошт
ДУШАНБЕ, 16 авг - Sputnik. Агентии байналмилалии рейтингии "S&P Global Ratings" рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро аз дараҷаи "B/B" бо дурнамои "мусбат" ба дараҷаи "B+/B" бо дурнамои "устувор" баланд бардошт.
Дар ин бора дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар додааст.
Ба иттилои БМТ баланд гардидани рейтинги соҳибихтиёрии қарзии кишвар аз дараҷаи "B/B" ба дараҷаи "B+/B" бозгӯи беҳтар гардидани арзёбии агентӣ вобаста ба вазъи иқтисодӣ ва молиявии Тоҷикистон аст.
Тибқи арзёбии "S&P Global Ratings", ба ин тағйирот суръати баланди рушди иқтисодӣ, афзоиши даромади аҳолӣ, таҳкими қурби асъори миллӣ, қобилияти сари вақт иҷро намудани уҳдадориҳои қарзи давлатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги стратегии Тоҷикистон мусоидат намудаанд.
Қайд карда шудааст, ки тағйироти мазкур метавонад барои Тоҷикистон дар таҳкими эътимоди шарикони байналмилалӣ ва сармоягузорон, мусоидат кунад.
Ҳамчунин боло рафтанаи рейтинги Тоҷикистон дастрасӣ ба захираҳои молиявии байналмилалӣ афзоиш дода, барои ҷалби маблағгузории беруни шароит фароҳам меорад.
Рейтинги соҳибихтиёрии қарзӣ яке аз нишондиҳандаҳои муҳимми байналмилалии арзёбии қобилияти қарзӣ ва хавфҳои марбут ба иҷрои уҳдадориҳои молиявии давлат буда, дар қабули қарорҳои сармоягузорӣ ва арзёбии дурнамои иқтисодию молиявии мамлакат аз ҷониби шарикони байналмилалӣ нақши муҳим дорад.