https://sputnik.tj/20260813/bozori-nav-vadai-maqomot-sohibkoron-sukhtor-khorugh-1079645389.html
Бозори нав месозем: ваъдаи мақомот ба соҳибкорони аз сӯхтор зарардидаи Хоруғ
Бозори нав месозем: ваъдаи мақомот ба соҳибкорони аз сӯхтор зарардидаи Хоруғ
Sputnik Тоҷикистон
Мақомот ваъда додааст, ки зарардигаон аз сӯхтори бозор бо мағозаҳову дигар иншооти зарурӣ таъмин мешаванд
2026-08-13T16:41+0500
2026-08-13T16:41+0500
2026-08-13T16:41+0500
вмкб
хоруғ
соҳибкор
сӯхтор
бозор
мақомот
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/0d/1079645216_0:213:2048:1365_1920x0_80_0_0_ab3e930b15579d84d0ba36355fdb486d.jpg
ДУШАНБЕ, 13 авг - Sputnik. Раиси вилояти ВМКБ Сафарзода Шарифхон ва вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо соҳибкорону зарардидагон аз сӯхтор, ки чанде пеш бар асари оташ гирифтани чанд мағоза, ошхона ва иншооти нигаҳдории молу амволи онҳо дар Бозори марказии шаҳри Хоруғ зарар диданд, дидору мулоқот карданд.Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти вилояти ВМКБ хабар додааст.Мақомот қайд кардааст, ки ҳодисаи сӯхтор барои теъдоде аз соҳибкорону шаҳрвандон, ки асосан кору фаъолияти ҳаррӯзаи онҳо аз ҳисоби тиҷорат буд, мушкилоти муайянеро ба миён овард.“Масъалаи омӯзиши вазъи феълии зарардидагон, муайян намудани маблағи зарар, фароҳам овардани шароитҳои нав барои кору фаъолиятҳои минбаъада аз масъалаҳои меҳварӣ мебошанд”, - қайд кардааст манбаъ.Раиси ВМКБ дар ин дидор иброз доштааст, ки соҳибкорон дар рушди иқтисодиёт, таъмини аҳолӣ бо молу маҳсулот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди хизматрасонӣ саҳми назаррас доранд ва мақомот барои дастгирии онҳо чораҳои зарурӣ меандешад.Мақомоти ВМКБ хабар дод, ки дар шафати бозор барои соҳибкорони зарардида иншооти нав бунёд шуда, ҳамаи онҳо бо мағозаҳову дигар иншооти зарурӣ таъмин хоҳанд гашт.Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабирдар навбати худ вобаста ба дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва зарурати ҳарчи зудтар фароҳам овардани шароити мусоид барои идомаи фаъолияти пурсамари соҳибкорон дастурҳои воқеӣ дод.“Масъалаи калидии риояи талаботи бехатарӣ аз сӯхтор дар бозору нуқтаҳои савдо ҳам ба таври пурра баррасӣ гардида, зикр шуд, ки пешгирии чунин ҳодисаҳо, таъмини бехатарии соҳибкорону харидорон, назорати пайвастаи фаъолияти шабакаҳои барқӣ, дастрасӣ ба роҳҳои эвакуатсия, омодагии воситаҳои аввалаи зиддисӯхтор ба чунин ҳолатҳо бояд ҳамеша дар маркази диққати масъулон бошанд”, - қайд кардааст мақомот.
https://sputnik.tj/20260803/nerugoh-oftobi-shugnon-vmkb-1079430471.html
вмкб
хоруғ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/0d/1079645216_137:0:1957:1365_1920x0_80_0_0_b33306e81f52c43c2179fb0140a7e6b4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вмкб, хоруғ, соҳибкор, сӯхтор, бозор, мақомот, дар тоҷикистон
вмкб, хоруғ, соҳибкор, сӯхтор, бозор, мақомот, дар тоҷикистон
Бозори нав месозем: ваъдаи мақомот ба соҳибкорони аз сӯхтор зарардидаи Хоруғ
Мақомот ваъда додааст, ки зарардигаон аз сӯхтори бозор бо мағозаҳову дигар иншооти зарурӣ таъмин мешаванд
ДУШАНБЕ, 13 авг - Sputnik. Раиси вилояти ВМКБ Сафарзода Шарифхон ва вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо соҳибкорону зарардидагон аз сӯхтор, ки чанде пеш бар асари оташ гирифтани чанд мағоза, ошхона ва иншооти нигаҳдории молу амволи онҳо дар Бозори марказии шаҳри Хоруғ зарар диданд, дидору мулоқот карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти вилояти ВМКБ хабар додааст.
Мақомот қайд кардааст, ки ҳодисаи сӯхтор барои теъдоде аз соҳибкорону шаҳрвандон, ки асосан кору фаъолияти ҳаррӯзаи онҳо аз ҳисоби тиҷорат буд, мушкилоти муайянеро ба миён овард.
“Масъалаи омӯзиши вазъи феълии зарардидагон, муайян намудани маблағи зарар, фароҳам овардани шароитҳои нав барои кору фаъолиятҳои минбаъада аз масъалаҳои меҳварӣ мебошанд”, - қайд кардааст манбаъ.
Раиси ВМКБ дар ин дидор иброз доштааст, ки соҳибкорон дар рушди иқтисодиёт, таъмини аҳолӣ бо молу маҳсулот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди хизматрасонӣ саҳми назаррас доранд ва мақомот барои дастгирии онҳо чораҳои зарурӣ меандешад.
Мақомоти ВМКБ хабар дод, ки дар шафати бозор барои соҳибкорони зарардида иншооти нав бунёд шуда, ҳамаи онҳо бо мағозаҳову дигар иншооти зарурӣ таъмин хоҳанд гашт.
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабирдар навбати худ вобаста ба дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва зарурати ҳарчи зудтар фароҳам овардани шароити мусоид барои идомаи фаъолияти пурсамари соҳибкорон дастурҳои воқеӣ дод.
“Масъалаи калидии риояи талаботи бехатарӣ аз сӯхтор дар бозору нуқтаҳои савдо ҳам ба таври пурра баррасӣ гардида, зикр шуд, ки пешгирии чунин ҳодисаҳо, таъмини бехатарии соҳибкорону харидорон, назорати пайвастаи фаъолияти шабакаҳои барқӣ, дастрасӣ ба роҳҳои эвакуатсия, омодагии воситаҳои аввалаи зиддисӯхтор ба чунин ҳолатҳо бояд ҳамеша дар маркази диққати масъулон бошанд”, - қайд кардааст мақомот.