Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Раҳмон ба хонаводаи як зани кушташуда дар марз бо Афғонистон ҳамдардӣ баён кард

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2026
Обуна шудан
Раисҷумҳури кишвар, дар пайи ин воқеа, субҳи 14-уми август бо Умедҷон Носирзода, раиси ноҳияи Дарвоз суҳбати телефонӣ анҷом дода, ҳамдардии худро ба оилаи марҳум изҳор доштааст
ДУШАНБЕ, 14 авг - Sputnik. Раисҷумҳури кишвар ба хонаводаи зани 20-солаи сокини ноҳияи Дарвози Тоҷикистон, ки аз тири силоҳбадастони Афғонистон кушта шуд, ҳамдардӣ баён кардааст.
Дафтари матбуоти президенти кишвар хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон ба раиси ноҳияи Дарвоз дастур додааст, ки мақомот ба хонаводаи зани кушташуда кумак расонда, тарбияи кӯдаки хурдсоли ӯро зери назорат гиранд.
Ба гуфтаи манбаъ, дар робита ба ин воқеа сохторҳои дахлдор тафтишотро оғоз кардаанд.

Дар хабарномаи расмӣ бидуни овардани ҷузъиёти бештар омадааст, Ҷасминаи Ширинҷон"13-уми август бар асари аз силоҳи оташфишон тир кушодани силоҳбадастон аз ҷониби Афғонистон ба ҳалокат расидааст".
Иттилоъ дода шуд, ки зани тоҷик 13-уми август бар асари аз силоҳи оташфишон тир кушодани силоҳбадастон аз ҷониби Афғонистон ба ҳалокат расидааст.
Вид Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2026
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Эътирози Тоҷикистон аз ҳукумати Афғонистон: дахлнопазирии сарҳади давлатиро риоя намоед
Мақомот мегӯянд, сохторҳои дахлдор тафтиши қазияро оғоз намудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар робита ба ин ҳодиса, ба ҷониби Афғонистон ёддошти эътирозӣ фиристодааст.
Дар хабарномаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, гуфта шудааст, ки аз ҷониби Афғонистон талаб шудааст, ки "масъаларо ҷиддӣ дарк карда, дахлнопазирии Сарҳади давлатии Тоҷикистонро риоя намояд ва барои пешгирии такрори чунин ҳодисаҳо чораҳои муассир андешад.
Лентаи хабарҳо
0