Раҳмон дастур дод, ки дар Турсунзода мактабҳои узбекӣ таъсис дода шавад

© Foto / Хадамоти матбуоти президенти ТоҷикистонРаҳмон таъйиноти кадрӣ анҷом дод
Раҳмон таъйиноти кадрӣ анҷом дод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.08.2026
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон ба мақомдорон супориш дод, ки аҳолии узбекзабони шаҳри Турсунзода бо муассисаҳои таълимии узбекӣ ва китобҳои дарсӣ таъмин карда шаванд
ДУШАНБЕ, 15 авг - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода ба масъулини соҳаи маориф дастур доданд, ки барои аҳолии узбекзабон дар шаҳри Турсунзода муассисаҳои таълимии узбекӣ бунёд намоянд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Вай ҳамчунин ба масъулин дастур дод, ки хонандагони узбекзабонро бо китобҳои дарсӣ ва дигар маводи таълимӣ бо забони модариашон таъмин намоянд.
Ҳамчунин зимни сафараш ба шаҳри Турсунзода Эмомалӣ Раҳмон аз масъулин ва омӯзгорон даъват кард, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари кориаш ба шаҳри Турсунзода 20 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 18 ҳазору 200 хонанда дар ду баст, 5 муассисаи томактабии хусусӣ бо фарогирии 950 кӯдак, 4 корхонаи саноатӣ, 1 иншооти сайёҳӣ, 5 иншооти хизматрасонӣ, 6 майдончаи варзишӣ, 3 сардхонаи замонавӣ бо иқтидори нигоҳдории 5300 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, 9 бинои баландошёнаи истиқоматӣ, биноҳои маъмурию фарҳангӣ, майдони Парчами давлатӣ ва боғи фарҳангию фароғатӣ, дар умум 60 иншоот бо таъсиси 1220 ҷойи кори доимӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд.
В Турсунзаде заработал завод по производству кабелей - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2026
Аз ифтитоҳи корхонаи "Ноқил" то боздид аз Боғи Сомон: Раҳмон ба шаҳри Турсунзода рафт
Ба иттилои масъулин, ҳоло дар шаҳри Турсунзода 132 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дошта, дар онҳо зиёда аз 78 ҳазору 863 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Дар доираи истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода бунёду ба истифода додани 24 муассисаи соҳаи маориф ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора то имрӯз 19 бинои таълимӣ бо 8 ҳазору 185 ҷойи нишаст ба истифода дода шудааст.
Лентаи хабарҳо
0