Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Вазорати корҳои хориҷии Русия шарти сулҳ бо Украинаро гуфт

© Sputnik / Наталья СеливерстоваЗдание Министерства иностранных дел РФ в Москве.
Здание Министерства иностранных дел РФ в Москве. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2026
Обуна шудан
Вазорати корҳои хориҷӣ гуфт, ки сулҳ дар Украина бидуни ҳалли сабабҳои сар задани низоъ ба даст намеояд
ДУШАНБЕ, 13 авг - Sputnik. Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Александр Грушко гуфт, ки сулҳ дар Украина бе бартараф кардани сабабҳои аслии низоъ ба даст намеояд.
"Ҳеҷ сулҳе бе бартараф кардани сабабҳои аслии низоъ ба даст намеояд”, - гуфт ӯ.
Вай илова кард, ки Украина аз ҳама гуна оташбас барои аз таҷдиди гурӯҳбандии нерӯҳои худ истифода хоҳад кард.
Муовини вазири хориҷаи Русия таъкид кард, ки ин кор ба ҳалли низоъ равона нашудааст.
"Ҷониби Украина аз ҳама гуна оташбас барои таҷдиди гурӯҳбандии нерӯҳо ва тақвияти нерӯҳои худ истифода хоҳад кард. Яъне, барои мақсадҳое, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба ёфтани ҳалли сулҳи пойдор рабте надоранд", - қайд кард оқои Грушко.
Муовини вазири корҳои хориҷии Русия изҳор дошт, ки барқарор кардани сулҳи пойдор дар Украина, дар баробари дигар масъалаҳо, ба ҳалли масъалаҳои маҳдуд кардани Қувваҳои Мусаллаҳи Украина, инчунин мушкилоти марбут ба пайвастани Киев ба НАТО рабт дорад.
Военная помощь США Украине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Набераи Де Голл бар зидди интиқоли силоҳи Фаронса ба Украина баромад кард
"Барои сулҳи пойдор дар Украина, на танҳо масъалаҳои дохилии марбут ба эҳтиром ба ҳуқуқи аҳолии русзабон ва барқарорсозии демократия, балки ҷанбаҳои беруна, аз ҷумла узвият дар НАТО, танзимоти низомӣ ва дигар маҳдудиятҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳи Украина низ ҳал кардан зарур аст", - гуфт ӯ.
Вай илова кард, ки агар Аврупо ҷонибдори ҳалли осоиштаи низоъ дар Украина бошад, бояд интиқоли силоҳ ба Киев ва дастгирии режими фашистиро бас кунад, гуфт муовини вазири корҳои хориҷии Русия Александр Грушко.
"Онҳо мегӯянд: "Мо тарафдори ҳалли осоишта ҳастем." Аммо барои ноил шудан ба ин чӣ кор кардан лозим аст? Интиқоли силоҳ ба Украина ва дастгирии режими фашистиро бас шавад. Ин саҳми аврупоиҳо хоҳад буд", - гуфт Грушко.
Ӯ таъкид кард, ки аврупоиҳо дар бораи "чизи комилан дигар" гап мезананд.
Лентаи хабарҳо
0