Мишустин аз афзоиши 10% тиҷорати Русия бо ИИАО хабар дод

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкПредседатель правительства РФ Михаил Мишустин на заседании Евразийского межправительственного совета в расширенном составе в Москве.
Председатель правительства РФ Михаил Мишустин на заседании Евразийского межправительственного совета в расширенном составе в Москве.
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2026
Обуна шудан
Сарвазири Русия эълон кард, ки ҳаҷми тиҷорати дохилӣ байни кишварҳои узв то соли 2025 ба 7,5 триллион рубл баробар хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 13 авг - Sputnik. Ҳаҷми тиҷорати Русия бо кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё аз моҳи январ то май 10% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора ахиран сарвазири Русия Михаил Мишустин дар Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё эълон кард.
Мишустин таъкид кард, ки Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бомуваффақият рушд мекунад.
"Тиҷорати Русия бо кишварҳои ИИАО аз моҳи январ то май 10% афзоиш ёфтааст. Ин як қадами муҳим аст", - қайд кард ӯ.
Сарвазири Русия инчунин хабар дод, ки ҳаҷми тиҷорати дохилӣ байни кишварҳои узв дар соли гузашта ба 7,5 триллион рубл баробар шудааст.
"Дар тӯли се соли охир, тиҷорат дар дохили ИИАО қариб 50% афзоиш ёфтааст ва тақрибан 60% таъминот ҳоло на аз ашёи хом, балки аз маҳсулоти муҳандисӣ, маводи кимиёвӣ ва хӯрокворӣ иборат аст. Пардохтҳо байни кишварҳои узв бо асъори миллӣ аллакай аз 80% гузаштаанд. Ин тиҷорати мутақобиларо аз зарбаҳои беруна ва фишори таҳримҳо муҳофизат мекунад”, - гуфт ӯ.
Мишустин илова кард, ки ИИАО бозори 180 миллион истеъмолкунанда дорад ва ин маънои тиҷорат бидуни монеаҳои гумрукӣ, дастрасӣ ба технологияҳои муштарак ва долонҳои нақлиёти транзитиро дорад.
Бобо Сангинов, знатный селекционер-хлопкороб, директор Вахшского филиала Таджикского научно-исследовательского института земледелия, член-корреспондент Академии Наук Таджикской ССР, в библиотеке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2026
Дар ИИАО корҷӯии донишмандон содда мегардад
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.
Лентаи хабарҳо
0