https://sputnik.tj/20260810/avvalin-nerugohi-oftobi-dar-viloyati-sughd-mohi-sentyabr-ba-kor-medaroyad-1079577336.html
Аввалин нерӯгоҳи офтобӣ дар вилояти Суғд моҳи сентябр ба кор медарояд
Аввалин нерӯгоҳи офтобӣ дар вилояти Суғд моҳи сентябр ба кор медарояд
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони ширкати "Барқи Тоҷик" дурнамои беҳтар кардани таъминоти нерӯи барқ ба аҳолии Тоҷикистонро дар давраи тирамоҳу зимистон баррасӣ мекунанд
2026-08-10T13:54+0500
2026-08-10T13:54+0500
2026-08-10T13:54+0500
дар тоҷикистон
барқ
суғд
нерӯгоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/0e/1074532764_0:262:3072:1990_1920x0_80_0_0_99016e5f8408ba6595496371bdd8606d.jpg
ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Нерӯгоҳи офтобии сохташаванда дар ноҳияи Ашт сари вақт дар арафаи Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.Дар ин бора директори генералии филиали минтақавии ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ " Муҳиддин Аҳмадзода дар ҷаласаи махсуси роҳбарони шабакаҳои барқи вилояти Суғд эълон кард.Ба гуфтаи ӯ, дар марҳилаи аввал ба кор андохтани иқтидори 40 МВт ба нақша гирифта шудааст, ки дар якҷоягӣ бо истеҳсоли қувваи барқ аз ҷониби нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум пас аз навсозӣ, бояд таъминоти минтақаро аз нерӯи барқ ба таври назаррас беҳтар созад.Ӯ инчунин ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки сохтмони як иншооти дигар бо иқтидори тақрибан 440 МВт дар рӯзҳои наздик дар вилояти Суғд оғоз мешавад. Макони интихобшуда барои ин лоиҳа доманакӯҳҳои ноҳияи Деваштич аст."Нақшаҳои сохтани нерӯгоҳҳои хурди офтобӣ дар минтақаҳои саноатӣ вуҷуд доранд. Масалан, дар шаҳри Шӯроб, ки дар он ҷо кони ангишт барқарор карда мешавад, соҳибмулкон дар фикри онанд, ки сохтани нерӯгоҳи офтобӣ ё нерӯгоҳи олавӣ (гармидиҳӣ) муфидтар аст. Имконпазир аст, ки ҳарду сохта мешаванд. Дар корхонаи “Зарафшон” ҳам нақшаҳои монанд вуҷуд доранд", - афзуд Аҳмадзода.Ёдовар месозем, ки сохтмони ду нерӯгоҳи офтобӣ бо иқтидори ҳар кадоме 250 МВт дар Тоҷикистон баҳори имсол оғоз ёфт - яке дар ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон ва дигаре дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд.Дар маҷмӯъ, истеҳсоли барқи ин ду иншоот аз иқтидори нерӯгоҳи барқи обии Сангтуда-2 дар дарёи Вахш, ки аз ҷониби Эрон сохта шудааст, ба таври назаррас зиёдтар, аммо каме аз нерӯгоҳи Сангтуда-1, ки бо иштироки Русия сохта шудааст, пасттар мебошад.
https://sputnik.tj/20260809/voridot-sodirot-nbo-roghun-tavozun-enerzhi-tojikiston-taghyir-1079567271.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/0e/1074532764_194:0:2925:2048_1920x0_80_0_0_60187e84a3dbe9ebd366e89da605a71e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, барқ, суғд, нерӯгоҳ
дар тоҷикистон, барқ, суғд, нерӯгоҳ
Аввалин нерӯгоҳи офтобӣ дар вилояти Суғд моҳи сентябр ба кор медарояд
Намояндагони ширкати "Барқи Тоҷик" дурнамои беҳтар кардани таъминоти нерӯи барқ ба аҳолии Тоҷикистонро дар давраи тирамоҳу зимистон баррасӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Нерӯгоҳи офтобии сохташаванда дар ноҳияи Ашт сари вақт дар арафаи Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.
Дар ин бора директори генералии филиали минтақавии ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ " Муҳиддин Аҳмадзода дар ҷаласаи махсуси роҳбарони шабакаҳои барқи вилояти Суғд эълон кард.
Ба гуфтаи ӯ, дар марҳилаи аввал ба кор андохтани иқтидори 40 МВт ба нақша гирифта шудааст, ки дар якҷоягӣ бо истеҳсоли қувваи барқ аз ҷониби нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум пас аз навсозӣ, бояд таъминоти минтақаро аз нерӯи барқ ба таври назаррас беҳтар созад.
"Мо ба маҳдудияти сабук дар фасли зимистони имсола ва соли оянда, тавре ки президенти Тоҷикистон ваъда дода буд, ба пуррабекор кардани маҳдудиятҳо дар таъмини нерӯи барқ ба аҳолӣ умед мебандем", - гуфт Аҳмадзода.
Ӯ инчунин ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки сохтмони як иншооти дигар бо иқтидори тақрибан 440 МВт дар рӯзҳои наздик дар вилояти Суғд оғоз мешавад. Макони интихобшуда барои ин лоиҳа доманакӯҳҳои ноҳияи Деваштич аст.
"Нақшаҳои сохтани нерӯгоҳҳои хурди офтобӣ дар минтақаҳои саноатӣ вуҷуд доранд. Масалан, дар шаҳри Шӯроб, ки дар он ҷо кони ангишт барқарор карда мешавад, соҳибмулкон дар фикри онанд, ки сохтани нерӯгоҳи офтобӣ ё нерӯгоҳи олавӣ (гармидиҳӣ) муфидтар аст. Имконпазир аст, ки ҳарду сохта мешаванд. Дар корхонаи “Зарафшон” ҳам нақшаҳои монанд вуҷуд доранд", - афзуд Аҳмадзода.
Ёдовар месозем, ки сохтмони ду нерӯгоҳи офтобӣ бо иқтидори ҳар кадоме 250 МВт дар Тоҷикистон баҳори имсол оғоз ёфт - яке дар ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон ва дигаре дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд.
Дар маҷмӯъ, истеҳсоли барқи ин ду иншоот аз иқтидори нерӯгоҳи барқи обии Сангтуда-2 дар дарёи Вахш, ки аз ҷониби Эрон сохта шудааст, ба таври назаррас зиёдтар, аммо каме аз нерӯгоҳи Сангтуда-1, ки бо иштироки Русия сохта шудааст, пасттар мебошад.