Табодули коло миёни ИИАО ва Таиланд дар панҷ моҳ беш 1 млрд долларро ташкил дод

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкТранспортно-логистический центр "Артем" в Приморье.
Транспортно-логистический центр Артем в Приморье. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2026
Обуна шудан
Табодули колои ИИАО бо Таиланд дар панҷ моҳи соли равон ба таври назаррас афзоиш ёфта бештар аз 1 млрд долларро ташкил додааст
ДУШАНБЕ, 14 авг - Sputnik. Тибқи иттилои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, гардиши мол байни кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ва Таиланд дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ бештар аз 1 миллиард долларро ташкил додааст.
Ба иттилои ҳамин манбаъ ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 20% афзоиш ёфтааст.
"Динамикаи мусбати рушди тиҷорати мо дар соли 2026 идома хоҳад ёфт. Аз моҳи январ то май гардиши мол байни кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ва Таиланд аз 1 миллиард доллар гузашт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 20% афзоишро нишон медиҳад", - гуфт раиси Шӯрои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
Ғайр аз ин, дар гузориш имкониятҳои баланди ҳамкории ИИАО ва Таиланд дар бахшҳои рақамикунонӣ, нақлиёт ва логистика ва энергияи сабз ёдовар шудаанд.
Председатель правительства РФ Михаил Мишустин на заседании Евразийского межправительственного совета в расширенном составе в Москве.
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2026
Мишустин аз афзоиши 10% тиҷорати Русия бо ИИАО хабар дод
"Таиланд яке аз марказҳои пешрафтаи рақамӣ дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мебошад. ИИАО инчунин ба рушди ин соҳа, аз ҷумла тавассути изҳороти муштарак дар бораи рушди масъулиятноки зеҳни сунъӣ, ки аз ҷониби президентҳои панҷгонаи АвруОсиё дар Остона дар моҳи майи соли 2026 қабул шуда буд, таваҷҷӯҳи хос зоҳир мекунад", - гуфта мешавад дар изҳорот.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.
Лентаи хабарҳо
0