Истеҳсолкунандаи тоҷик дар Русия шарику роҳҳои фурӯши маҳсулоташро меҷӯяд

© Foto / Flickr / Пресс-служба президента ТаджикистанаПредприятие по производству полипропиленовых мешков, печатных плат и диодных ламп ООО "Гаюр гурух" в городе Душанбе
Предприятие по производству полипропиленовых мешков, печатных плат и диодных ламп ООО Гаюр гурух в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2026
Обуна шудан
Тоҷирони тоҷик ба ҳамкорӣ бо истеҳсолкунандагон ва таъминкунандагони Русия манфиатдоранд
ДУШАНБЕ, 14 авг – Sputnik. Ширкати тоҷикистонии "Ғаюр" ният дорад ҳузури худро дар бозори Русия бештар кунад.
Дар ин бора Намояндагии тиҷоратии Русия дар Душанбе хабар додааст.
Ширкат нақша дорад, ки шарикон ва роҳҳаои нави фурӯши маҳсулотро пайдо кунад, инчунин мавод ва ашёи хоми заруриро аз истеҳсолкунандагон ва таъминкунандагони Русия харидорӣ намояд.
Дороиҳои “Ғаюр” ширкатҳоеро дар бар мегиранд, ки маҳсулоти гигиенаи шахсӣ, маҳсулоти равшанӣ ва бастабандии полипропиленӣ истеҳсол мекунанд:
Unicorn LLC таҳти бренди Unicorn дастмолҳои тар ва пӯшаки кӯдакона, инчунин маҳсулоти гигиенаи занонаро таҳти бренди Pariso истеҳсол мекунад;
GI Technology LLC чароғҳои LED-ро барои кӯчаҳо, дохил ва беруни биноҳо истеҳсол мекунад;
Gayur Pack LLC дар истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ барои саноати семент, сохтмон, хӯрокворӣ ва кишоварзӣ тахассус дорад.
Намояндагони намояндагии тиҷоратии Русия аз корхонаҳои истеҳсолии ин ширкат боздид карданд ва дар бораи маҳсулоти он маълумот гирифтанд.
Флаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2026
Тавсияи сафорати Тоҷикистон ба ҳамватанон дар Русия
Ба меҳмонон нишон дода шуд, ки чӣ гуна партовҳои истеҳсолӣ коркард мешаванд: маводҳои полимерӣ барои истеҳсоли ашёи гуногуни рӯзгор, ба монанди сатил, овеза ва сарпӯшҳои бастабандӣ истифода мешаванд.
Намояндагии тиҷоратӣ қайд кард, ки “Ғаюр” омода аст харидории ашёи хом ва маводро аз таъминкунандагони русӣ ба роҳ монад.
Ин иқдом имкониятҳои иловагиро барои рушди ҳамкории саноатии Русия ва Тоҷикистон фароҳам месозад.
Мулоқоти навбатии намояндагони ин ширкати бо шарикони рус 19-20 август дар доираи миссияи тиҷоратии ширкати "Маркази содироти Русия" ба Душанбе сурат мегирад.
Лентаи хабарҳо
0